Дар кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии қонунҳо ва пешниҳоди хулосаҳо

№74 (4657) 07.06.2023

DSC_3591Ҳафтуми июни соли 2023 таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Бозоралӣ Одиназода ҷаласаи кумитаи мазкур доир гардид.

Аъзои кумита чор масъала – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Онҳоро муовини раиси кумита Бозоралӣ Одиназода, аъзои кумита Фазлиддин Шоиддинов ва Ҳасан Дӯстзода шарҳу тавзеҳ доданд. Сипас, оид ба масъалаҳои мавриди баррасӣ хулосаҳо қабул ва ба Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд.

Сайфиддин Суннатӣ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев