Баррасии ҳамкории байнипарлумонӣ бо Куба

№129 (4869) 30.10.2024

328-уми октябри соли 2024 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Куба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Оскар Сантана мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаи таҳкими равобити байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо роҳандозии муколама байни намояндагони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Кубаро муҳим арзёбӣ намуданд.

 Доир ба нақши дипломатияи парлумонӣ дар ҳамоҳангсозии мавқеъҳо ва наздиктар кардани дурнамои масъалаҳо, инчунин, мавзуъҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ табодули афкор сурат гирифт.