Баррасии ҳамкории байнипарлумонӣ бо Гана

№125 (4865) 21.10.2024

DSC_2229DSC_223418-уми октябри соли 2024 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо ҳайати Ҷумҳурии Гана таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар Ион Кваку Амиратвум Сарпонг мулоқот намуд. 

Зимни мулоқот раванди таъсис додани гурӯҳҳои дӯс­тии байнипарлумонии Тоҷикистону Гана ва масъалаҳои муҳими қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.