12 марти соли 2019 тибқи барномаи сафар ба шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев дар ҷаласаи 41-уми Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди парлумонии кишварҳои Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва нуҳумин нишасти кумитаи мазкур оид ба масъалаҳои Фаластин суханронӣ намуд.
Ӯ иброз дошт, ки вохӯрӣ имкон фароҳам меорад, ки ба рӯйдодҳои ҷаҳон баҳои воқеӣ дода шавад. Мутаассифона, минтақаи фарохи фаъолияти созмон ба яке аз марказҳои дастгирии шадид ва нангини ҷаҳони муосир – терроризми байналмилалӣ, зӯровариву экстремизм мубаддал гаштааст. Маълум аст, ки ягон давлати дунё, ҳатто агар абарқудрат бошад, дар рӯ ба рӯи терроризм ва экстремизми ҷаҳони муосир наметавонад дар танҳоӣ истодагарӣ намояд ё дар канор бошад, зеро терроризм сарҳад намешиносад.
- Таҷрибаи талхи на чандон деринаи Тоҷикистон собит менамояд, ки ҳама гуна неруе, ки барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки хеш аз номи поки ислом суиистифода менамояд, ҳеҷ гоҳ мавриди пуштибонии ҷомеа қарор нахоҳад гирифт, — гуфт муовини Раиси Маҷлиси намояндагон.
Акрамшо Фелалиев дар робита ба мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои хеле муҳим, ки ҳалли мусолиҳатомези он ба авзои минтақа таъсиргузор аст, чунин ибрози андеша кард: Қазияи Фаластин ва баҳсҳо атрофи Байтулмуқаддас имрӯз дар ҳама сатҳ садо медиҳад. Тоҷикистон аз кӯшишҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ба таҳким ва пойдории сулҳу субот дар Ховари Миёна ва вусъати раванди музокирот оид ба танзими вазъи минтақа равона гардидаанд, дастгирӣ мекунад, зеро пайдост, ки даргириҳои нав мардуми осоиштаи Байтулмуқаддас ва кишварҳои ҳамҷаворро ба ташвиш оварда, ба арзишҳои диниву анъанавии онҳо зарари ҷиддӣ мерасонад.
Ин масъала мавриди баҳси зиёд қарор гирифта, дар рӯзномаи Иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ аҳамияти аввалиндараҷаро касб кардааст. Аммо, новобаста аз кӯшишҳои зиёд ҳанӯз ҳам роҳи ҳалли худро наёфтааст ва таваҷҷуҳи хосаи ҷомеаи ҷаҳонро тақозо менамояд.
Бо истифода аз минбари иҷлосияи баландпоя пешниҳод гардид, ки раванди музокирот дар асоси санадҳои марбута, ки баҳри ба низомоварии вазъ дар минтақа заминаи фарогир, бо адолат ва устуворро фароҳам меоварад, барқарор карда шавад. Пӯшида нест, ки дар сурати бо роҳи мусолиматомез ҳал нагардидани қазия раванди музокирот миёни Давлати Фаластин ва Исроил метавонад ба муноқишаҳои нав замина гузорад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо итминон иброз дошт, ки ҷаласа қарорҳоеро қабул хоҳад кард, ки ҳамкории кишварҳоро дар доираи Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар самти дарёфти роҳҳои ҳалли низоъҳои мавҷуда, пешгирии баҳсу мухолифатҳои имконпазир, барқарор намудани эътимоди мутақобила, ноил шудан ба сулҳу субот мусоидати ҳамаҷониба мекунад.
***
Дирӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев дар ҷаласаи дуюми Иттиҳоди котибони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ низ иштирок кард.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон