Баррасии андозбандии хоҷагиҳои ёрирасон дар Маҷлиси намояндагон

№51 (3845) 26.04.2018

DSC_019224 апрели соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Такмили қонунгузории замин ва андозбандии хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ» баргузор гардид.

Акрамшо Фелалиев иброз дошт, ки истифодаи оқилонаи замин аз муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ оид ба замин, ки рушди ояндаи соҳа ва баланд бардоштани рақобатпазирии онро ба танзим медарорад, вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ташаккули бозори ҳуқуқи истифодаи замин дар кишвар бояд сари вақт ҳалли худро ёбад, то ки имконият барои ба танзим даровардани муносибатҳо дар тақсимот, идоракунӣ ва мувофиқа намудани хароҷоту даромад аз истифодаи захираҳои замин таъмин карда шавад.

DSC_0186Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон ёдовар гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳам сода ва шаффоф намудани андозсупорӣ, такмили низоми маъмурикунонии андоз супориш дода буданд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода гуфт, ки вохӯрӣ бо интихобкунандагон нишон дод, ки як қатор масъалаҳои ҳалталаб дар самти андозбандии хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ низ ба миён омадаанд.

- Бо дарназардошти ин, кумита тасмим гирифт, ки масъалаи андозбандии хоҷагиҳои ёрирасони аҳолиро бо иштироки коршиносони байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад, — изҳор дошт ӯ.

Аз рӯйи масъалаи зикршуда роҳбари лоиҳаи «Рушди бозори ҳуқуқи истифодаи замин дар чорчӯбаи Барномаи «Озуқаворӣ ба хотири фардо» дар Тоҷикистон Чинора Арапова, масъулини лоиҳа Шавкат Исмоилов ва Андрей Красников низ андеша баён намуданд.

 

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»