Муҳокимаи парламентӣ

Баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ дар Маҷлиси миллӣ

№72 (4334) 01.06.2021

DSC_0981Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ва Қарори Шӯрои Маҷлиси миллӣ аз 1 марти соли 2021 таҳти №207, бисту ҳаштуми майи соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар мавзӯи «Вазъи хизматрасонии тиббӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тандурустӣ» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.

Дар он аъзои кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон ва оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва шахсони масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, Вазорати молия, намояндагони масъули Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ ширкат варзиданд.

Иштирокчиён дар атрофи масъалаҳои роҳандозӣ кардани низоми самараноки хизмат­расонии тиббӣ дар кишвар, риояи тартиби хизматрасонии тиббӣ, аз байн бурдани зиён ва хавф ба ҳаёти беморон ҳангоми расонидани кумаки тиббӣ тавассути беҳсозии раванди ташхиси касбии беморӣ, таъини доруворӣ, бахусус, пешгирӣ кардани таҳияи дорухатҳои ба истилоҳ, «фармоишӣ», водор кардани бемор барои хариди доруворӣ аз дорухонаҳои алоҳида, вазъи маблағгузорӣ ва мақсаднок истифода шудани маблағҳои ба соҳаи тандурустӣ равонашуда, риояи қонунгузорӣ, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳаи тиб суханронӣ ва мубодилаи афкор намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки тайи солҳои охир бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда тадбири зиёд амалӣ мегардад.

Ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ ҳар сол афзуда, музди миёнаи меҳнати кормандон зиёд шуда истодааст. Баҳри пешрафти соҳа ва беҳтар гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, роҳандозӣ намудани усулҳои муосир ва нодири ташхису табобати бемориҳо, муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои тандурустии давлатӣ ва хусусӣ бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ чораандешӣ идома дорад.

DSC_0932Хизматрасонии тиббӣ дар ҷумҳурӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008 таҳти №600 «Дар бораи тартиби хизмат­расониии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» ба роҳ монда шуда, ҷиҳати баланд бардош­тани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани он ва таъмини соҳа бо кадрҳои баланд­ихтисос як қатор барномаҳо, аз ҷумла «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022», «Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030», «Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2025», «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ низ ташаккул ёфта, санадҳои қонунгузории соҳа мавриди бозбинӣ қарор дода шуд. Соли 2017 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он чанд санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд. Бо вуҷуди ин, тадбирҳои амалигардида ҳоло ҳам кофӣ набуда, вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тандурустӣ беҳбудиро тақозо мекунад.

Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ дониста шуд, ки Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва дигар вазорату идораҳои дахлдор диққати асосиро ба хизматрасонии тиббии сифатноку ба талаботи муосир ҷавобгӯ, ҳалли камбудиву мушкилоти ҷойдошта, пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, пешниҳоду таклифҳо ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии соҳа ва беҳтар намудани фаъолият дар ин самт, равона намоянд.

Дар хотима аз рӯи масъалаҳои баррасигардида тавсияҳо қабул гардид.

Б. Каримзода,

«Садои мардум».

Суратгир Н. Алиев