Бо даъвати раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус В. Андрейченко муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода барои иштирок дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Назария ва амалияи раванди интихобот» аз 24 то 26-уми майи соли 2023 дар Ҷумҳурии Беларус қарор дошт.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Беларус, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус ташкил шуд.
Дар он роҳбарони ҳар ду палатаи парлумон, Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Беларус, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Беларус, вакилони парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ ва коршиносони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Ҳадафи баргузории чорабинӣ табодули таҷриба дар самти омодагӣ ва баргузории маъракаҳои интихоботӣ ва такмили қонунгузории ба ин масъала рабтдошта ва баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ мебошад. Чорабиниро раиси Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Беларус И. Карпенко ифтитоҳ бахшид.
Сипас, раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус В. Андрейченко, раиси Шӯрои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Н. Кочанова, муовини якуми сардори маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Беларус М. Риженков ва муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ватанзода маърӯза намуданд.
Иброз гардид, ки дар баъзе маврид интихобот ҳамчун воситаи дахолат ба корҳои дохилии давлатҳо, тағйир додани низоми мавҷудаи сиёсӣ мавриди корбурд қарор мегирад. Барои комёб шудан дар ин самт аз назария ва амалияи инқилобҳои ранга ва камбудиҳои қонунгузории миллӣ суиистифода мешаванд. Табиист, ки дар чунин шароит тадбирандешии бетаъхир бениҳоят муҳим аст.
Дар конфронси байналмилалӣ, ҳамчунин, масъалаҳои мубрами марбут ба фаъолияти нозирони ИДМ, нақши Вазорати адлия дар раванди интихоботи Ҷумҳурии Беларус, моҳияти рақамикунонии интихобот, тамоюлҳои муосири интихобот дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайра баррасӣ шуданд.