Баррасии ҳамкории Маҷлиси миллӣ бо Сенати Қазоқистон

№81-82 (4821-4822) 24.06.2024

КАЗОК (2)21-уми июни соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи дуюми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид. 

Дар ҷаласа ҳамраисони комиссияи ­доимӣ -муовини якуми Раиси Маҷлиси миллӣ Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Сенат Жакип Асанов суханронӣ намуда, дурнамои рушди ҳамкориҳои байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон, инчунин, муборизаи муштарак бо тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ дар сатҳи парламентҳои ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Изҳори боварӣ шуд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи доимӣ рушди муносибатҳои ҳар ду кишвар дар самтҳои гуногуни ҳамкориро тақвият мебахшад.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

www.majmilli.tj