Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Бе иҷозат даромадани маъмурони амниятӣ ба манзили сокинон ҷонибдорӣ нагардид

№17-18 (3654-3655) 18.02.2017

DSC_0027Шонздаҳуми феврали соли ҷорӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи маълумоти пешакӣ аз 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 30 нафар дар толор иштирок доранд.

Дар Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва на­мо­яндагони восита­ҳои ахбо­ри омма ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон мена­моям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки котиботи Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем.

Лоиҳаи қарор оид ба масъалаи зикр­шуда ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба лоиҳа таклифҳои иловагӣ ҳаст? Чӣ гуна пешниҳод доред?

Бо дарназардошти пешниҳоди шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемо­нам.

Қарор қабул гардид.

Аз ҳайати котибот бо раисии Хайрулло Амонулло, аъзои котибот — Бобобекова Меҳринисо ва Ҳомидзода Абдураҳмон хоҳиш менамоем, ки ба ҷойи кории худ гузаранд.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба мо лозим аст рӯзномаи Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро муҳокима ва тасдиқ на­моем.

Лоиҳаи қарор иборат аз 51 ­масъала манзури шумо гардидааст. Марҳамат, нисбат ба он чӣ гуна пешниҳоду таклифҳои иловагӣ доред?

Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои шумо лоиҳаи Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат.

Қарор бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қабул гардид:

1. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот»

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ»

21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ­оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»

23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ»

24. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

25. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

26. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ»

27. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»

28. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»

29. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт»

30. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»

31. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

32. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

33. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»

34. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Панҷакент ва Конибодом, ноҳияҳои Ашт ва Спитамени вилояти Суғд»

35. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Ховалинг, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ёвони вилояти Хатлон»

36. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Даштаки деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»

37. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Ҳуҷҷати хотимавии Форуми V байнипарламентии «Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ»

38. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи аз вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Мансурзода Н.»

39. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ҳасанзода Н. М.»

40. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қамарзода Р.»

41. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Қаландарзода М. С.»

42. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қамарзода Р.»

43. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Мирзозода И. Ш.»

44. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Саидзода М. М.»

45. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи сарфароз гардонидани Абдураҳмонзода С. Н. бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон»

46. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бо­раи пеш аз муҳлат қатъ намудани вако­лати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон ­Абдураҳмонзода С. Н.»

47. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният хориҷ намудани Абдураҳмонзода С. Н.»

48. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи аз ҳайати Комиссияи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур хориҷ намудани Абдураҳмонзода С. Н.»

49. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб намудани Ҷӯразода Ҷ. Ҳ.»

50. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур интихоб намудани Ҷӯразода Ҷ. Ҳ.»

51. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯй­хати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сме­таи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон барои соли 2017».

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи аввали рӯзнома – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016» шурӯъ менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дода меша­вад. Мар­ҳамат.

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод: - Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Ҳозирини гиромӣ!

Мақомоти прокуратура дар соли 2016 фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қонунҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Ба қабули кормандон ба мақомот, тарбияи кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси касбии онҳо диқкати хоса дода, баҳри пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва фароҳам овардани фазои оштинопазир бо ин зуҳуроти номатлуб тадбир ва чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Дар асоси шартнома бо донишгоҳҳои ҷумҳурӣ 25 нафар ба кор ба мақомот қабул гардида, 86 нафар корманд ба вазифаҳои баланд таъин ва 74 нафар коромӯз пас аз аттестатсия ба кори мустақилона гузаронида шуданд.

Ҷиҳати таҳкими интизоми хизматӣ, одоби касбӣ ва пешгирии коррупсия дар мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барнома барои солҳои 2016- 2018 қабул гардид.

Ба муроҷиати шаҳрвандон диққати махсус дода, дар маҷмӯъ 15903 нафар шаҳрванд қабул карда шуданд.

Шумораи муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон сол аз сол ба мақомот афзоиш ёфта, дар давраи ҳисоботӣ 34635 (соли пешин — 33262) муроҷиати хаттӣ ворид гардида, 15,7 фоизи онҳо қонеъ ва дар рафти санҷишҳои прокурорӣ ҳуқуқҳои 94 918 нафар шаҳрванд ҳимоя шуд.

Дар ин давра прокурорҳо ҳолати иҷрои қонунҳоро 5168 (4733) маротиба санҷида, беш аз 50 ҳазор қонуншиканиҳоро ошкор ва баҳри бартараф намудани онҳо 8005 (7109) амр, 4375 (3881) пешниҳод ва 5397 (4731) эътироз овардаанд.

Бо натиҷаи баррасии ин санадҳо 6444 (5854) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 3484 (3161) нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, 18831 (16231) парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 2506 (2463) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Мақомоти прокуратура ба барқарор намудани зарарҳои иқтисодӣ, иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз ва пардохтҳои гумрукӣ, пешгирии қочоқи молу маҳсулот ва мусоидат ба солимгардонии вазъи молиявии бонкҳо диққати ҷиддӣ дода, дар ин самт 495 (360) млн. сомонӣ зарарро барқарор намуд, ки нисбат ба соли гузашта 135 млн. сомонӣ ё 38 % зиёд буда, 282 (201) млн. сомонии он ба манфиати давлат рӯёнида шудааст.

Новобаста аз чораҳои андешидашуда, риояи қонунгузории замин дар баъзе шаҳру ноҳияҳо мувофиқи маблағ набуда, хариду фурӯши замин то ҳол идома дорад.

Санҷиши ҳолати иҷрои ин қонунгузорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ муайян намуд, ки дар ноҳия якчанд гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ба хариду фурӯши замин, махсусан заминҳои кишоварзӣ даст задаанд. Танҳо дар ин ноҳия тахминан 800 ҳолати ғайриқонунӣ ҷудо кардан ва хариду фурӯши 210 гектар замин бо маблағи 4,7 млн. доллари ИМА ошкор ва вобаста ба ин ҳолатҳо 73 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.

Чунончӣ, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо роҳбарии саҳмдори хоҷагии деҳқонии «Фирдавс»- Н. А. Каримов қариб 10 гектар замини корами обии хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияро ба маблағи зиёда аз 450 ҳазор доллари ИМА ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ фурӯхтааст.

Чунин мисолҳо хеле зиёд буда, дар натиҷаи чунин амалҳо танҳо давоми ду соли охир бинобар ғайриқонунӣ тақсим намудани 170 гектар, аз ҷумла 114 гектар замини корами обӣ 58 хоҷагиҳои деҳқонии ин ноҳия ба пуррагӣ барҳам хӯрдаанд.

Дар рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ 112 нафар ҷинояткор муайян гардида, 28 нафар ба ҳабс гирифта, зарар ба маблағи 2,7 млн. сомонӣ барқарор карда шуд.

Дар шаҳри Ҳисор худсарона ишғол намудани замин дар масоҳати 6 гектар ва ғайриқонунӣ сохтани 65 манзили истиқоматӣ ошкор шуда, аз натиҷаи санҷиш 78 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 50 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида, дар асоси пешниҳод 924 қарори раиси шаҳр оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бекор карда шуд.

Бо дахолати мақомоти прокуратура дар ҷумҳурӣ 11 296 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида, аз натиҷаи санҷишҳои қонунгузории замин 889 (835) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

То ҳол қабули қарорҳои ғайриқонунӣ доир ба ҷудо намудани қитъаҳои замин аз ҷониби раисони баъзе шаҳру ноҳияҳо ҷой дошта, дар соли сипаришуда аз 504 қарорҳои эътироз овардашуда 418 адад ва ё 83 фоизи он вобаста ба замин мебошад.

Бо дарназардошти таъсири манфии буҳрони молиявӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ ба рушди иқтисодиёти кишвар ва дар ин замина ба ҳолати ногувори молиявӣ дучор гаштани бонкҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати солимгардонии вазъи молиявии онҳо ва сари вақт баргардонидани пасандозҳои аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Вобаста ба ин гурӯҳи корӣ ташкил гардида, истифодаи маблағҳои давлатӣ аз ҷониби бонкҳо ва баргардонидани маблағҳои қарзии бонкӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар натиҷа, 59 млн. сомонӣ ва 2 млн. доллари ИМА маблағҳои бонкӣ барқарор шуда, оид ба рӯёнидани 34 млн. сомонӣ ва 5 млн. доллари ИМА ба манфиати муассисаҳои бонкӣ ба судҳои иқтисодӣ аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардид.

Мақомот дар шароити рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи тиб, аз ҷумла истеҳсол ва фурӯши доруворӣ ба таъмин намудани ҳифзи саломатии аҳолӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

Санҷиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводҳои доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» ҳолатҳои ба фурӯш баровардани дорувории пастсифатро ошкор намуда, зиёда аз 37 ҳазор чунин доруҳо аз муомилот гирифта, вобаста ба ин ҳолатҳо 119 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҳалҳо таври дахлдор таъмин нагардида, масъулини комиссияҳои доимӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ беэътиноӣ зоҳир намуда, ҷиҳати пешгирию ошкорсозии қонунвайронкуниҳо ва амалисозии корҳои ташвиқотию тарғиботӣ чораҳои зарурӣ наандешидаанд.

Аз натиҷаи санҷишҳо 850 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шуд.

Тавре ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ҳанӯз ҳам монеаҳои сунъӣ дар роҳи рушди фаъолияти соҳибкорӣ аз байн нарафтаанд.

Санҷишҳои беасосу пай дар пайи баъзе кормандони мақомоти назоратӣ ба фаъолияти муътадили соҳибкорон ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Гузаронидани чунин санҷишҳо идома дошта, аз 233 772 санҷишҳои мақомоти назоратӣ-санҷишии ҷумҳурӣ 18 891 адад ғайринақшавӣ ва 15 362 адад такрорӣ мебошанд.

Ҳамзамон, ҳолатҳои аз ҳисоботи оморӣ пинҳон намудани санҷишҳо, бо натиҷаи онҳо қабул накардани қарор ва дигар қонуншиканиҳо ҳангоми санҷишҳо ҷой дошта, ҷиҳати бартараф намудани ин қонуншиканиҳо 221 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ шуда, 90 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ ва якчанд нафар корманди мақомоти назоратию санҷишӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишвар, ки боиси пайдо шудани мушкилиҳо дар иҷрои Буҷети давлатӣ гардидааст, зарурати мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва қатъиян пешгирӣ намудани тасарруфи онҳоро ба миён овардааст.

Дар натиҷаи амалӣ намудани назорати прокурорӣ 240 ҷиноят вобаста ба азонихудкунӣ ва исрофи маблағҳои буҷетӣ ошкор ва шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Риояи қонунгузории меҳнат таҳти назорати доимӣ қарор дошта, дар асоси санадҳои эътиноии прокуророн 79 млн. сомонӣ қарзи музди меҳнат пардохт шудааст.Аз ҳисоби қарзи қувваи барқ бошад, 23 млн. сомонӣ барқарор карда шуд.

Санҷиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», алалхусус дар қисмати истифодабарии қаъри замин ва конҳо ҳолатҳои бе иҷозатнома ва ё бо иҷозатномаи дигар субъектони хоҷагидор ба истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ машғул шудани субъектони хоҷагидорро муайян намуд.

Барои роҳ додан ба қонуншиканиҳо дар ин самт 700 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 47 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зарар ба маблағи зиёда аз 4 млн. сомонӣ барқарор карда шуд.

Дар самти назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи маориф ва ҷавонон диққати асосӣ ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб дода шуд.

Санҷиши ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қонунвайронкуниҳои зиёдеро дар фаъолияти раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ошкор намуд. Аз ҷумла, дар аскарияти муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Зафаробод, Айнӣ, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Хуросон ва Қубодиён то ҳол омӯзгорони ғайрисоҳавӣ ва ғайрифаннӣ таълиму тарбияи хонандагонро амалӣ менамоянд.

Сифати дарсҳои иловагии пулакӣ ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯй набуда, онҳо танҳо ба хотири намуди қонунӣ додан ба маблағҳои пулии аз ҷониби волидайни хонандагон пардохтшаванда амалӣ гардида, бе бастани шартнома, таҳия ва тасдиқи барномаҳои алоҳидаи таълимӣ ба роҳ монда шудаанд.

Бо дарназардошти аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳолати иҷрои он таҳти назорати ҳамарӯза қарор дошта, барои риоя накардани талаботи он 2 900 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 474 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Дар ин давра ноболиғон 693 (742) ҷиноят содир намудаанд, ки бештари онҳо ҷиноятҳои дуздӣ (494), ғоратгарӣ (11) ва авбошӣ (53) мебошад.

Новобаста аз ин вазъи содиршавии ҷиноятҳои авбошии гурӯҳӣ аз ҷониби ноболиғон ташвишовар боқӣ мемонад. Чунончӣ, дар шаҳри Душанбе соли гузашта 5 адад ва моҳи январи соли равон 3 ҳодисаи авбошии гурӯҳӣ аз ҷониби ноболиғон бо истифодаи корд содир шуда, боиси бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ва ҳалокати 2 нафари онҳо гардидааст.

Тафтиши пешакии ин ҷиноятҳо маълум намуд, ки байни ин гурӯҳҳо қаблан низ муноқишаҳо рух дода бошад ҳам, ҷиҳати минбаъд пешгирӣ намудани онҳо аз тарафи роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти давлатии ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ваколатдор чораҳои дахлдор андешида нашудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ баҳри пардохти пурраи андозҳо ва кам кардани бақияпулиҳои онҳо чораҳои дахлдор андешида шуд.

Тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат намудан ба рӯёнидани бақияпулиҳои андоз гурӯҳи корӣ таъсис дода, 40 млн. сомонӣ бақияпулиҳо ба буҷет ворид карда шуд.

Дар маҷмӯъ, бо дахолати прокурорҳо 236 млн. сомонӣ маблағи андозҳо ба буҷет ворид гардида, ба судҳо 50 аризаи даъвогӣ оиди рӯёнидани 24 млн. сомонӣ қарзи андоз пешниҳод ва пинҳон кардани андозҳо ба маблағи зиёда аз 25 млн. сомонӣ ошкор карда шуд.

Чунончӣ, шаҳрванд К. Р. Мухамедшоев дар давоми солҳои 2013-2016 бидуни қайд дар мақомоти андоз ба бунёд ва фурӯши хонаҳои истиқоматӣ машғул шуда, 4,5 млн. сомонӣ маблағи андозро пинҳон намудааст.

Амалияи назорати прокурорӣ нишон медиҳад, ки иҷро нагардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ на танҳо ба кам шудани воридот ва содирот, балки ба мавҷудияти ҳолатҳои зиёди қочоқи молу маҳсулот, кам нишон додани миқдор ва арзиши моли воридшуда ва дигар омилҳои субъективӣ вобаста аст.

Аз тарафи гурӯҳи корӣ дар ҳудуди вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо мақомоти гумрук 828 ҳолати қочоқи молу маҳсулот ошкор карда шуда, нисбат ба гунаҳгорон 160 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 12 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.

Дар рафти санҷишҳо ҳолатҳои бо роҳи қочоқ ба ҷумҳурӣ ворид намудани маҳсулоти пастсифат ва ба саломатии инсон зараровар низ ошкор карда шуд.

Соҳибкори инфиродӣ Н. Зайдова аз Ҷумҳурии Халқии Хитой 94 номгӯи маҳсулоти гуногуни хӯрокаи пастсифатро дар ҳаҷми 68 тонна ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ба ҷумҳурӣ ворид намуда, ғайриқонунӣ ба фурӯш баровардааст.

Вазъи иҷрои қонунгузорӣ оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, тамбашавӣ дар роҳҳо, фаъолияти муассисаҳои ронандатайёркунӣ ва ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ дар ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, натиҷаҳои он дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ бо иштироки мақомоти дахлдор муҳокима гардид.

Баҳри пешгирии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта тадбирҳои зарурӣ андешида, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, махсусан дар мақомоти идоракунии давлатӣ пурзӯр карда шуд.

Дар ин давра 803 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардида, вобаста ба ин ҳолатҳо 763 (691), аз ҷумла оид ба азонихудкунӣ 239, қаллобӣ 180, суиистифода аз мансаб ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ 33, инчунин порагирӣ 50 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.

Бо дарназардошти хавфи терроризму экстремизм ба амнияти давлат ва ба ҳаёти осоиштаи мардум фаъолият дар ин самт пурзӯр шуда, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ ҷиҳати пешгирии амалҳои террористӣ, ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба ин зуҳурот мусоидаткунанда тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Дар натиҷа, самаранокии ошкоркунии ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта беҳтар гардид.

Минтақаҳои аз нигоҳи шомилшавии сокинонашон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ осебпазири ҷумҳурӣ муайян ва бо аҳолии онҳо беш аз 1500 суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.

Бар асари омилҳои объективӣ ва амалӣ намудани чораҳои зикр­шуда шиддати шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба ташкилотҳои террористӣ паст гардида, соли 2016 иштироки шаҳрвандон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳайати ташкилотҳои террористӣ панҷ маротиба кам гардид.

Натиҷаи фаъолияти Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ вобаста ба пешгирӣ, ошкоркунӣ ва таҳқиқу тафтиши ҳолатҳои иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои ҳудуди дигар давлатҳо дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар баррасӣ ва аз натиҷааш қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Аз ҷониби Прокуратураи генералӣ лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳои дахлдор ба Кодекси ҷиноятӣ вобаста ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои хиёнат ба давлат ва дигар ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта омода шуд, ки он аз ҷониби мақоми қонунгузор қабул гардид.

Ҳамзамон, лоиҳаи «Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» таҳия гардида, 12 ноябри соли 2016 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Ба зиммаи Прокуратураи генералӣ вогузор намудани назорат ва ҳамоҳангсозии иҷрои Стратегияи мазкур масъулияти моро дучанд намуда, ҷиҳати амалисозии муқаррароти он тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки дар соли 2016 дар ҷумҳурӣ 21 756 (21585) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Дар самти ошкорсозии ҷиноятҳо фаъолияти прокуратура беҳтар гардида, дар ин давра 6615 (6524) ҷиноятҳо (30 фоиз) ба қайд гузошта шуданд, ки 1000 (974) адади онро ҷиноятҳои аз қайд пинҳоншуда ташкил медиҳад. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти прокуратура назорати тафтишоти пешакӣ ва таҳқиқ буда, прокуророн назорати тафтиши 20173 (18972) парвандаи ҷиноятиро амалӣ намудаанд.

Аз ин шумора, мақомоти тафтишотии ҷумҳурӣ тафтиши 11515 (10850) парвандаи ҷиноятиро анҷом дода, 9517 (9273) парвандаро бо хулосаи айбдорӣ ба суд ирсол намуданд. Аз ҷумла, муфаттишони мақомоти прокуратура 3200 (3114) парвандаи ҷиноятиро ба суд ирсол намуда, дар рафти тафтиши пешакӣ 65 (18) млн. сомонӣ зарар барқарор кардаанд, ки нисбат ба соли 2015- ум 3 маротиба зиёд мебошад.

Дар натиҷа, сифат ва самаранокии тафтиши пешакӣ беҳтар шуда, шумораи парвандаҳои ҷиноятии ба суд ирсолшуда ва маблағи зарарҳои барқароршуда зиёд, вайронкунии муҳлати тафтиши пешакӣ, дар судҳо қатъшавии парвандаҳои ҷиноятӣ ва ба тафтиши иловагӣ баргардонидани онҳо кам гардид.

Прокурорҳо бо 9123 (8314) парвандаи ҷиноятӣ айбдоркунии давлатиро дастгирӣ карда, дар баррасии 5017 (4617) парвандаи гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ иштирок намуда, дар таъмини адолати судӣ саҳм гузоштанд.

Баҳри бекор ва ё ба қонун мутобиқ намудани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ 533 эътироз оварда, оид ба барқарор намудани зарари ба давлат расонидашуда ба судҳо 534 даъво ба маблағи 300 млн. сомонӣ пешниҳод шудааст.

Назорати прокурорӣ оид ба иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ пурзӯр шуда, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 453 (382) санади эътиноии прокурорӣ оварда, 98 (76) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои ислоҳии мамлакат аз нигоҳи ҷавобгӯ будан ба талаботи амниятӣ, муҳофизати ҳудуд ва риояи реҷаи нигоҳдории маҳбусон мавриди санҷишҳои прокурорӣ қарор гирифта, вобаста ба камбудиҳои ошкоршуда чораҳои дахлдор андешида шудааст.

Аз натиҷаи санҷиши ҳолати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 1848 (1720) санади эътиноии прокурорӣ оварда, 1001 (869) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 140 (133) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати мубориза ба муқобили ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба боздоди маҳкумшудагон, Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Чехия ба имзо расида шуда, лоиҳаи созишномаҳо бо кишварҳои Индонезия, Таиланд, Қатар, Украина, Беларус, Шри-Ланка, Қувайт, Эстония ва Арабистони Саудӣ таҳия ва тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ба ин кишварҳо барои мувофиқа ирсол гардидаанд. Дар семинару симпозиумҳои байналмилалӣ 57 корманди мақомот иштирок намуда, сатҳи ҷаҳонбинӣ, дониш ва малакаи касбии худро баланд бардоштанд.

Ҷиҳати ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ ва саҳмгузорӣ дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ кормандони прокуратура бо коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ 10600 (9597) вохӯрию суҳбат гузаронида, тавассути воситаҳои ахбори омма 2346 (1993) маротиба баромад намуданд.

Дар раванди иштирок дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ аз тарафи Прокуратураи генералӣ 35 лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо таҳия ва пешниҳод гардида, то имрӯз 10 — тои онҳо аз ҷониби мақоми қонунгузор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.

Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мо ҳамарӯза аз дастгирию ғамхориҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати рушди фаъолияти мақомоти прокуратура, таъминоти моддӣ ва фароҳам овардани шароитҳои хизмативу маишӣ бархӯрдорем.

Бо истифода аз фурсат барои дастгирии ҳамаҷониба ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро изҳор менамоем.

Дар анҷом қайд карданиам, ки дар фаъолияти мақомоти прокуратура баробари пешравиҳо камбудиҳо низ ҷой доранд. Риоя ва иҷрои на ҳама қонун ба таври дахлдор таъмин гардида, назорати прокурорӣ ба иҷрои қонунгузории замин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ба тақвият зарурият дорад.

Муҳтарам Маҳмадсаид ­Убайдуллоевич!

Ҳисоботро дар бораи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли 2016 манзур намуда, Шумо ва аъзои Маҷлиси миллиро бовар мекунонам, ки соли равон ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо тадбирҳои самарабахш андешида минбаъд низ дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар кишвар саҳми арзандаи худро хоҳем гузошт.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озо­диҳои инсон, шаҳрванд ва қону­ният муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳозирин хуб медонанд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон прокурори генералӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллӣ ҳисоботдиҳанда буда, соле як маротиба дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад.

Аз ҳисоботи имсолаи прокурори генералӣ бармеояд, ки барои тат­биқи қарори зикршуда аз ҷониби мақомоти прокуратура тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.

Аз муҳтавои он бармеояд, ки пешравиҳо ва камбудиҳои соҳа муфассал таҳлил карда шуданд. Аз ин рӯ, мо маълумоти омориро такрор намекунем.

Ҳисобот аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар соли 2016 мақомоти прокуратура баҳри таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ, махсусан ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

Мақомот ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ, хариду фурӯши одамон, қонунвайронкуниҳои соҳаи нақлиёт, тандурустӣ, ҷашну маросим ва маъракаҳо, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои дахлдор андешидааст.

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният низ ҳисоботи пешниҳодшударо ҳаматарафа таҳлил карда, дар маҷмӯъ, фаъолияти мақомоти прокуратураро дар соли 2016- ум мусбат арзёбӣ менамояд.

Ҳамчунин, Прокуратураи генералиро зарур аст, ки дар доираи ваколат таҳлили ҳаматарафаро боз ҳам ҷоннок карда, дар фаъолияти минбаъда назорати прокурориро дар самтҳои зерин тақвият бахшад:

- баҳри пурзӯр намудани кор дар соҳаи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ чораҳои иловагӣ андешад;

- назорати прокурориро дар самти мубориза бар зидди коррупсия тақвият дода, пеш аз ҳама, дар байни кормандон тадбирҳои иловагӣ андешад;

- ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳимояи ҳуқуқи инсон, бахусус дар мавриди баррасии ҳаматарафа ва холисонаи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшудаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад;

- фаъолиятро дар самти назорати қонунӣ будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, иқтисодӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ беҳтар карда, диққати асосиро ба муҳлати баррасии парвандаҳо равона намояд;

- баҳри пешгирии муноқишаҳои гурӯҳӣ байни хонандагони мактабҳо, ки махсусан дар шаҳри Душанбе зиёд шудааст, чораҳои иловагӣ андешад.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳоло сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Маҳтобшозода Арамбегим Бозор дода мешавад.

 МАҲТОБШОЗОДА Арамбегим Бозор: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳисоботе, ки имрӯз аз ҷониби прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод пешниҳод гардид, масъалаи мубрами рӯз аст. Бояд гуфт, ки ҳодисаҳои худкушию суиқасд ба ҷони хеш аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз ривоҷ додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда, ҳодисаҳои худкушӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ то ҳол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷой доранд.

Худкушӣ зуҳуроти номатлуб буда, аз диди илмҳои равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ гуногун арзёбӣ мегардад. Аз назари равоншиносон худкушӣ танҳо хоси замони ҳозира набуда, аз қадим вуҷуд доштааст. Боиси нигаронии коршиносон аст, ки агар дар давоми садсолаҳои охир худкушӣ байни афроди миёнасол бисёртар бошад, дар солҳои охир қариб 50 фисади худкушӣ аз тарафи ҷавонон ба вуқӯъ омадааст.

Аз назари дини мубини ислом худкушӣ аз бузургтарин гуноҳҳои кабира буда, касе, ки ба Худои якто имон дошта бошад, набояд ба ҳаёт ва рӯҳи худ, ки амонати Худованд мебошанд, хиёнат намояд.

Аз нигоҳи равоншиносон омилҳо ва сабабҳои ба худкушӣ ва суиқасд ба ҷони хеш даст задани инсон гуногун буда, таъсири манфии шабакаҳои интернетӣ, муносибати нодурусти волидайн нисбат ба фарзандони гирифтори касалиҳои рӯҳӣ, инчунин муноқишаҳои ночизи оилавӣ ва монанди инҳо ба шумор мераванд.

Бо мақсади пешгирии худкушӣ дар назди раёсати тандурустии вилоят, Кумитаи кор бо занон ва оила, раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят телефонҳои «боварӣ» ташкил гардидаанд. Дар ин давра 20 нафар муроҷиат намуда, ба онҳо ёрии амалӣ расонида ду нафар ба беморхонаи вилоятии бемориҳои рӯҳӣ барои ташхису табобат бистарӣ шуданд.

Таҳлили ҳодисаҳои даст ба худкушӣ ва суиқасд ба он задан аз тарафи шаҳрвандон нишон дод, ки то 1 январи соли 2017 дар вилоят 29 (2015-ум 36) нафар шаҳрванд даст ба худкушӣ задаанд, ки аз онҳо 6 (9) ҳодиса дар шаҳри Хоруғ, 8 (7) ҳодиса дар ноҳияи Шуғнон, 3 (7) ҳодиса дар ноҳияи Рӯшон, 6 (9) ҳодиса дар ноҳияи Роштқалъа, 3 (2) ҳодиса дар ноҳияи Ишкошим ба қайд гирифта шудаанд. Дар натиҷа, 25 (30) нафар ба ҳалокат расидаанд.

Инчунин, 4 (6) ҳолати суи­қасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 3 (1) адад ба шаҳри Хоруғ, 1 (1) адад ба ноҳияи Шуғнон рост меояд. Соли 2016 дар ноҳияҳои Мурғоб ва Дарвоз ягон ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта нашудааст.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон нисбат ба соли 2015 коҳиш ёфтааст. Суиқасд ба ҷон бошад, назар ба соли гузашта ду ҳодиса зиёдтар ба қайд гирифта шудааст. Шахсоне, ки дар давраи мазкур ба худкушӣ ва суиқасд ба он даст задаанд, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташон тоҷик, сокинони вилоят буда, пеш суд нашудаанд, аз онҳо 16 нафар мард ва 13 нафар зан мебошанд.

Мувофиқи касбият ва вазъи оилавӣ бо маълумоти миёна шаш нафар, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чор нафар, донишҷӯй се нафар, дорои маълумоти олӣ ду нафар, нафақахӯр чор нафарро ташкил медиҳанд.

Усули даст ба худкушӣ ва суи­қасд ба он задан 21 ҳодиса бо роҳи овехтан, шаш ҳодиса бо роҳи ба дарё партофтан, як ҳодиса бо роҳи заҳролудшавӣ, як ҳодиса бо аломати зарари ҷисмонӣ амалӣ шудааст. Аз 29 ҳодисаи ба қайд гирифташуда 20 ададаш рӯзона ва нуҳ ададаш шабона содир шуда, 17 ҳодиса дар дохили хонаи истиқоматӣ ва 12 ҳодиса берун аз манзили зист ба вуқӯъ омадаанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷонро зери назорати доимӣ қарор додааст.

Аз мақомоти прокуратура хоҳиш менамоям, ки баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар маҳалҳо бисёртар вохӯриҳои судмандро доир намоянд.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳоло сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷаббори Ғаффор дода мешавад.

Ҷаббори ҒАФФОР: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нуҳум, ки дар баробари баррасии дигар масъалаҳо тавасути ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016» моро бо вазъи риояи қонунгузории кишвар ошно намуд.

Зимни ироаи ҳисоботи мазкур, ки дар заминаи таҳлили амиқ баён гардид, диққати маро масъалаҳои ҷинояту ҷинояткорӣ, бахусус дар самти пешгирӣ ва мубориза бо терроризм, экстремизм ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ бештар ҷалб намуд. Воқеан ҳам, солҳои охир пайдоиши таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили байналмилалӣ, дар ин замина мураккаб гардидани вазъи сиёсӣ — иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар минтақаҳои гуногун ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ин тамоилҳои манфӣ, аз ҷумла буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва болоравии сатҳи экстремизми сиёсӣ ва динӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намондааст.

Солҳои охир баъзе аз шаҳрвандони кишвари мо низ фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаройӣ гардида, ба ташкилотҳои террористию экстреместӣ шомил гаштаанд. Мутаассифона, 71 нафар шаҳрванди ноҳияи Бохтар низ ба ин гурӯҳҳо шомил гардидаанд, ки аз ин шумора 64 нафарро мардон, ҳафт нафарро занон ташкил медиҳанд, ки бо андешидани чораҳои дахлдор як нафари он ба Ватан бозпас оварда шуд.

Инчунин, аз 71 нафари бақайд­гирифташуда, ки 14 нафар қасди иштирок ва шомил шудан ба ДИИШ- ро доштанд, панҷ нафар дар Туркия, се нафар дар Федератсияи Россия ва шаш нафар дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дастгир шуда, нисбат ба онҳо аз тарафи мақомоти судӣ дар кишвар чораҳои маҳрумӣ аз озодӣ амалӣ шуд. Ҳамчунин, бо мақсади пешгирӣ ва бозпас гардонидани ин шахсон бо ташаббуси мақомоти иҷроия ва прокуратураи ноҳия як қатор чораҳои таблиғотӣ анҷом дода, бо волидони онҳо суҳбатҳои инфиродӣ мунтазам гузаронида мешавад.

Мутаассифона, ҳоло ҳам баъзе афроди ҷомеаи мо ба қадри сулҳу ваҳдат намерасанд ва бо маблағи бегонагон ба ташвиқи бегонапарастӣ ва фарҳангу мазҳаби ғайр, гумроҳ намудани мардум ва ноором кардани вазъи орому осудаи кишвар даст мезананд. Аз ин лиҳоз, ба мақсад мувофиқ меҳисобем, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм иҷрои талаботи қонунгузориро оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ боз ҳам пурзӯр намуда, ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, инчунин, бозпасгардонии ҷавонон аз мактабҳою марказҳои таълимоти экстремистию террористидошта ва ҷалби онҳо ба таҳсилу кор тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар айни замон бояд хотирнишон сохт, ки таҳкими ваҳдат дар як ҷомеа на танҳо ба омилҳои дохилӣ вобаста аст, балки омилҳои берунӣ низ дар ин раванд таъсир дошта метавонанд. Манзури ман шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мебошанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат менамоянд. Аз эҳтимол дур нест, ки ҳар яки онҳо аз ҷиҳати сиёсӣ ва ё гурӯҳӣ манфиатҳои худро дошта бошанд.

Аз ин лиҳоз, барои ба манфиатҳои умумимиллӣ созгор будан, таклиф менамоям, ки назорати прокурорӣ оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар мавриди будубоши онҳо дар кишвар пурзӯр шуда, ҷиҳати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, инчунин, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шавад.

Илова ба ин, ба мақсад мувофиқ аст, ки нисбат ба шабакаҳои интернетӣ, бахусус сомонаҳои дорои мазмуни террористию экстремистӣ, ки бо ҳамлаҳои пайвастаи иттилоотӣ ба тафаккур ва ҷаҳонбинии мардум таъсири манфӣ мерасонанд, низ назорати прокурорӣ тақвият дода шавад.

Дар интиҳо бо боварии комил гуфта метавонам, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар дар ҳамбастагӣ бо прокуратура ва дигар мақомоти дахлдор ҷиҳати пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва мус­таҳкам гардонидани пояҳои давлату давлатдории миллии кишвар тадбирҳои мушаххасу мақсаднок меандешанд.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Набизода Наим дода мешавад.

 Наим НАБИЗОДА: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Дар Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум мавриди баррасӣ қарор гирифтани ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Юсуфро масъалаи мубраму рӯзмарра арзёбӣ менамоем.

Бояд зикр намуд, ки дар ҳисоботи Прокурори генералӣ вазъи ­воқеии истифодаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт ва роҳҳои бартараф намудани онҳо, истифодаи мақсаднок ва самараноки замин ба таври возеҳ бозгӯйӣ шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки қисмати ҳисобот вобаста ба риоя ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон моро ҳамчун аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон водор месозад, ки дар навбати аввал худ ҳомии қонун бошем.

Пайваста дар баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад, ки тамоми чора баҳри он равона карда шавад, ки пеши роҳи қонуншиканиҳо дар ин самт гирифта шавад.

Бинобар ин, ҷиҳати ошкор намудани камбудиву норасоиҳо ва қонуншиканиҳо дар маҳал ба прокурори генералӣ изҳори миннатдорӣ намуда, кӯшишу ғайрат­ро ба он равона менамоем, ки фаъолияти муштарак бо мақомоти давлатии замин, шаҳрсозӣ ва дигар идораҳои дахлдор дар ин самт таъмин карда шаванд.

Бояд гуфт, ки дар якчанд деҳоти шаҳри Истаравшан ҳангоми истифодаи замин аз ҷониби шаҳрвандон қонуншиканиҳо оид ба истифодаи ғайримақсадноки замин ба чашм мерасанд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ бо дигар мақомоти назоратӣ, бахусус прокуратураи шаҳр, якчанд ҳолати худсарона ишғол кардани замин ошкор шуда, нисбат ба онҳо чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Нисбат ба 19 ҳолати худсарона ишғол кардани қитъаи замин 17 амри прокурори шаҳри Истаравшан вобаста ба бартарафкунии қонуншиканӣ ва ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаҳои замин содир шуда, дар асоси онҳо қарорҳои дахлдори раиси шаҳр ба имзо расида, замин дар масоҳати 6881 метри мураббаъ ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Соли гузашта аз тарафи мақомоти назоратӣ 322 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории замин ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 24 нафар аз тарафи Прокуратураи шаҳри Истаравшан мутобиқи қонунгузории ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки мақсаднок ва самаранок истифодабарии замин, риояи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии вобаста ба замин мунтазам дар маҷлисҳои машваратии назди раиси шаҳр ва Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Бартараф кардани сохт­монҳои худсарона ва ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаи заминҳои ишғолкардаи шахсони воқеӣ таҳти назорати доимии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дошта, тибқи талаботи қонунгузорӣ қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ба ҳолати аввала баргардонида мешаванд. Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти зикргардида чораҳои зарурӣ вобаста ба пешгирӣ то ғасби ғайриқонунии замин ва сохтмон дар он амалӣ шаванд.

Дар ин ҷода фаъолияти нозирони минтақавӣ дар маҳалҳо низ бояд назаррас бошад. Ҳамкории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти прокуратура дар ин ҷода ба манфиат буда, баҳри таъмини волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонун­шиканиҳо, бартараф намудани камбудиҳо, истифодаи оқилона ва самараноки замин амали асосӣ маҳсуб мешавад.

РАИС: - Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна дода мешавад.

Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба мо имконият фароҳам омад, ки оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016» андешаҳои худро баён намоем. Дарвоқеъ, ҳисоботи мазкур таҳлили дақиқро дар бар гирифта, моро аз ҳолати қонунгузории кишвар бархӯрдор намуд.

Баҳри фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ, таъмини ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони кишвар, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин қонунҳои миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Таҷрибаи даҳсолаи амалишавии қонуни мазкур исбот намуд, ки сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат то 31 фоиз коҳиш ёфта, сифати зиндагии мардум беҳтар гардидааст.

Оид ба талаботи иҷрои қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Варзоб, ки намояндагиашонро ҳамчун узви Маҷлиси миллӣ ба зимма дорам, дар ҳамбастӣ бо мақомоти дахлдор корҳои зиёд ба сомон расонида шуд.

Чунончӣ, дар ноҳияи Рӯдакӣ соли 2016-ум 8430 ва дар ноҳияи Варзоб 1145 ҷашну маросим ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2015 мутаносибан 592 ва 233 адад зиёд мебошад. Дар баргузории ин ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 29 млн. сомонӣ ва ноҳияи Варзоб зиёда аз 6 млн. сомонӣ маблағ сарф шудааст. Ин муддат дар ноҳияи Рӯдакӣ 23 ва дар ноҳияи Варзоб 7 амали риоя нашудани меъёрҳои қонуни мазкур ошкор ва нисбат ба гуноҳкорон чораандешӣ шудааст.

Ҳолати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам масъулини баъзе комиссияҳои доимӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ масъулияти баланд зоҳир наменамоянд ва ҷиҳати пешгирию ошкорсозии қонунвайронкуниҳо ва амалисозии корҳои ташвиқотию тарғиботӣ чораҳои зарурӣ намеандешанд. Дар дигар мавридҳо масъулин ба ҷои пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо худ даст ба ҷиноят мезананд.

Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ меҳисобем, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» назорати прокурориро тақвият бахшида, ҷиҳати пешгирию ошкорсозии қонунвайронкуниҳо ва амалисозии корҳои ташвиқотию тарғиботӣ чораҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.

Ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои таркибии он дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Варзоб қарор дорад.

Соли 2016 дар иртибот ба иҷрои талаботи қонуни мазкур дар 16 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ ва 7 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Варзоб бо иштироки масъулин, вакилони маҷлиси халқи ноҳия, намояндагони ҷамоати шаҳраку деҳот, кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ беш аз 100 мулоқоту вохӯрӣ гузаронида шуд.

Мутаассифона, иҷрои он аз ҷониби баъзе мақомоти дахлдор ва падару модарон моро ҳанӯз ҳам қонеъ карда наметавонад. Аз ҳисоботи мазкур бармеояд, ки сатҳи содиркунии ҷиноят дар ҷумҳурӣ байни ноболиғон рӯ ба афзоиш ниҳода, соли сипаришуда 647 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2015 (632) 15 ҷиноят зиёд мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз беназоратии баъзе падару модарон, муассисаҳои таълимӣ ва дигар мақомоти дахлдор даст ба қонуншиканӣ задани хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҷой дорад.

Аз ин лиҳоз, пешниҳод менамоям, ки ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои таркибии он, бахусус дар муассисаҳои таълимӣ бештар ба роҳ монда, оид ба пешгирии муноқишаҳои байнимактабӣ, содир намудани ҷиноятҳои авбошӣ, задухӯрдҳои гурӯҳӣ ва дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Мехостам аз номи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ баён намоям, зеро тӯли 7 моҳ аст, ки дар ин ноҳия бо роҳбарии Раҳмон Юсуф гурӯҳи корӣ санҷиш гузаронида истодаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки минбаъд қонуншиканиҳо ва ғасби замин пешгирӣ мешавад.

Бо боварии комил гуфта метавонам, ки ҳамчун узви Маҷлиси миллӣ фаъолият ва намояндагии худро дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Варзоб беҳтар намуда, дар иҷрои талаботи қонунҳои ҷорӣ якҷоя бо прокуратура ва дигар мақомоти дахлдор дар пешгирӣ, ошкорсозӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, бартараф намудани сабабу шароити ба қонуншиканӣ мусоидаткунанда, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ҳиссагузорӣ менамоем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи нав­батӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мекунем.

Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, 14-уми декабри соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул намудааст.

Мақсад аз он танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Қонун аз 5 боб ва 42 модда иборат буда, дар он асос­ҳои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатӣ, низоми мукофотҳои давлатӣ, имтиёз, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозгардида, маҳрум кардан аз мукофотҳои давлатӣ ва барқарор намудани мукофотҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Қонун ба Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст.

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муҳтарам  Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 Лоиқзода Қаноатшо Холиқ – Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шуда, 14-уми декабри соли 2016 аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст.

Он бо мақсади пешгирии қочоқи молу маҳсулот тавассути сарҳади давлатӣ, дастгирии истеҳсолоти ватанӣ қабул шудааст  ва ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда,  қарор қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 Лоиқзода Қаноатшо Холиқ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки  бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва 21-уми декабри соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст.

Тағйиру иловаҳо хусусияти муайянкунанда ва таҳрирӣ дошта, мафҳуми «шахси мансабдор», ваколатҳои ташкилию амрдиҳӣ ва маъмурию хоҷагидории ӯро мушаххас менамоянд.

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.        

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 Лоиқзода Қаноатшо Холиқ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагон 2 ноябри соли 2016 қабул гардидааст.

Мақсад аз он мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекс ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад. Аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи нав­батӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 Лоиқзода Қаноатшо Холиқ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва 10 ноябри 2016 аз ҷониби  Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст.

Он ҷиҳати пешгирии қочоқи молу маҳсулот аз сарҳади давлатӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ қабул гардида, ҷавобгарии маъмуриро барои қочоқ пурзӯр менамояд.

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба ҳисоб меравад.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 Лоиқзода Қаноатшо Холиқ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва 21 декабри соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст.

Мақсад аз он мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекс ба талаботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ва пешбинӣ кардани мафҳуми «шахси мансабдор» дар қонунгузории ҷорӣ мебошад.

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.   

РАИС: — Масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба ҳисоб меравад.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 19 октябри соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст. Дар натиҷаи омӯзиши ҳамаҷониба муайян гардид, ки дар қонуни пешниҳодшуда камбудиҳои зерин ҷой доранд:

1. Моддаи 21 прим 1-и қонуни мазкур ба талаботи банди 10-уми моддаи 34-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқат намекунад. Зеро моддаи зикргардида «Ворид шудан ба манзили истиқоматӣ ва иншооти дигар, қитъаҳои замин ва ҳудуд» номгузорӣ шудааст, аммо ба матни модда мувофиқ нест.

2. Дар қисми сеюми ҳамин модда мақсадҳои ворид шудан нишон дода шудаанд. Онҳо ба таври васеъ ифода ёфта, дар амалия метавонанд боиси вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон гарданд. Аз ҷумла, доираи ҷиноятҳое, ки ҷиҳати пешгирии онҳо воридшавӣ пешбинӣ гардидааст, номуайян мебошад.

Ҳолатҳои ҳодисаи нохуш низ бояд мушаххас ифода карда шаванд. Аз ин лиҳоз, Кумита пешниҳод менамояд, ки қонуни мазкур баргардонида шавад.

Бо инобати пешниҳоди Кумита Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва аз тарафи Маҷлиси намояндагон 2 ноябри соли 2016 қабул гардидааст.

Мақсади қонун мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар мақомоти амнияти миллӣ, бинобар соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар маҳдудиятро муқаррар менамояд.

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ба шумор меравад.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Аз ҷониби Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» баррасӣ гардид. Онро бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аъзои Маҷлиси миллӣ ва як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда, 1 декабри соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст.

Тағйиру иловаҳо меъёрҳои қонуни амалкунандаро ба талаботи қонунҳои дигар, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мутобиқ карда, истифодаи мафҳум ва истилоҳу ибораҳои якхелаи ҳуқуқиро таъмин менамояд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ буда, Кумита ба он эрод надорад. Аз ин лиҳоз, аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ  – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» оғоз мебахшем.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Он бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, Маҷлиси намояндагон 21-уми декабри соли 2016 қабул намудааст.

Ва бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои амалкунанда ба талаботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ва муқаррар кардани мафҳуми «шахси мансабдор» дар қонунгузории ҷорӣ қабул шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ буда, Кумита ба он эрод надорад. Аз ин лиҳоз, аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ  – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ мекунем.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:  - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод ва 2 ноябри соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардида, ҷиҳати бартарафсозии мухолифати дохилӣ, инчунин такмили ҳифзи иҷтимоии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба ҳисоб меравад.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва 1-уми декабри соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул шуда, барои баланд бардоштани масъулият баҳри бартараф кардани сабабу шароите, ки ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидат кардаанд, заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ  – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва 14 декабри соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст. Мувофиқи он, муқаррароти қонуни амалкунанда ба талаботи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» мутобиқ карда мешавад.

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шурӯъ мекунем.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:  - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва 16 ноябри 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул шудааст. Мувофиқи он минбаъд, ҳар сол, 10 январ ҳамчун «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд карда мешавад.

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба ҳисоб меравад.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва 1 декабри соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст. Мақсад аз он мутобиқсозӣ ба Конститутсия ва мукаммалгардонии меъёрҳои қонуни амалкунанда мебошад. Яъне тағйиру иловаҳои воридшаванда хусусияти таҳрирӣ ва мутобиқсозӣ доранд.

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» оғоз мебахшем.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод ва 1 декабри соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст.

Мақсад аз он барои мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи меъёрҳои дигар қонунҳо ва бартараф намудани мухолифати онҳо мебошад. Аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба ҳисоб меравад.

Сухан ба муҳтарам Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва 21 декабри соли 2016 аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст. Тағйиру иловаҳои воридшаванда хусусияти таҳрирӣ ва мутобиқсозӣ доранд.

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ  – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» оғоз мекунем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад.

 Фарҳод РАҲИМӢ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз ҷониби узви  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Аҳмадзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон А. Раҷабова, Н. Оқилзода, Г. Бобоева, Ҷ. Муртазоқулов ва Қ. Миралиён пешниҳод гардидааст, муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба низом ва идоракунии таҳсилоти калонсолон, ташкили раванди таълим, таъминоти илмию методӣ ва кадрӣ, инчунин фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолонро танзим менамояд.

Мақсад аз қабули он такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, муқаррар намудани заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии соҳаи таҳсилоти калонсолон, танзим намудани муносибатҳои ҳуқуқии вобаста ба таҳсил фаро гирифтани калонсолон, инчунин баланд бардоштани масъулияти субъектони таҳсилоти калонсолон ва пешрафти соҳаи таҳсилоти калонсолон мебошад.

Қонун аз 8 боб ва 33 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар раванди баамалбарории сиёсати давлатӣ дар самти таъсис ва фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон, мақсад ва вазифаҳои таҳсилоти калонсолон, ҳуқуқи калонсолон ба гирифтани таҳсилот, низоми таҳсилоти калонсолон, стандартҳои давлатии таҳсилоти калонсолон, таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ ва барномаҳои таълимӣ, доираи субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон, инчунин фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, заминаи моддию техникӣ ва фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолонро ба танзим медарорад.

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» шурӯъ мекунем.

Сухан ба муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад.

 Фарҳод РАҲИМӢ:  - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Х. Юсуфӣ, Ҳ. Қурбонзода, М. Қаландарзода, Г. Ашӯрова ва Т. Ҷобирзода бо мақсади татбиқи амалии дастур ва нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, таъмини шароити мусоиди зиндагӣ равона шудааст.

Қонун аз муқаддима, 6 боб ва 21 модда иборат буда, дар он ваколатҳои мақоми ҳокимияти давлатӣ дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати қабули қарор дар бораи расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, мақсад ва принсипҳои асосии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, маблағгузории кумакҳо ва ҳуқуқ ба гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, тартиби муроҷиат ва шаклҳои кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, тартиби таъин, давраҳои таъин, қатъ ва асосҳои қатъ намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, индикаторҳое, ки ҳангоми муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат ба ҳисоб гирифта мешаванд, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои чунин шаҳрвандон (оилаҳо), азнавҳисобкунии андозаи кумаки пулӣ ва феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба танзим дароварда шудааст.

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем.

Сухан ба муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад.

 Фарҳод РАҲИМӢ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Қаландарзода, Н. Оқилзода ва Қ. Миралиён бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекс бо дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барҳам додани мухолифати байни меъёрҳои ҳамин Кодекс бо дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тағйироти воридгардида ба моддаҳои 31, 32, 43, 45, 46, 51, 60, 66 ва 147 хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд. Ба монанди калимаҳои «қонунҳои гражданӣ» ба калимаҳои «қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», калимаҳои «иқоматгоҳ ва маҳали будубош» ба калимаҳои «маҳалли истиқомат ва будубош», калимаҳои «Тағйир додани» ба калимаҳои «Тағйир додан ё бекор кардани», калимаҳои «беэътибор кардан» ва «беэътибор донистани» мувофиқан ба калимаҳои «бекор кардан» ва «бекор кардани», калимаҳои «қонунҳои мурофиаи гражданӣ» ба калимаҳои «қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз ва аз қисми 1 моддаи 147 калимаи «маълумотноккунӣ» хориҷ карда шудааст.

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қонуни номбурдаро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» шурӯъ мекунем.

Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология  Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ  Қурбоналӣ дода мешавад.

 ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ  Қурбоналӣ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонун бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод ва аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 декабри соли 2016 қабул гардидааст.

Бо дарназардошти хулосаи пешниҳоднамудаи Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, ки мутобиқи он ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 171 бо муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» мухолифатро ба миён овардааст, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда нашавад ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шавад.

Бо инобати пешниҳоди Кумита Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмат­расониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» оғоз мекунем.

Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва аз тарафи Маҷлиси намояндагон 26 октябри 2016 қабул гардида, асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти низоми пардохтӣ ва тартиби пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди низоми пардохтӣ равона карда шудааст.

Қонун аз 7 боб ва 35 модда иборат буда, бобҳои 1 ва 2-и он мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ, тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтӣ, тартиби интиқоли маблағҳо, фармоиши пардохтӣ, тартиби барои иҷро қабул намудан ва иҷро кардани он, хусусиятҳои анҷом додани интиқоли маблағ бо талаби маблағгиранда ва тартиби истифодаи воситаҳои электронии пардохтиро дар бар мегиранд.

Дар бобҳои 3 ва 4 талабот нисбат ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ (ташкилотҳои қарзӣ) ҳангоми интиқоли маблағҳои электронӣ, анҷом додани интиқоли маблағ бо талаби маблағ­гиранда, тартиби истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ  ва талабот нисбат ба фаъолияти таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ ва оператори алоқа, ки ба хотири муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм нигаронида шудааст, пурзӯр гардидааст. Минбаъд онҳо муваззаф мешаванд, ки ба Бонки миллии Тоҷикис­тон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Бобҳои 6 ва 7 назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии назорат, тартиби гузаронидани санҷиши ташкилотҳои назоратшаванда, чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ, ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомоти давлатӣ ҳангоми амалисозии назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории байналмилалии Бонки миллӣ оид ба назорати низоми пардохтӣ, қоидаҳои гузариш ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкурро ба танзим медароранд.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хизмат­расониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мебошад.

Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 декабри соли 2016 қабул намудааст.

Он бо мақсади паст намудани таъсири омилҳои буҳрони молиявӣ, таъмини қисми даромади Буҷети давлатӣ, иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлатӣ ва маблағгузорӣ ҷиҳати бунёди иншооти муҳими аҳамияти стратегидошта қабул шудааст.

Аз ҷумла, ба сархати сеюми моддаи 252 Кодекси андози амалкунанда тағйирот ворид карда шудааст, ки мутобиқи он муҳлати аз байн бурдани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз 1 январи соли 2017 ба 1 январи соли 2018 тамдид карда мешавад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Барои баррасӣ масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мегардад.

Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 ноябри соли 2016 қабул гардидааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал гардонидан ва мутобиқ намудани қонуни амалкунанда бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Бо мақсади мутобиқгардонӣ дар ном ва матни қонуни амалкунанда ва матни моддаи 2 тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридошта ворид  карда шудаанд.                                                                                                                                         Дар қисми сеюми моддаи 61-и қонуни амалкунанда рақами «10» ба рақами «15» иваз карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд «Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои 15 сол таҳия мегардад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» шурӯъ мекунем.

Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагон 2 ноябри соли 2016 қабул гардидааст.

Қонун бо мақсади такмил додан, мутобиқ намудан, инчунин  такмилдиҳии раванди пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ ба субъектҳои хоҷагидор ҷиҳати истифодаи васеи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ қабул гардидааст.

Аз ҷумла, ба қисми дуюми моддаи 8 –уми қонуни амалкунанда сархати нави дуюм илова шудааст, ки мутобиқи он минбаъд таҳия ва тасдиқи қоидаҳои аккредитатсияи ташкилотҳои касбии муҳосибон ба салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, яъне ба Вазорати молия вогузор карда мешавад. Ҳамчунин, ба қисми 9 моддаи 10 -уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд, ки онҳо хусусияти мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» оғоз мекунем.

Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва аз тарафи Маҷлиси намояндагон 2 ноябри соли 2016 қабул гардидааст.

Он бо мақсади такмил додани қонуни амалкунанда, инчунин таъмини амнияти иттилоотӣ дар системаи телекоммуникатсия ва баланд бардоштани масъулияти истифодабарандагони алоқаи барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шудааст.

Аз ҷумла, ба моддаи 2 -юми қонуни амалкунанда сархати нави ҳабдаҳум илова гардидааст, ки мутобиқи он мафҳуми системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ шарҳ дода шудааст. Инчунин, ба  қисми якуми моддаи 6 сархати шашум илова гардидааст, ки мутобиқи он ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқи тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ васеъ карда шудаанд.

Ба қисми якуми моддаи 20 сархатҳои нави дуюм ва сеюм илова карда шудаанд, ки мутобиқи онҳо операторон ва провайдерон минбаъд вазифадоранд ҳамкориро бо системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва васли воситаҳои мобилии алоқаи барқии дар системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ бақайдгирифташударо ба шабакаи алоқаи барқӣ таъмин намоянд.

Ҳамчунин, ба қонуни амалкунанда моддаи нави 301 илова шудааст, ки мутобиқи он мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ дар доираи ваколатҳои худ риояи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ, хизматрасонӣ ва истифодабарии  онро назорат намуда, ҷиҳати иҷрои талаботи муқарраргардида чораҳои дахлдор меандешад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси       миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:- Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» аст.

Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ Ҷаббори Ғаффор ва вакили Маҷлиси намояндагон Исмоилзода Зуфар Муртазохон пешниҳод ва  аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 10 ноябри соли 2016 қабул гардидааст.

Он бо мақсади такмил додан, инчунин бартараф намудани норасоиву камбудиҳои ҷойдошта, зарурати истифодаи мафҳум ва истилоҳу ибораҳои якхелаи ҳуқуқию мантиқӣ бо дарназардошти техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мутобиқати дохилии қонуни амалкунанда қабул гардидааст. Аз ҷумла, моддаҳои 2 ва 3- юми қонуни амалкунанда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонида, ба моддаҳои 5 ва 7- уми қонуни амалкунанда бо дарназардошти мутобиқгардонӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридошта ворид карда шудаанд.

Инчунин, ба қисми якуми моддаи 6- уми қонуни амалкунанда сархати нави якум илова шудааст, ки мутобиқи он  минбаъд татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи хусуси­гардонии моликияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъмин менамояд.

Ҷиҳати мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гражданӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ва «Дар бораи қоғазҳои қиматнок» ба моддаҳои  9, 10, 11,13, 14 ва 142 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт» оғоз мекунем.

Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Ҷаб­бори Ғаффор, Абдураҳмонзода Саид­раҳмон ва вакилони Маҷлиси намояндагон Насриддинзода Эмомалӣ, Муҳиддиниён Пӯлод ва Мансурӣ Дилрабо Сайдулло пешниҳод ва аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2016 қабул гардидааст.

Он бо мақсади мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи нафт ва газ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва «Дар бораи забони давлатӣ», барои содафаҳм намудани баъзе ибора ва истилоҳҳои он, инчунин барои бартарафсозии мухолифати ҷойдошта қабул гардидааст.

Аз ҷумла, бо мақсади мутобиқ гардонидан ва мукаммал намудани қонуни амалкунанда ба ном, дебоча ва моддаҳои 1, 2, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10 ва 11  тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридошта ворид гардидаанд.

Инчунин, моддаи 12 дар таҳрири нав ифода шудааст, ки мутобиқи он минбаъд танзими давлатии содироту воридоти маҳсулоти нафт мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, аз ҷумла бо роҳи тасдиқи (тағйир додани) меъёрҳои аксиз, боҷҳои гумрукӣ, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ, квота барои содироту воридоти маҳсулоти нафт, инчунин чораҳои дигаре, ки аз шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бармеоянд.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам ба ҷонибдории қонуни пешниҳодшуда овоз диҳед.

 Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда ва маблағ­гузории терроризм» аст.

Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда ва маблағгузории терроризм» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод ва аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 21 декабри соли 2016 қабул гардидааст.

Қонун бо мақсади мутобиқгардонӣ ба талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризм (ФАТФ) ва барои боз ҳам мукаммал намудани фаъолияти низоми муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин таъмини амнияти миллӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида ба қонуни амалкунанда, дар маҷмӯъ, 84 тағйиру илова ворид карда шудааст, ки ин тадбир ба беҳсозии фаъолияти мақомоти ваколатдори мубориза бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом равона гардидааст. Ҳамчунин, ба номи қонун ва матни он истилоҳ ва мафҳумҳои нав илова шудаанд, ки ин яке аз талаботи пешбининамудаи ФАТФ мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» оғоз мекунем.

Сухан  ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

 Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ:  - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 ноябри соли 2016 қабул гардидааст.

Он бо мақсади такмили қонунгузории хизмати давлатӣ, мутобиқ намудани матни он ба тағйиру иловаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқ намудан ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», инчунин таҳкими заминаҳои ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ таҳия гардидааст.

Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида ба моддаҳои 1,4,11,14,15,18,27 ва 30-юми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки онҳо характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, номувофиқатии меъёрҳои дар қонун ҷойдоштаро аз байн мебаранд. Аз ҷумла, калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шуда, калимаи «Делои» ба калимаи «Парвандаи», калимаҳои «ному насаб» ба калимаҳои «насаб, ном ва номи падар», калимаҳои «Тартиби гузаронидани озмун ва намудҳои онро» ба калимаҳои «Қоидаҳои гузаронидани озмунро» иваз карда шудаанд.

Бо мақсади иҷрои талаботи Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, танзими иловагии масъалаҳои доштани шаҳрвандии давлати хориҷӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчии давлатӣ ба моддаҳои 16, 23, ки ҳолатҳои ба хизмати давлатӣ қабул намудани шаҳрванд ва дар хизмати давлатӣ будани хизматчии давлатӣ, инчунин, асосҳои қатъ шудани хизмати давлатиро пешбинӣ менамояд, сархатҳои нав илова гардидааст.

Ҳамчунин, ба қисми 1 моддаи 28, ки уҳдадориҳои асосии хизматчии давлатиро муайян менамояд, сархати 11 бо мазмуни зерин илова гардидааст:

«- аз рӯзи гирифтани иттилооти расмӣ дар бораи қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ба роҳбари мақомоти давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, хабар диҳад;».

Инчунин, ба моддаи 41- уми қонуни амалкунанда қисми 4 илова гардидааст, ки тибқи он минбаъд дар мавриди такроран ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин (интихоб) шудани шахсоне, ки нафақа мегиранд, пардохти нафақаи онҳо қатъ ва ҳангоми аз мансаб озод шудани чунин шахсон пардохти нафақаи онҳо дар асоси собиқаи корӣ дар рӯзи охирини аз мансаб озод шуданашон аз нав барқарор карда мешавад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи навбатии рӯзнома – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мебошад.

Сухан ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

 

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:  - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2016 қабул гардидааст.

Қонун бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ, мутобиқ намудани меъёрҳои он бо санадҳои дигари қонунгузорӣ таҳия гардидааст. Ба ин хотир сархати 10 моддаи 1 дар таҳрири нав ифода гардидааст.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:  — Ба баррасии  масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» оғоз мекунем.

Сухан ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

 ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон М. Имомзода ва М. Раҷабзода пешниҳод ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябри соли 2016 қабул шудааст.

Қонун бо мақсади такмил ва таҳрири қонуни амалкунанда, ки асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолият ва кафолати давлатии озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба онҳоро танзим менамояд, таҳия гардидааст.

Бо ин мақсад  аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ ва дар моддаи 8 калимаҳои «якчанд муассис» ба калимаи «муассисон», дар моддаи 11  калимаи «хориҷи» ба калимаи «боҷи», калимаҳои «маълумот ва ҳуҷҷатҳои» ба калимаи «маълумоти» ва калимаҳои «баҳисобгирии воситаҳои» ба калимаҳои «баҳисобгирии давлатии воситаҳои» иваз карда шудаанд.

Инчунин, тибқи тағйироти ба моддаи 111 воридгардида ба қисми 1 пас аз калимаҳои «воситаҳои ахбори омма ба» ва ба қисми 2 пас аз калимаҳои «тобеи ӯ ба» калимаҳои «муассиси (муассисони) ё редаксияи» илова карда шуда, аз сархати дуюми қисми 1 моддаи 112 калимаҳои «ҷудо кардан,» хориҷ карда шудааст. Дар сархати дуюми моддаи 26 калимаҳои «ё шахсе, ки тафтиш мебарад» ба калимаҳои «ё таҳқиқбаранда» иваз карда шудаанд.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Панҷакент ва Конибодом, ноҳияҳои Ашт ва Спитамени вилояти Суғд» аст.

Сухан ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

 Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Оид ба номивазкунии баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Панҷакент ва Конибодом, ноҳияҳои Ашт ва Спитамени вилояти Суғд»  таҳти  № 500 аз 26 ноябри соли 2016 таклиф ба миён гузошта шудааст, ки номи деҳаи Муғулони поён ба деҳаи Сафобахши деҳоти «Амондара», деҳаи Қизилчар ба деҳаи Зарринрӯди деҳоти «Амондара», деҳаи Камартош ба деҳаи Камардашти деҳоти «Саразм», деҳаи Ҷомбулоқ ба деҳаи Ҷомчашмаи деҳоти «Косатарош», деҳаи Тегирмонтеппа ба деҳаи Осиёбтеппаи деҳоти «Саразм», деҳаи Кӯктош ба деҳаи Кабудсанги деҳоти ба номи Халифа Ҳасан, деҳаи Кичиқ Шӯрнова ба деҳаи Шӯрноваи хурди деҳоти «Саразм»- и шаҳри Панҷакент, деҳаи Шаҳидқароянтоқ ба деҳаи Диловарони деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов, деҳаи Яккатерак ба деҳаи Сафедораки деҳоти «Патар»- и шаҳри Конибодом, деҳаи Қӯрғонча ба деҳаи Қалъачаи деҳоти «Меҳробод», деҳаи Қамишқӯрғон ба деҳаи Хуҷистони деҳоти «Меҳробод»-и ноҳияи Ашт, деҳаи Оқтеппа ба деҳаи Сафедтеппаи деҳоти «Истиқлол», деҳаи Фармонқӯрғон ба деҳаи Фармонқалъаи деҳоти «Хуррамзамин», деҳаи Саидқӯрғон ба деҳаи Саидқалъаи деҳоти «Истиқлол», деҳаи Қӯштегирмон ба деҳаи Сариосиёи деҳоти «Сарбанд»- и ноҳияи Спитамен тағйир дода шаванд.

Дар маҷмӯъ, пешниҳод шудааст, ки дар шаҳри Панҷакент номи 7 деҳа, шаҳри Конибодом номи 2 деҳа, ноҳияи Ашт номи 2 деҳа ва ноҳияи Спитамен номи 4 деҳа тағйир дода шавад.

Мақсад аз тағйир додани номи ин деҳаҳо мувофиқ намудани амали номгузорӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва дар ин замина эҳё намудани номҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, ки аз қадимӣ будани ин мавзеъҳо дар ҷумҳуриамон шаҳодат медиҳад, инчунин, ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони деҳаҳо мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи  Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Панҷакент ва Конибодом, ноҳияҳои Ашт ва Спитамени вилояти Суғд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: -Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Ховалинг, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ёвони вилояти Хатлон» аст.

Сухан ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

 ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳодоти Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Ховалинг, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ёвони вилояти Хатлон» таҳти № 454 аз 28 октябри соли 2016 таклиф ба миён гузошта шудааст, ки номи деҳоти «Сари Осиёб»- и ноҳияи Ховалинг ба деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо, шаҳраки Колхозободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба шаҳраки Балх, деҳоти «Туғаланг»- и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба деҳоти «Ҳалевард», деҳаи Коминтерни деҳоти ба номи Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба деҳаи Кишоварзон, деҳаи ба номи Ленини деҳоти ба номи Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба деҳаи Деҳқонобод, деҳаи Коммунизми деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба деҳаи ба номи Саид Кароматулло, деҳаи НКВД-и деҳоти «Навобод»- и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба деҳаи Чорбоғ, деҳаи Ленин-юли деҳоти «Навобод»- и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба деҳаи ба номи Абдулло, деҳаи Қизил-Тоҷикистони деҳоти «Навобод»- и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба деҳаи ба номи Асадулло, деҳаи ба номи Чапаеви деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба деҳаи Наврӯз, деҳаи Чаманбулоқи деҳоти «Даҳана»- и ноҳияи Ёвон ба деҳаи Чаманзор, деҳаи Қармиши деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвон ба деҳаи Яккатут, деҳаи Утагани деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба деҳаи Гулибодом, деҳаи Қулободи деҳоти «Чоргул»- и ноҳияи Ёвон ба деҳаи Кӯлобод, деҳаи Қирғочаки деҳоти «Обшорон»-и ноҳияи Ёвон ба деҳаи Анористон, деҳаи Тутбулоқи сари санги деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвон ба деҳаи Тутчашма тағйир дода шавад.

Дар маҷмӯъ, пешниҳод шудааст, ки дар вилояти Хатлон номи 2 деҳот, 13 деҳа ва як шаҳрак тағйир дода шавад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи  Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Ховалинг, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ёвони вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Даштаки деҳоти «Сучон»-и ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон» оғоз мекунем.

Сухан ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:  - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Даштаки деҳоти «Сучон»-и ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» таҳти № 499 аз 26 ноябри соли 2016 қобили дастгирист.

Маҳалли аҳолинишини Даштак аз 137 хоҷагӣ иборат буда, 821 нафар аҳолӣ дорад, ки ба онҳо 1 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 10 нуқтаи савдои молҳои саноатию хӯрокворӣ, шуъбаи алоқа, 2 нуқтаи хизматрасонии телефонӣ, бинои Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии «Ватан», хонаи фарҳанг, китобхона, утоқи санитарӣ, ошхона, оҷонсии «Амонатбонк»-и ноҳияи Шуғнон, 2 ҳаммом, бунгоҳи тиббӣ ва нуқтаи хизматрасонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» хизмат мерасонанд.

Ба деҳа табдил додани маҳалли аҳолинишини Даштак зарур аст, зеро аз сабаби номи алоҳида надоштани ин маҳалла барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ, ба монанди раъйпурсӣ ва интихобот, чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишиву оммавӣ душвориҳо пеш меоянд. Дар сурати ба деҳа табдил додани он мушкилоти мазкур роҳи ҳалли худро ёфта, баҳри идора намудани равандҳои ҷамъиятӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Даштаки деҳоти «Сучон»-и ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Ҳуҷҷати хотимавии Форуми V байнипарламентии «Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ба ҳисоб меравад.

Сухан ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

 ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тавре маълум аст, 13 октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе Форуми V байнипарламентии «Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» баргузор гардид.

Иштирокчиёни он масъалаҳои гуногуни густариши ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро таҳлилу баррасӣ ва хулосаву назари худро дар ҳуҷҷати хотимавии Форум дарҷ намудаанд. Дар асоси Ҳуҷҷати хотимавии Форум Нақша — чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонг оид ба татбиқи Ҳуҷҷати хотимавии Форуми V байнипарламентии «Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» таҳия гардида, барои баррасӣ ва тасдиқ ба шумо пешниҳод шудааст.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Ҳуҷҷати хотимавӣ ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Ҳуҷҷати хотимавии Форуми V байнипарламентии «Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи  Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Ҳуҷҷати хотимавии Форуми V байнипарламентии «Тоҷикистон — Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.               

РАИС: -Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бозхонд намудани Мансурзода Н.» мебошад.

Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба  масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи  ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Маҷлиси миллӣ  ва  Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода  мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло

пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 10 феврали соли 2017 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи бозхонд намудани раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурзода Наим ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Мансурзода Н.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бозхонд намудани Ҳасанзода Н. М.» мебошад.

Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло

пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 3 феврали соли 2017 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи бозхонд намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Насим Манон ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ҳасанзода Н. М.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қамарзода Р.» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло

пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 3 феврали соли 2017 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи бозхонд намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қамарзода Рошиддин ирсол мегардад.

 Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қамарзода Р.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

 РАИС: — Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Қаландарзода М. С.» аст.

Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло

пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи интихоб намудани раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ирсол мегардад.

Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ 5 сентябри соли 1965 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 17 солу 7 моҳ собиқаи кори касбӣ мебошад. Аз соли 1998 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи суди ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд ва муовини раис — котиби Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз 1 марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Номзадии Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қаландарзода М. С.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:- Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қамарзода Р.» мебошад.

Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло

пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  пешниҳод дар бораи интихоб намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қамарзода Рошиддин ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қамарзода Р.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзозода И. Ш.» мебошад.

Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло

пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи интихоб намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Исроил Шоҳимардон ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзозода И. Ш.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.            

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ  — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Саидзода М. М.» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло

пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи интихоб намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Маҳмадисо Мурод ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани  Саидзода М. М.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани Абдураҳмонзода  С. Н. бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мебошад.

Пешниҳод менамоям, ки узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Абдураҳмонзода  Саидумрон Назар барои фаъолияти пурсамар бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сарфароз гардонидани Абдураҳмонзода  С. Н. бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

 РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода С. Н.» шурӯъ менамоем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода С. Н.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ — баррасии  лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният хориҷ намудани Абдураҳмонзода С. Н.» мебошад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ,  ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният хориҷ намудани Абдураҳмонзода С. Н.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур хориҷ намудани Абдураҳмонзода С. Н.» мебошад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз ҳайати Комиссияи  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур хориҷ намудани Абдураҳмонзода С. Н.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб намудани Ҷӯразода Ҷ. Ҳ.» мебошад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб намудани Ҷӯразода Ҷ. Ҳ.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи узви Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур  интихоб намудани Ҷӯразода Ҷ. Ҳ.» мебошад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи узви Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур  интихоб намудани Ҷӯразода Ҷ. Ҳ.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи ниҳоии рӯзнома — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» мебошад.

Роҷеъ ба ин масъала роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шамсзода Абдуҷаб­бор Саймумин ахборот дод.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2017» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Соли 2016 Маҷлиси миллӣ ҷамъ 102 қонун, аз ҷумла қонуни мукаммал: 2 қонуни конститутсионӣ ва 7 қонун, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 91 қонун оид ба такмили қонунгузории кишвар, 1 қонун роҷеъ ба аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузорӣ, инчунин 18 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тартиби таъсис ва тағйири воҳид­ҳои маъмурию ҳудудиро баррасӣ намуда, вобаста ба онҳо ва дигар масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум пурра  баррасӣ гардиданд.  Доир ба тартиби бурдани иҷлосия, баррасӣ намудани масъалаҳо таклифу эродҳо ҳастанд? Ба раисони кумитаҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ барои иштироки фаъолона дар кори иҷлосия ташаккур мегӯям.

Бо ҳамин Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ,

Бурҳониддин КАРИМОВ,

Сайфиддин СУНАТОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ