Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо сафири навтаъини Ҷумҳурии Боливарии Венесуела дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кристофер Алберто Мартинез Берротеран мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории парлумонии ҳарду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки фаъолияти самараноки сафири навтаъин омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳа байни Венесуела ва Тоҷикистон хоҳад гардид.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ