Баррасии ҳамкории байнипарлумонӣ бо Арабистони Саудӣ

№85 (4825) 01.07.2024

DSC_168126-уми июни соли 2024 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Кумитаи дӯстии байнипарламентии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад ибни Абдулазиз ал-Ҷарбо, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада буд, мулоқот намуд.

Зимни суҳбат таъкид шуд, ки муносибат ва ҳамкорӣ миёни ҳар ду кишвари бародар дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн густариш дорад.

Робитаҳои қавии мо аз пайвандҳои маънавию таърихии мардум, инчунин, аз муносибатҳои бародаронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бародарашон Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Шоҳи Арабистони Саудӣ, маншаъ мегиранд.

Дар раванди ташаккул ва густариши муносибатҳои дуҷониба ва бис­ёрҷонибаи Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафарҳои расмӣ ва кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар нақши калидӣ ва таъсиргузор доранд.

Дар шароити кунунӣ барои фаъолсозии муколама дар сатҳҳои баланд ва сафарҳои расмии роҳбарияти олӣ ва роҳбарияти парламентҳо ба кишварҳои якдигар талошҳои муштарак зарур шуморида шуд.

Зикр гардид, ки рушди ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз афзалияти муносибатҳои ҳар ду кишвар мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари Муҳаммад ал-Ҷарбо ба Тоҷикистон ҷиҳати табодули назар дар масоили мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо ва густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ саҳифаи нав боз хоҳад кард.

Дар ин рӯз, инчунин, мулоқоти раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, раиси Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Кумитаи дӯстии байнипарлумонии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Файзалӣ Идизода бо Муҳаммад ибни Абдулазиз ал-Ҷарбо баргузор шуда, вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал, беҳтарсозии кори Гурӯҳи дӯстӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дӯстии байнипарлумонии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳиму саривақтӣ шуморида шуд.