Сенздаҳуми марти соли 2020 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ ҷаласа баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
1. Доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ оид ба тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ»
2. Доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба тағйир додани сарҳадҳои шаҳраки Балх, деҳоти «Ҳалевард»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ба ҷойи дигар кӯчонидани маркази маъмурии деҳоти «Ҳалевард».
М. Имомзода зимни шарҳи масъалаи якуми рӯзнома гуфт, ки тибқи пешниҳод таклиф ба миён гузошта шудааст, ки аз ҳисоби заминҳои деҳоти «Чоряккорон», «Чортеппа», «Сарикиштӣ», «Чимтеппа», «Россия», «Гулистон» ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе ҳамроҳ намудани майдони 7659,25 гектар замин пешбинӣ шудааст.
Зарурати васеъшавии шаҳри Душанбе ба афзоиши босуръати аҳолии он, талабот ба манзилҳои истиқоматӣ, сохтмони роҳҳо, биноҳо ва иншооти гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ, маишӣ ва солимгардонӣ алоқаманд мебошад.
Ҳангоми тафсири масъалаи дуюми рӯзнома Муҳаммадюсуф Имомзода иброз намуд, ки таклиф ба миён гузошта шудааст, сарҳадҳои шаҳраки Балх ва деҳоти «Ҳалевард»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тағйир дода, маркази маъмурии деҳоти «Ҳалевард» ба ҷойи дигар кӯчонида шавад.
Шаҳраки Балх маркази маъмурии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, дар самти ҷануби ҷумҳурӣ ҷойгир аст ва он ҳамчун маҳалли аҳолинишин соли 1814 таъсис ёфтааст. Он дар водии Вахш, дар масофаи 132 километр аз пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, ҷойгир мебошад.
Дар шаҳрак 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияи давлатӣ, инчунин, муассисаҳои табобатӣ, аз қабили маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, маркази ВНМБ-и байниноҳиявӣ, марказҳои бемориҳои сил, чашм, пӯсту сирояти ҷинсӣ, дандонпизишкӣ, тарзи ташаккули ҳаёти солим, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, эмтаъминкунӣ ва солимии репродуктивӣ фаъолият доранд.
Шумораи аҳолии шаҳраки Балх то 1 марти соли 2017-ум 19100 нафарро ташкил додааст. Деҳаҳои Ёш-Ленинчӣ, Тимошенко, Ғалаба, қисман деҳаҳои Гагарин, Истгоҳи Киров, Максим Горкий ва Ленингради деҳоти «Ҳалевард» ба шаҳраки Балх наздик аст.
Дар тарафи ғарби шаҳрак шаҳристони қадимаи бостоншиносӣ мавҷуд мебошад, ки дар он ҳафриёти шаҳристони қадимаи Кофирқалъа гузаронида мешавад. Минбаъд шаҳристон ба маркази ҷалби сайёҳон табдил ва дар он инфрасохтори марбута, аз қабили меҳмонхонаҳо, қаҳвахонаю мавзеи муҳофизатии табиат бунёд карда мешавад.
Маркази маъмурии деҳоти «Ҳалевард», ки айни замон деҳаи Ёш-Ленинчӣ мебошад, баъди тағйири сарҳад ба қисми боқимондаи деҳаи Максим Горкий кӯчонида мешавад.
Пешниҳодҳои мазкур мутобиқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст ва ба қонунҳои ҳамин муносибатҳоро танзимкунанда мухолифат надоранд.
Аз ин рӯ, аъзои кумита роҷеъ ба масъалаҳо хулоса қабул ва ба иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ