Баррасии лоиҳа оид ба танзими шуғли аҳолӣ дар кишварҳои ИДМ

№ 23.12.2022

IMG_452715 — уми декабри соли равон ҳамоиши нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ) оид ба иқтисод ва молия дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аз тариқи фосилавӣ баргузор гардид, ки дар он «Лоиҳа оид ба танзими шуғли аҳолӣ дар кишварҳои ИДМ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, муовини раиси Комиссияи доимии иқтисод ва молияи АБ ИДМ Маҳмадалӣ Қурбонзода дар он ширкат варзид.

Иштирокчиёни ҷаласа директори генералии «RocketWork» Анастасия Ускова роҷеъ ба мавзӯи «Фарогирии табдили рақамии бозорҳои меҳнат ва рушди шуғли аҳолӣ ҳамчун падида», президенти ҶСК «Маркази рушди меҳнат»-и Ҷумҳурии Қазоқистон Даулет Аргандиков «Дар бораи қадамҳои минбаъда дар рушди шуғли аҳолӣ», ноиби президент, директори Маркази сиёсати танзими ҶШС Екатерина Папченкова «Дар бораи танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар Россия ва дигар кишварҳо» баромад карда, лоиҳаи зикршударо муҳим арзёбӣ карданд.

 Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон