Баррасии муносибатҳои байнипарлумонӣ бо Хорватия

№149 (4889) 12.12.2024

_MG_5981Даҳуми декабри соли 2024 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Хорватия Гордан Грлич Радман мулоқот намуд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Хорватия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду гус­тариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Хорватия, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо дар навбати аввал беҳтарсозии кори гурӯҳи парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Хорватия муҳиму манфиатбор шуморида шуд.

Дар мулоқот, инчунин, доир ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва тақвияти нақши онҳо дар раванди ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт. Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Хорватия дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ