Баррасии ҳамкорӣ бо Фаронса

№49-50 (4945-4946) 18.04.2025

DSC_136616-уми апрели соли 2025 муовини ­Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо Сенатори фаронсавиҳои бурунмарзӣ, ноиби президенти Институти миллии забонҳо ва тамаддунҳои Шарқ хонум Саманта Казебон мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Фаронса Эммануел Макрон дар фароҳамоварии фазои мусоид ҷиҳати ташаккули муносибатҳои дуҷониба басо бузург аст.

Иштироки президентҳои ҳар ду кишвар дар ифтитоҳи расмии намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар осорхонаи миллии санъати осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж (13-уми октябри соли 2021), инчунин, ширкати намояндаи Президенти Фаронса оид ба саммити «One water» хонум Барбара Помпилӣ дар Конфоронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» инъикос­кунандаи мароми сарони ҳар ду кишвар ва мардумони онҳо баҳри вусъати ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса ба ҳисоб меравад.

Дар хотима иброз гардид, ки гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ барои таҳкими равобити дӯстонаи ҳар ду ҷониб заминаҳои рушди боэътимод фароҳам хоҳанд овард.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»