Бисту чоруми декабри соли равон дар толори китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбати гирди миз баргузор гардид.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода зикр намуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат вобаста ба истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ ва захираҳои табиӣ корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам», «Стратегияи миллӣ ва нақшаи амал оид ба нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ барои солҳои 2014 — 2020» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ дар сатҳи миллӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам оварданд.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аҳамияти ҳифз ва нигоҳдории табиати бою нотакрори кишварро таъкид намуда, қайд кардаанд, ки ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои генетикӣ барои таъмини рушди иқтисодии кишвар бояд дар мадди назари муассисаҳои илмӣ қарор гирад, — гуфт Рустам Латифзода.
Ӯ, инчунин, афзуд, ки дар истифодаи захираҳои генетикӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият дар амалигардонии корҳои илмию таҳқиқотӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар раванди қабули қарорҳо оид ба ҳифзи захираҳои генетикӣ ва масъалаҳои дигар бояд ҳал карда шаванд.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мирзоанвар Ахмедов лоиҳаи қонуни зикршударо муаррифӣ намуда, зикр кард, ки аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзӣ нисбат ба он 118 таклифу пешниҳод ирсол гардид, ки баҳри такмил 96 адади он истифода шуд.
- Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», мафҳумҳои дар моддаи 1 пешбинишуда аз нав мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз 27 мафҳуми дар варианти дуюм ифодагардида, 16 мафҳум дар варианти сеюми лоиҳаи қонун ба назар гирифта шуданд, — гуфт Мирзоанвар Ахмедов.
Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода, олимони соҳа Қурбоналӣ Партоев, Ҳикматулло Назиров, Неъматулло Сафаров, Зебо Муъминшоева ҷиҳати такмили лоиҳаи қонун таклифу пешниҳодҳои судманд баён намуданд.
Дар хотима, Рустам Латифзода ба ҳозирин барои ибрози андеша ва пешниҳод изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки бо тағйир ёфтани иқлим бисёре аз намудҳои нодири захираҳои генетикии кишвар метавонанд аз байн раванд. Мутаассифона, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои генетикӣ дар мамлакат мушоҳида мешавад.
- Коста гаштани захираҳои генетикӣ аз байн рафтани гуногунии биологиро пеш меорад. Зарур аст, ки оид ба нигоҳдории ин омили пешрафти иқтисодиёти минбаъдаи мамлакат, аз ҷумла, муқаррар кардани заминаи ҳуқуқӣ аз ҳама имконият истифода барем, — гуфт Рустам Латифзода.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ