Баррасии ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ дар АБ ИДМ

№49 (4789) 19.04.2024

АБМ18-уми апрели соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи муштараки Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои сиёсати иҷтимоӣ, ҳуқуқи инсон, масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дар реҷаи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ҷаласа ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла 75-умин солгарди қабули конвенсияҳои Женева ва фаъолияти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, инчунин, ҳамкорӣ миёни АБ ИДМ ва Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМОҶТ.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ