Дар кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии қонунҳо ва пешниҳоди хулосаҳо

№35 (4618) 10.03.2023

DSC_7008Нуҳуми марти соли 2023 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод ҷаласа баргузор гардид.

Дар он 24 масъала, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маб­лағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», «Дар бораи хариди давлатӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъо­лияти субъектҳои хоҷагидор», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», инчунин пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозхонди судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафаробод ва номгузорӣ намудани он ба деҳаи Заррез», «Номаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи қонунияти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022», иҷрои Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2022, №258 «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021» ва ҳисоботи навбатии прокурори генералӣ доир ба риоя ва иҷрои қонунҳо дар соли 2022 баррасӣ гардиданд.

Дар робита ба масъалаҳои зикр­шуда аъзои кумита дар алоҳидагӣ хулосаҳоро қабул ва ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

С. СУННАТӢ,

 «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ