Дар кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии қонунҳо ва пешниҳоди хулосаҳо

№153 (4736) 22.12.2023

1Ҳаждаҳуми декабри соли 2023 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Дилшод Раҳмон ҷаласаи кумита баргузор гардид.

Дар ҷаласа 13 масъала, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» ва дигар масъалаҳо, баррасӣ гардиданд.

Инчунин, дар ҷаласа фаъолияти Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният дар соли 2023 ва тасдиқи нақшаи кори он барои соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар охир хулосаҳои кумита қабул ва барои баррасӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Ҳаждаҳуми декабри соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ ҷаласа баргузор шуд.

2Аъзои кумита Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, баъди қабули хулосаҳо онро барои баррасӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.

Нуздаҳуми декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Шарифҷон Ҷумъазода ҷаласа баргузор шуд.

3Аъзои кумита се масъала — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» — ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 Дар охир хулосаҳои кумита қабул ва барои баррасӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Бистуми декабри соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Давлаталӣ Саид ҷаласа баргузор шуд.

4Аъзои кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» — ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 Дар охир хулосаҳои кумита қабул ва барои баррасӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ