Понздаҳуми апрели соли равон раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб дар кори ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҷеъ ба масъалаҳои мудофиа ва амният, иқтисод ва молия, сиёсат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, сиёсати хориҷӣ аз тариқи фосилавӣ ширкат варзиданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари вакилони парламентҳои дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бештар масъалаҳоеро баррасӣ намуданд, ки ба дарёфти роҳҳои вусъат бахшидан ба равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар байни давлатҳои аъзои ИДМ равона шудаанд.
Зикр гардид, ки Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ мақомашро аз рӯзи таъсисёбӣ ҳамчун платформаи оптималӣ барои кори якҷояи парлумонҳо, баррасии масъалаҳои мубрами рӯз ва наздикшавии мавқеи давлатҳои ИДМ ҳифз менамояд. Пойгоҳи таҳияшудаи қонунгузории намунавӣ ва таҷрибаи муқарраргардидаи ташкили ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ба парлумонҳо имкон медиҳад, ки дар равандҳои ҳамгироӣ дар шаклҳои барои онҳо қабулшуда ширкат варзанд.
Дар кори ҷаласа намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт — Петербург Бахтовар Сафарзода низ иштирок дошт.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.