Дар кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии қонунҳо ва пешниҳоди хулосаҳо

№34 (4617) 07.03.2023

DSC_6856Шашуми марти соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ ҷаласа баргузор шуд.

Аъзои кумита ду масъала — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ва «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафаробод ва номгузорӣ намудани он» — ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 Дар охир хулосаҳои кумита дар алоҳидагӣ қабул ва барои баррасӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Шашуми марти соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Шарифҷон Ҷумъазода ҷаласа баргузор шуд.

DSC_6872Аъзои кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйи­рот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Дар охир хулосаҳои кумита дар алоҳидагӣ қабул ва барои баррасӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Ҳафтуми марти соли равон дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон таҳти раёсати раиси кумита Маҳмадшо Гулзода ҷаласа доир гашт.

DSC_6934Дар ҷаласаи мазкур ду масъала — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» баррасӣ шуд.

Дар охир хулосаҳои кумита дар алоҳидагӣ қабул ва барои баррасӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Дар ҷаласа мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шарифзод Ҷамшед Ғанизода низ ҳузур дошт.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

 Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,

 «Садои мардум»