15-уми майи соли 2024 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар доираи Форуми занони Осиё дар шаҳри Самарқанд бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ӯзбекистон Танзила Нарбоева мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо таъкид намуданд, ки дар натиҷаи дӯстии самимӣ ва ҳамкориҳои ҳар ду кишвар бисёр соҳаҳо, бахусус муносибатҳои байнипарлумонӣ, инкишоф ёфта, ба сатҳи нав баромад.
Мавсума Муинӣ, ҳамчунин, аҳамият ва нақши Форуми занони Осиёро таъкид намуда, изҳори умед кард, ки масъалаҳои баррасишуда дар ин ҷамъомад барои таҳияи қарорҳои самаранок дастури амали давлатҳо хоҳанд шуд.
Илова бар ин, ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ бар пояи шабоҳати анъана ва расму оинҳои мардуми ҳар ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Махсусан, қайд карда шуд, ки ин омил дар навбати худ воситаи муҳими баҳамоии боз ҳам ба ҳам наздик шудани халқҳои тоҷик ва ӯзбек мегардад.
15-уми майи соли 2024 дар ҳошияи Форуми занони Осиё мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бо Раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуриддин Исмоилов баргузор гардид.
- Анҷумане, ки дар Самарқанд дар сатҳи баланд ташкил шуд, на танҳо аз Тоҷикистону Ӯзбекистон, балки аз тамоми кишварҳои Осиё занони пешқадамро гирд оварда, як минбари муҳими табодули таҷрибаи пешқадам дар самти баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа гардид, — гуфт Мавсума Муинӣ зимни мулоқот.
Мавсума Муинӣ, ҳамчунин, ба равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон таваҷҷуҳ намуда, таъкид дошт, ки ба шарофати эътимоди мутақобила ва иродаи қавии сиёсии раҳбарони ҳар ду кишвар ҳамкориҳои дуҷонибаи мо беш аз пеш густариш ёфта истодаанд.
Худи ҳамон рӯз, ҳамчунин, Мавсума Муинӣ бо муовини Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар хонум Ҳамда бинт Ҳассан Ал-Сулайтӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд бо кишвари Қатар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд, зеро робитаҳои парлумонӣ дар фароҳам овардани заминаҳои қонунӣ барои тавсеаи равобити ҳар ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф нақши муҳим доранд.
- Парлумонҳои мо метавонанд аз тариқи тасвиби созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ ба тавсеаи равобити Тоҷикистону Қатар нақши муассир гузоранд. Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ метавонанд ҳамчун омили тақвиятгари дӯстию ҳамкорӣ миёни ҳар ду кишвар хизмат намоянд. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистону Қатарро арзишҳои волои фарҳангию таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд. Мо ба ояндаи ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон назари нек дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи бахшҳо пайгирона талош варзем, — гуфт дар интиҳо Мавсума Муинӣ.
Дар вохӯрӣ танзими сафарҳои гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ба кишварҳои ҳамдигар ва табодули таҷриба ҷиҳати таҳкими бештари ҳамкориҳо зарур шуморида шуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМОҶТ