Дар ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, ки 18 январи соли 2021 таҳти раёсати раиси кумита Раҳмон Дилшод Сафарбек доир гардид, масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритус», «Вазъи иҷрои Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №762 аз 19 марти соли 2020 ва ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020», «Нақшаи чорабиниҳои иловагӣ оид ба тақвияти фаъолнокии иттилоотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Масъалаҳои зикршударо раиси кумита Раҳмон Дилшод Сафарбек, ҳамчунин, аъзои кумита Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, Фирӯза Мӯъминова ва Набизода Мадина Раҳмат шарҳу тавзеҳ дода, сипас, хулосаҳо қабул ва ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
15 январи соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси кумита Фарҳод Раҳимӣ ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ баргузор шуд. Дар он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» баррасӣ гардид.
Аъзои кумита Мурод Шукурзода ва Фарзона Хоҷазода доир ба қонун ибрози андеша карданд.
Сипас, хулоса қабул ва ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Понздаҳуми январи соли равон ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология таҳти раёсати раиси кумита Қурбон Ҳакимзода доир гардид.
Аъзои кумита ду масъала — Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷом хулосаҳо қабул ва ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ