Чанде пеш ҷаласаи бистуми Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид. Мавзӯи асосии рӯзномаи ҷаласа баррасии усулҳои ҳифз ва рушди забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни ҷавонони кишварҳои ИДМ буд.
Ҷаласаро ҳамоҳангсози Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ, узви Кумитаи доимии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон оид ба масъалаҳои давлатӣ ва ҳуқуқӣ Лилит Минасян ифтитоҳ намуд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода ва мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Давлатзода оид ба мақому манзалати забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.
Номбурдагон иброз намуданд, ки ҳар сол барои омӯзгорони забони русии ҷумҳурӣ курсҳои такмили ихтисос гузаронда мешавад. Дар донишгоҳҳои пешрафтаи кишвар марказҳои «Русский мир» бомуваффақият амал мекунанд.
- Имрӯз дар кишвар 69 мактаб бо забони русӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 47 ҳазор хонанда таҳсил менамоянд. Ҳамчунин, беш аз 259 мактаби омехтаи тоҷикиву русӣ мавҷуд аст, ки дар он 70 000 хонанда ба таълиму тадрис фаро гирифта шудаанд. Илова бар ин, дар аксар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои таълимӣ бо забони русӣ фаъолият мекунанд, — иброз доштанд намояндагони Тоҷикистон.
Ҳамчунин, солҳои 2021 — 2022- юм 50 омӯзгори забони русӣ аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон барои кор фиристода шуданд. Соли 2022 дар панҷ шаҳри сераҳолии Тоҷикистон панҷ мактаби нав сохта шуд, ки таҳсил дар онҳо бо забони русӣ сурат мегирад.
Пас аз анҷоми чорабинӣ вакилони ҷавон аз Осорхонаи ба номи Г. Р. Державин боздид намуданд.
Дар чорабинӣ намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода низ иштирок намуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон