Дар шаҳри Душанбе бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва адлия бо дастгирии Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид (UNOCT) аз тариқи фосилавӣ конференсия доир гардид, ки дар он «Лоиҳа оид ба ҷаҳонисозӣ ва татбиқи муассири Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо амалҳои терроризми ҳастаӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Лоиҳа дар ҳамоҳангӣ бо Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад. Баромадкунандагон иброз доштанд, ки конвенсияи зикршуда яке аз 19 санади ҳуқуқии байналмилалие мебошад, ки барои ҷаҳонишавии режими ҳуқуқӣ бар зидди терроризм заруранд. Аз ин лиҳоз, лоиҳа ба таҳкими ҳамкорӣ миёни парлумонҳои кишварҳои аъзо ва Иттиҳоди байнипарлумонӣ ҷиҳати риояи конвенсия ва татбиқи муассири он мусоидат мекунад.
Таъкид шуд, ки баргузории ҷаласаи душанбегӣ далели равшани ҳамкориҳои байни Тоҷикистон ва Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид (UNOCT) мебошад, ки ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии давлатҳои аъзои созмон аст.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон