23 июли соли равон ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон баргузор гардид.
Рӯзномаи он аз ду масъала — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» иборат буд. Раиси кумита Гулзода Маҳмадшо Қурбоналӣ ва аъзои он Б. Ҷабборӣ, Ф. Додхудо, Д. Одилзода ва К. Ҳакимова нисбат ба онҳо фикру андеша баён намуданд.
Сипас, хулосаҳои кумита қабул ва ба Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум»