Баррасии масъалаҳо вобаста ба ҳуқуқҳои маъюбон

№75 - 76 (4495 - 4496) 18.06.2022

IMG_862075Мавзӯи суҳбати гирди миз, ки 16 июни соли равон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикис­тон ва роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар доир гардид, «Ҷаласаи якуми Гурӯҳи доимоамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон» ном дошт.

 Дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Дилрабо Мансурӣ баромад карда, доир ба таъсиси Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон дар назди Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ аз ҳисоби вакилон, намояндагони сохторҳои давлативу хусусӣ ва шарикони рушд маълумот дод.

- Тавре маълум аст, бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ба имзорасонии матни Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» аз 2 феврали соли 2018 қабул гардид. Тибқи он, 22 марти соли 2018 дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 Пешвои миллат дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» имзо гузоштанд, — ёдовар шуд Дилрабо Мансурӣ ва афзуд, ки Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои маъюбон аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008, баъди аз ҷониби 20 давлат эътироф гардиданаш, қувваи қонунӣ гирифт.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба ­масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви гурӯҳи корӣ  Шодихон Ҷамшед, роҳбари «Барномаи идоракунии волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон» Алишер Каримов, раиси «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» узви гурӯҳи корӣ Асадулло Зикри­худоев низ баромад карда, дар бораи зарурати таъсиси Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон, инчунин лоиҳаи нақшаи кории он барои соли 2022 маълумот доданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон