Гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайати гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Латвия шомиланд, таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода 8 июни соли 2015 бо раиси ҳайати Кумитаи робитаҳои парлумонии Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ивета Григуле мулоқот намуданд.
Зимни мулоқоти судманду самимӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ гузашт, Шариф Раҳимзода ва ҳамроҳони ӯ иброз намуданд, ки саъю кӯшиши самимӣ ва кумаки воқеии Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар ҳама самтҳо мушоҳида мешавад. Тайи чанд соли охир, баъд аз эътибор пайдо кардани Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷомеаи Аврупо, дар раванди ҳамкории «Тоҷикистон-Аврупо» пешравии ҷиддӣ ба назар мерасад. Аз хусуси ҷонибдории тавсеаи шарикӣ ва ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, алоқаҳои бевосита дар сатҳи олӣ – ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Брюссел ва як қатор давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, ташрифи вакилони Парлумони Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи байниҳукуматӣ ва Кумитаи парлумонии ҳамкорӣ гувоҳӣ медиҳанд. Татбиқи бомуваффақияти барномаи «Дастури аврупоӣ дар самти демократия ва ҳуқуқи инсон»-ро бояд махсус зикр кард.
Шариф Раҳимзода ҳамчунин мисолҳои зиёдро дар бахши раванди демократикунонии ҷомеа, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, масоили фарҳанг, тиҷорат, фаъолияти корхонаҳои муштарак, туризм ва ғайра таъкид намуда, изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо бо иқтидор ва таҷрибаи бою нодири худ дар ҳалли мушкилоти минтақа, гирифтани пеши роҳи таҳдидҳои трансмиллӣ, аз қабили терроризм, фурӯши одамон, ҷиноятҳои мансуб ба маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳо метавонад саҳми бузург гузорад.
Дар идома Шариф Раҳимзода таъкид дошт, ки Тоҷикистон стратегияи байналмилалии барқарорсозии баъдиҷангии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ҷонибдорӣ менамояд. Омили муҳим дар роҳи таъмини суботи комил дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ин ба равандҳои минтақавии интегратсионӣ, рушди тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, бо давлатҳои ҳамсоя фаро гирифтани ин давлат мебошад. Тоҷикистон ҷонибдори роҳи мусолиматомези барқарор сохтани иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар ин давлати ҳамсоя аст.
Дар мулоқот ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб низ изҳори назар шуд.
Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир А. Исоев