Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон саҳми беандозаи модари азизашонро дар таълиму тарбия қайд намудаанд. Аз гуфтаҳои Пешвои миллат бармеояд, ки модарашон зани хирадманду оқила ва дурандешу таҳаммулпазир буданд. Маҳз бо мусоидати модари меҳрубону хирадманд чунин фарзанди баору номус ва боидроку бомулоҳиза ба воя расид.
Инак, аз меваи хиради модари бузургвор на танҳо мардуми кишвар, балки тоҷикони ҷаҳон баҳра мебаранд. Ҳар лаҳза ки Пешвои миллат дар бораи модари бузургворашон сухан гӯянд, аз чашмонашон баръалост, ки то чӣ андоза нисбат ба ин олиҳа меҳру садоқат доранд.
Зан беҳтарин муъҷиза аст, ки Офаридгор онро офарида, ба ӯ зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ ва меҳру муҳаббат эҳдо кардааст.
Хонадоне, ки аз нусрату баракати зан баҳравар нест, он ҷо баракат нест. Дар урфият гуфтаанд: «Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст». Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз одамиро дар зиндагӣ беҳтар аз муҳаббати модар роҳбаладӣ ва ҳимоя карда наметавонад. Ба ин маънӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъол иброз дошта буданд: «Ҷомеае, ки ба зан — модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар — ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Дар ҳақиқат, худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодманишии зани тоҷик имкон медиҳад, ки дар идоракунии давлат ва ҷомеаи солим низ ҳиссаи арзанда гузошта тавонад.
Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон зикр намудаанд, ки «Дар саҳифаҳои дурахшони таърихи миллатамон номҳои Гурдофарид, Томирис, Рухшона, Маликаи Бухорхудот, Робиаи Балхӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Зебуннисо ва садҳо модарону хоҳарони хирадманду фарзона, донишманду оқила, размандаву ҷасур бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд. Зеро кору пайкори онҳо то ҳанӯз намунаи ибрат, сабақи зиндагӣ, сазовори пайравӣ ва ифтихори миллати тоҷик мебошад».
Фаромӯш набояд кард, ки Марямбибӣ ва Аламбибӣ аввалин муаллимаҳое мебошанд, ки чодар аз сар партофта, барои озодии насли наврас дар кӯҳистон мубориза бурда, аз дасти босмачиёни дастаи хунхори Фузайл Махсум ваҳшиёна кушта шудаанд. Ойгул Муҳаммадҷонова лётчикзани тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бар зидди фашизм муборизаи беамон бурдааст.
Надежда Крупская, на танҳо ҳамсари вафодору хирадманди В. И. Ленин, балки омӯзгор-педагог ва олими барҷаста буда, дар дастовардҳои В. И. Ленин саҳми бориз дорад. Зоя Космодемянская — партизандухтари рус барои ҳимояи Ватан аз фашизм ҷонбозиҳо карда, мардонавор ҷон нисор намудааст. Амсоли ин, садҳо мисолҳо оварда метавонем, ки занон дар мардонагию матонат аз мардон кам нестанд.
Мо — занони даврони соҳибистиқлолӣ шукргузорӣ мекунем, ки даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ба тасвиб расиданд. Аз он мефахрем, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занон эътимод ва боварии комил дошта, онҳоро доимо пуштибонӣ мекунанд.
Бешак, хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба қадру қимат ва эҳтироми зан — модар бағоят бузург аст.
«Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва неруи зиндагӣ ато мекунад. Дар қалби бузурги модар ҷаҳон ҷой мегирад», — таъкид намудаанд Пешвои миллат.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба матонати зани тоҷик баҳои баланд дода, гуфтаанд: «Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст».
Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи занҳо дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ — 68, фарҳанг 51 фоизро ташкил медиҳад.
Теъдоди занон дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи он 2896 нафар (24,5 фоиз) ва дар мансабҳои роҳбарикунандаи онҳо 509 нафар (16,6 фоиз), дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 986 нафар (26,5 фоиз) ва дар мансабҳои роҳбарикунандаи онҳо 305 нафар (20,9 фоиз), дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 550 нафар (16,5 фоиз) ва дар мансабҳои роҳбарикунандаи он 230 нафар (19,9 фоиз) мебошад.
Ҳамчунин, Президенти кишвар дар Паёми имсолаашон қайд намуданд, ки: «Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад».
Ҳоло ҳашт зан узви Маҷлиси миллӣ ва 15 бону вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Теъдоди вакилзанон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо низ чанд маротиба афзуд.
Зан-модар дар тарбияи ахлоқии фарзанд нақши муҳиму бориз дорад. Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Сухани пурҳикмату таъсирбахши занону модарони бомаърифат қудрате дорад, ки каҷравонро ба роҳи рост, ҷинояткоронро ба адлу инсоф, хиёнаткоронро ба сидқу сафо, ношукру носипосонро ба фурӯтаниву шикастанафсӣ роҳнамун месозад». Ба ин суханони пурҳикмат чизе илова карданро ҷоиз намедонам.
Лутфия АБДУЛХОЛИҚЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон