Дар кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии қонунҳо ва пешниҳоди хулосаҳо

№44 (4306) 08.04.2021

DSC_7925Дар ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, ки шашуми апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси он Фарҳод Раҳимӣ баргузор шуд, масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 27 феврали соли 2021, №46 «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 27 феврали соли 2021, № 47 «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, № 48 «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон».

Пас аз шарҳу тавзеҳи масъалаҳои зикршуда хулосаҳо қабул ва ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шуданд.

 DSC_7943Зимни ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, ки таҳти раёсати раиси кумита  Қурбон Ҳакимзода  шашуми апрели соли равон доир гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» баррасӣ шуд.

Баъди баёни фикру мулоҳизаҳо, хулоса қабул ва ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Шашуми апрели соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон Маҳмадшоҳ Гулзода ҷаласа баргузор шуд.

 DSC_7911Аъзои кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» — ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 Дар охир хулоса қабул ва барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ