Баррасии масоили марбут ба таҳсилоти фарогир

№41 - 43 (4624 - 4626) 18.03.2023

DSC_7818 копияТаҳсилоти фарогир дар ҷаҳон, ки баъд аз баргузории Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба зарурати таълими шахсони имконияташон маҳдуд (соли 1994 дар Испания) ба роҳ монда шуда буд, оғоз гардид. Мақсад аз он даъвати кишварҳо барои ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ва соҳибкасб намудани онҳо мебошад. Тоҷикистон ин ва дигар конвенсияву созишномаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла «Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак», «Созишнома оид ба ҳуқуқҳои маъюбон» — ро ҷонибдор мебошад.

Масъалаи мазкур дар ҷамъомаде, ки 17-уми марти соли равон дар Китобхонаи миллӣ бо ибтикори Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, ЮНИСЕФ зери унвони «Таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир шуд, меҳвар буд.

Дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Эри Двиведӣ, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Дилрабо Мансурӣ бо ёдоварӣ аз он, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шахсони имконияташон маҳдуд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, онҳоро ҳамеша дастгирӣ менамоянд, чунин иброз намуд: «Сиёсати давлатии соҳаи маориф дар Тоҷикистон ба тағйироти куллии соҳа нигаронида шуда, дар ин самт як қатор санадҳои ҳуқуқии танзимкунанда қабул гардидаанд, ки барои боло бурдани сифати таҳсилот мусоидат мекунанд. Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади ворид шудан ба стандартҳои муосири ҷаҳонии таҳсилот Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи дуюми соҳибистиқлолӣ ба ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти фарогир оғоз намуд. Дар кишвари мо таҳсили фарогир аз муассисаҳои таълимии томактабӣ оғоз шуда, то таҳсилоти олии касбӣ идома меёбад».

Коршиносон зикр намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд, ҳуқуқи таҳсили ройгонро кафолат додааст. Ҳуқуқ ба таҳсил барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» низ пешбинӣ шудааст. Ба ҷуз ин, дар моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» зикр гардидааст, ки барои кӯдакони гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ имкони таҳсил надоранд, муассисаҳои таҳсилоти махсуси умумӣ, мактаб — интернатҳо таъсис дода мешавад. Чунин кӯдакон инчунин метавонанд бо розигии волидон ё шахсони онҳоро ивазкунанда якҷо бо кӯдакони солим дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил намоянд.

Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон як қатор муассисаҳои махсус фаъолият доранд, ки кӯдакони суст­бин, ношунаво, гунг ва гирифтори иллатҳои рӯҳиро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд.

Таъкид шуд, ки бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, ҳоло дар ин самт мушкилоте мавҷуданд, ки ҳалли бетаъхирро тақозо доранд. Ҳарчанд дар баъзе донишгоҳҳои кишвар факултетҳои махсус барои омода кардани мутахассисон амал кунанд ҳам, мутахассисон намерасанд.

Дар робита ба мавзӯъ муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Парвина Маликзода чунин гуфт: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд чораҳои зиёд андешида шудааст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи маориф» вобаста ба таҳсили кӯдакони имконияташон маҳдуд моддаҳои алоҳида мавҷуд мебошад. Дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияи Восеъ марказ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият мекунанд. Дар фаъолияти ин муассисаҳо як қатор мушкилот ҷой доранд, ки нарасидани мутахассисон — дефектологҳо, олигофренопедагогҳо, логопеду равоншиносон, машваратчиёни тиббӣ-педагогӣ, маводи таълимӣ аз ҳамон ҷумлаанд».

Таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки барои ташкили таҳсилоти фарогир муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд заминаи пуриқтидори моддӣ — техникӣ, методӣ ва кадрӣ дошта бошанд.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ