Бистуми феврали соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Шарифҷон Ҷумазода ҷаласа доир шуд.
Аъзои кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро баррасӣ намуданд.
Сипас, хулосаи кумита оид ба масъалаи зикршуда қабул ва барои баррасӣ ба Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ