Баррасии лоиҳаи Қонуни Буҷет дар кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон

№140 (4246) 16.11.2020

DSC_1572Дувоздаҳуми ноябри соли равон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадалӣ Ватанзода ва бо ҳузури намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои молия ва рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи кушоди Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия баргузор шуд.

Дар он «Лоиҳаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023» ва «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз рӯйи масъалаи якум узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашӯров суханронӣ намуда, аз ҷумла, гуфт, ки лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022–2023» мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» таҳия гардида, ба сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат мекунад.

Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи қарзгирии берунии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро барои соли навбатии молиявӣ ва ду соли пешбинишаванда бо ҷудо намудани маблағи қарз ба қарздиҳандаҳо ва бахшҳои иқтисодиёт, инчунин ахбороти муқоисавӣ оид ба азхудкунии маблағҳои қарзии ҷорӣ ва банақшагирифташударо дар бар мегирад.

Бино ба гуфти ӯ, мақсади асосии «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2023» таъмини самаранокӣ ва мониторинги мунтазами раванди ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии андӯхти назоратнашавандаи қарзи беруна мебошад.

Барномаи қарзгирии берунаи давлатӣ барномаи миёнамуҳлат буда, дар асоси тартибу меъёрҳои дар Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ муайянгардида ва бо дарназардошти коҳиш додани хавфи фискалӣ ва таъмини муносиб дар доираи идоракунии қарзгириҳои берунӣ амалӣ карда мешавад.

- Тайи солҳои охир бо саъю кӯшиши пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои таҷдиди сохтори қарз, инчунин, рушди устувори иқтисодиёти мамлакат, вазъи қарзи беруна дар кишвар беҳтар гардид ва то 1 октябри соли 2020 он 3 миллиарду 163,2 млн. доллари америкоиро ташкил дод, ки ин ба 36,9 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад. Инчунин, дар ин давра 301,3 млн. доллари америкоӣ маблағҳои қарзӣ аз худ гардида, 5 созишномаи нави қарзӣ ба имзо расонида шуд.

Барномаи мазкур 59 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 8 созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад. Маблағи умумии қарзҳои азхудшуда аз рӯи Барномаи пешниҳодгардида то 1 январи соли ҷорӣ 642,1 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад, — изҳор дошт Ғ. Ашӯров ва ҳамчунин, афзуд, ки азхудкунии маблағҳо солҳои 2020 дар ҳаҷми 431,3 млн. доллари америкоӣ, 2021-ум — 452,9, 2022-юм — 459,7 ва соли 2023 — юм 246,8 млн. доллари америкоӣ пешбинӣ шудааст. Онҳо имтиёзнок буда, давраи дарозмуддат — аз 20 то 40 солро дар бар гирифта, меъёри фоизи хизматрасонӣ аз 0,75 то 2,0 дарсади солонаро ташкил дода, давраҳои имтиёзнок барои амалӣ намудани онҳо аз рӯи баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 4 то 10 сол мебошад.

Аз рӯйи масъалаи «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023» муовини раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзуллоев суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳар сол Буҷети давлатӣ дар доираи нишондиҳандаҳо, ҳадаф ва афзалиятҳои асосӣ, стратегия, барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди воқеии иқтисодиёти миллӣ ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ мегардад.

Бино ба гуфти ӯ, нишондиҳандаҳои лоиҳаи Буҷети давлатӣ бо роҳи баланд бардоштани маъмурикунонии андоз, васеъ намудани заминаи андозбандӣ, таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ва ташкил намудани ҷойҳои нави кор асоснок карда шудааст.

Дар раванди таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз рӯи афзоиши воқеӣ ба андозаи 7,6 дарсад ба маблағи 92,6 млрд. сомонӣ, индекси дефлятори ММД — 3,1 фоиз ва меъёри таваррум — 6,9 дарсад муайян карда шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 ба маблағи 27 млрд. 645,8 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба 29,8 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад. Даромади буҷет нисбат ба соли 2020 ба андозаи 6,1 дарсад зиёд аст, ки он аз ҳисоби даромадҳои ҷорӣ, маблағҳои махсус ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ амалӣ мешавад.

- Дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 давоми мантиқии лоиҳаи буҷети соли 2021 буда, ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ соли 2022-юм 30 млрд. 985,4 млн. сомонӣ ва дар соли 2023-юм 32 млрд. 250,7 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ соли 2022 ба маблағи 31 млрд. 499,7 млн. сомонӣ ва дар соли 2023-юм 32 млрд. 825,5 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 нишондиҳандаҳои назоратӣ буда, дар доираи онҳо бояд мақомоти идоракунии давлатӣ, барномаҳои амалкунандаи соҳавӣ ва барномаҳои нави пешниҳодшударо тарҳрезӣ намоянд, — изҳор дошт Машраб Файзуллоев.

Ӯ, инчунин, иттилоъ дод, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» аз 27 модда иборат буда, дар раванди баррасии он тартиби ташаккули Буҷети давлатӣ ва моддаҳои пешбинишудаи лоиҳаи қонуни зикршуда мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд.

- Дар баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» аз ҷониби вакилон вобаста ба маблағгузории соҳаҳои гуногун таклифу пешниҳод, аз ҷумла, таҷдиди назар намудани маблағгузории соҳаи илму маориф, самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ, музди меҳнати кормандони соҳаи буҷет ва нафақа, таъминоти иҷтимоии кормандони мақомоти сохторҳои қудратӣ манзур гардид, ки қисме аз он дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ба инобат гирифта шудааст, — афзуд Машраб Файзуллоев.

Инчунин, қобили зикр аст, ки тибқи нақшаи тасдиқнамудаи роҳбарияти Маҷлиси намояндагон 9 — 12 ноябри соли равон ҷаласаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла, кумитаҳо оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, оид ба энергетика ва саноат ва оид ба иқтисод ва молия баргузор гардид.

Аъзои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон зимни ҷаласаҳо, ки дар онҳо масъулин аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки миллии Тоҷикистон ҳузур доштанд, дар алоҳидагӣ вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 фикру андеша баён карда, инчунин барои такмили он таклифу пешниҳодҳои муфид ироа намуданд.

Бино ба гуфти муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзуллоев, лоиҳаи қонуни зикршударо кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои ирсолдошта ҷонибдорӣ карда, инчунин 176 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки аз онҳо қисми зиёдашон қабул нагардид.

-Таҳлил ва омӯзиши лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2021» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 муайян намуд, ки лоиҳаи қонун дар маҷмӯъ, аз рӯи ҳама гурӯҳбандӣ ва талаботи муайяншуда дар асоси принсипи баробарӣ бо тартиб ва муҳлатҳои муқарраргардида таҳия ва пешниҳод карда шудааст ва ба талаботи вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ҷавобгӯ буда, воқеъбинона, шаффоф ва аз рӯи мақсаду ҳадафҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири зиндагии шоистаи мардум муайян кардааст, пешбинӣ гардидааст, — изҳор дошт М. Файзуллоев.

Дар охир бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагон ба пурсишҳояшон аз масъулини вазорату идораҳо посух гирифтанд. Сипас, хулосаҳо қабул ва барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ