Дар кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии қонунҳо ва пешниҳоди хулосаҳо

№129 (4869) 30.10.2024

528-уми октябри соли 2024 дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ ҷаласа доир шуд.

Аъзои кумита се масъала — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»,  пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани баъзе маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Дарвоз ва Шуғнон, иваз намудани номи баъзе маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон»-ро баррасӣ ва ба Шурои Маҷлиси миллӣ пешниҳод намуданд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»