Бисту шашуми октябри соли равон дар шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия ба муносибати «Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» конфронс таҳти унвони «Симои шаҳри муосир» баргузор гардид. Онро комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ва сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология бо иштироки Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони ИДМ ташкил намуд.
Дар он намояндагони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, ассотсиатсияҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ, мақомоти маҳаллӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ — тадқиқотӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва доираҳои тиҷоратӣ ширкат варзиданд. Муовини раиси Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода низ дар он аз тариқи фосилавӣ иштирок намуда, роҷеъ ба масъалаҳои ташаккули симои муосири шаҳри Душанбе баромад намуда, дар бораи роҳҳои ҳалли муассири ҳифзи марказҳои таърихӣ, ёдгориҳои мероси фарҳангӣ, дастовардҳо дар соҳаи банақшагирӣ ва функсионалӣ, таъсири муҳити рақамӣ ба фароҳам овардани шароити бароҳат дар шаҳр маълумот дод.
Аз рӯи натиҷаҳои конфронс тавсияҳо таҳия шуда, ба АБ ИДМ, мақомоти қонунгузор ва иҷроияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ирсол гардиданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон