- Зан-модар бузургтарин офаридаи Худованд аст. Ӯ на танҳо фарзанд ба дунё меораду тарбия менамояд, балки баробари мардон дар ҳама соҳа фаъолияти пурмаҳсул дорад. Беҳуда шоири шаҳир устод Мирзо Турсунзода нагуфтааст:
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Воқеан, ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ ҳанӯз дар замони шӯравӣ шурӯъ шуда бошад ҳам, соҳибистиқлолии кишвар ин равандро инкишоф дод. Аз ин ҷост, ки имрӯз онҳо дар вазифаҳои масъули давлатӣ фаъолият карда истодаанд, — бо ин суханон ба суҳбат оғоз бахшид муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дар арафаи Рӯзи Модар.
- Шумо аз зумраи бонувоне ҳастед, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои масъули давлатӣ фаъолият менамоед. Лутфан бигӯед, ки соҳибистиқлолии кишвар ба болоравии мавқеи занон дар ҷомеа то кадом андоза мусоидат кард?
- Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа тадбирҳои судмандро амалӣ гардонид.
Маҳз Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятро фароҳам оварданд то занони қавииродаву боҷасорат ба арсаи васеи сиёсат ворид гарданд. Дар баробари ин, мавқеи занонро дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанг таҳким бахшида, барои истифодаи неруи онҳо заминаи устувор гузоштанд. Занону модарони бонангу номус ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд. Ба хотири ҳифзи ҳуқуқ мисли Гурдофарид ба қиём баромаданд. Дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд.
Ҳамин неруву ҷасорати занонро ба инобат гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»-ро ба имзо расониданд.
Минбаъд ба хотири дастгирии занон якчанд қонун, барнома ва стратегияҳои давлатӣ ба тасвиб расиданд, ки ҳар кадоми онҳо ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занону духтарон нақши муҳим бозиданд.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба хотири ҳифзи ҳуқуқи занону духтарон беш аз 20 ҳуҷҷати муҳими давлатӣ қабул ва Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 узви Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан гардид.
- Дар парлумони касбӣ чанд нафар бону вакил ҳастанд ва фаъолияти онҳоро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Айни замон 12 нафар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зан мебошанд. Онҳо бонувони донишманд ҳастанд ва набзи ҳаёту раванди инкишофи ҷомеаро хеле хуб дарк менамоянд. Малакаву кордонӣ, эҷодкориву навҷӯйии вакилзанон аз ҷониби роҳбарият ва интихобкунандагон эътироф гардидааст. Бо ҳисси масъулият корҳои вобаста ба рисолати касбиро амалӣ месозанд. Ҳамеша мекӯшанд, ки ниёзҳои мардум тавассути қонунҳо қонеъ карда шавад.
Нақши бонувон, бахусус дар таҳияи қонунҳое, ки хусусияти иҷтимоӣ доранд, назаррас аст. Вакилзанон зимни ҷаласаҳои Иҷлосияи сеюми даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи 16 қонуни мукаммал ва ворид намудани 46 тағйиру илова ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоштаанд.
- Президенти кишвар дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 23 фоизро занон ташкил медиҳанд ва ба ҷалби бештари онҳо барои фаъолият дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ дастур доданд…
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2016, ба масъалаҳои занон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, пешниҳод намуданд, ки барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муқаррар гардад. Роҳбари давлат ин иқдомро яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон маънидод намуданд.
Дастури Пешвои миллат баҳри ҷалби бештари занҳо барои фаъолият дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бамаврид аст. Зеро собит гардидааст, ки сифат ва натиҷаи кори бонувон дар ин соҳаҳо беҳтар аст. Дар бисёре аз кишварҳои пешрафта низ ба ин соҳаҳо бонувон бештар ҷалб мешаванд.
- Оё дар кишвар баробарии гендерӣ риоя мешавад?
- Бешак, ин меъёр риоя мешавад ва онро зимни назарсанҷӣ созмонҳои байналмилалӣ низ эътироф кардаанд.
- Таманнои шумо ба бонувони кишвар?
- Эътироф бояд намуд, ки занон дар ҳама соҳа метавонанд муваффақ бошанд, аз ҷумла дар сиёсат ва давлатдорӣ. Инро дар мисоли занони зиёди кишвар метавон дид.
Раванди инкишофи ҷомеа тақозо менамояд, ки бонувон бояд дониши муосиру замонавӣ, фарҳанги баланди сиёсӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ дошта бошанд. Ин арзишҳо муҳимтарин омил барои рафъи мушкилоти онҳо хоҳад буд.
Таманно дорам, ки занон сазовори номи баланди Зан — Модар бошанд.
- Ташаккур барои суҳбат.
Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»