Дар кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии қонунҳо ва пешниҳоди хулосаҳо

№29 (4449) 05.03.2022

DSC_3524Чоруми марти соли равон ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология таҳти раёсати раиси он Қурбон Ҳакимзода доир гардид.

 Дар он ду масъала – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи дастгирии давлатии  соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аъзои кумита роҷеъ ба онҳо фикру мулоҳиза  баён карданд.

Дар фарҷом хулосаҳо қабул ва ба Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Панҷуми марти соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Шарифҷон Ҷумъазода ҷаласа баргузор шуд.

DSC_3536Дар он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои хориҷӣ» — ро мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҷеъ ба онҳо хулосаҳо қабул ва ба Иҷлосияи Шӯрои миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ ки панҷуми марти соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси он Фарҳод Раҳимӣ доир гардид, масъалаҳо»Дар бораи DSC_3550Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аъзои кумита пас аз шарҳу тавзеҳ хулосаҳоро ба Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ