30 ноябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар мавзӯи «Ташаббус оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамчун иқдоми зарурӣ дар рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбати гирди миз баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки лоиҳаи баррасишаванда маҳсули фаъолияти сесолаи гурӯҳи корӣ буда, такмили он аз талаботи равандҳои имрӯзаи соҳа бармеояд. То ҳол баррасии лоиҳа бо ҷалби доираи васеи воситаҳои ахбори омма дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор гардида, дар асоси фикру пешниҳодҳои баёншуда мазмуну мундариҷаи он мукаммал гардонида шуд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода гуфт, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз афзалиятҳои сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гуногунандешии сиёсӣ дар меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ва он бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ, манфиатҳои миллӣ ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.
Қайд гардид, ки айни ҳол на ҳама ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳа имконияти ба таври системавӣ ба танзим даровардану идора кардани муносибатҳои иттилоотиро доранд. Меъёрҳои амалкунандаи баъзе аз қонунҳо хилофи ҳамдигаранду якдигарро такрор мекунанд. Бинобар ин, дар доираи кодекс муттаҳид кардани баъзе аз онҳо метавонад зиддиятҳоро аз байн барад ва истифодаи амалии онҳоро муносибтар созад.
- Зарурати таҳияи кодекси иттилоотӣ аз татбиқи босамари ҳуҷҷатҳои стратегӣ, ба монанди Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Ин иқдом дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бори аввал сурат мегирад ва итминони комил дорем, ки он бобарор хоҳад буд. Кӯшиш барои таҳияи кодекси иттилоотӣ дар Украинаю Беларус низ оғоз гардидааст ва то ҳол анҷом наёфтаю муҳлаташон тамдид шудааст,- гуфт Саидмурод Фаттоҳзода ва изҳори умед кард, ки иштирокчиён бо пешниҳодҳои созанда дар такмили қонунгузории иттилоотӣ саҳм мегузоранд.