Баррасии масъалаи тағйирёбии иқлим дар Британияи Кабир

№138 (4400) 10.11.2021

- Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳо ва масъулияти ҳифзи иқлимро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ менамояд. — Дар ин замина, Созишномаи Париж бояд василаи асосӣ гардад, ки саъю кӯшишҳои кишварҳоро ҷиҳати мубориза бо сабабҳои тағйирёбии иқлим муттаҳид созад ва афзоиши партовҳои газҳои гулхонаиро ҷилавгирӣ кунад, — гуфт раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ зимни иштирок дар мулоқоти намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷа ва вакилони парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ роҷеъ ба тағйирёбии иқлим, ки панҷуми ноябри соли равон дар шаҳри Глазгои Шоҳигарии Британияи Кабир аз тариқи видеоконфронс доир гардид.

Зикр шуд, ки ҳарчанд саҳми Тоҷикистон дар партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ночиз аст, вале кишвар аз ҷиҳати тағйирёбии иқлим яке аз осебпазиртарин давлатҳо ба шумор меравад. Зеро алҳол бахшҳои асосии иқтисодиёти мамлакат бо оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим дучор омадаанд.

- Истифодаи иқтидори бузурги гид­роэнергетикии Тоҷикистон барои таъмини кишварҳои минтақа бо энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера мусоидат намояд, — афзуд раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон.

Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати идомаи ҷустуҷӯи роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, ноил шудан ба бетарафии карбон ва дигар мушкилоти глобалии ҷаҳонӣ манфиатдор аст.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон