Дар кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии қонунҳо ва пешниҳоди хулосаҳо

№24 (4764) 21.02.2024

DSC_9762Бистуми феврали соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Шариф­ҷон Ҷумазода ҷаласа доир шуд.

Аъзои кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро баррасӣ намуданд.

Сипас, хулосаи кумита оид ба масъалаи зикршуда қабул ва барои баррасӣ ба Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ