Таъқиб намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бинобар муроҷиати онҳо ба мақомоту ташкилоти дахлдор вобаста ба танқиди фаъолияти мақомоту ташкилот ё шахсони мансабдору роҳбарони онҳо ҷиҳати барқарор ё ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонуниашон ё ҳуқуқу озодӣ ва манфиати қонунии шахсони дигар манъ аст.
Ин матлаб 17 апрели соли равон зимни семинар — машварат, ки бо ташаббуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баргузор гардид, баён шуд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» 23 июни соли 2016 қабул шуда, аз 5 боб ва 27 модда иборат мебошад ва тибқи он, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳақ доранд барои барқарор намудани зарар ва ҷуброни зарари маънавии дар натиҷаи амал (беамалӣ)-и ғайриқонунии мақомоту ташкилоти дахлдор зимни баррасии муроҷиат расонидашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намоянд.
Дар сурати аз тарафи муроҷиаткунанда дидаву дониста нишон додани маълумоти бардурӯғ, хароҷоти мақомоту ташкилоти дахлдор, ки зимни баррасии он сарф шудааст, бо қарори суд аз муроҷиаткунанда рӯёнида мешавад.
Зикр шуд, ки ҳангоми баррасии муроҷиат бидуни розигии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ифшо намудани маълумоти дар муроҷиат зикргардида, инчунин, маълумоти ба ҳаёти шахсӣ ва фаъолияти шахси ҳуқуқӣ алоқаманд, манъ аст. Маълумоти дар муроҷиати хаттӣ дарҷгардида, ки ба мақомоту ташкилоти дахлдор ирсол шуда, ҳалли онҳо ба салоҳияти мақомоту ташкилот ва шахсони ваколатдоршуда мансуб аст, ошкор кардани маълумот ба ҳисоб намеравад.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон