Баррасии ҳамкорӣ бо МҲТБО

№75-76 (4815-4816) 14.06.2024

DSC_027912-уми июни соли 2024 дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» раиси Комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода бо дабири кулли Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Кайрат Сарибай мулоқот намуд.

Таъкид гардид, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё созмони бонуфузи минтақавиест, ки соли 1992 асос гузошта шуда, мақсади он ҳамкориҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар доираи кишварҳои аъзои созмон мебошад ва таъмини амнияти дастҷамъии Осиёро дар назар дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки ба ин созмони бонуфузи минтақавӣ зиёда аз 30 кишвар аъзо мебошад ва ҷаласаҳои он бо раисии кишварҳои бонуфузи ҷаҳон дар солҳои мухталиф доир гардида, дар он масъалаҳои амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи панҷуми вазирони корҳои хориҷии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки 5 июни соли 2006 доир гардида буд, ба узвияти он шомил гардид. Ин ифодаи боварии аъзои ин созмон ба Тоҷикистон буда, нуфузи кишвари моро дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ боз ҳам болотар хоҳад бурд.

Терроризму ифротгароӣ таҳдидҳои глобалии замони муосир буда, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба он вобастагӣ дорад. Мақсадҳои дигари машварати ҳамкорӣ мубориза ба муқобили терроризму ифротгароӣ ва кочоқи маводи мухаддир мебошад.

Изҳори қаноатмандӣ шуд, ки дар доираи машварати мазкур ҳамкориҳои иқтисодии ин кишварҳо бо Тоҷикистон тавсеа ёфта, ҷалби сармоя ба соҳаҳои саноат, энергетика ва туризм афзун мегардад.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ