Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар бораи ҷамъбасти Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум (17 марти соли 2015 – 30 июни соли 2015)
Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Рӯзи 1-уми марти соли ҷорӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъоли интихобкунандагон доир гардида, Маҷлиси намояндагон дар ҳайати имрӯза интихоб гардид. Иштироки фаъоли халқ дар интихоботи парлумонӣ бори дигар собит сохт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҷонибдори роҳи муайянкардаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон — бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, аз сиёсати созандаю бун-ёдкоронаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоянд.
Эҳсос мешавад, ки сол то сол дар ҷомеаи рушдёбандаи Тоҷикистон боварии халқ бо талаботи нав ва ҷиддӣ такмил меёбад. Ин аст, ки ҳайати Маҷлиси намояндагон даъвати панҷумро намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимон, ҳуқуқшиносону иқтисодчиён, муҳандисону меъморон, табибон ва намояндагони дигар соҳаҳо ташкил медиҳанд. Дар ин ҳайат ду академик, ҳашт доктори илм, профессор, 17 номзади илм ва даҳҳо нафар шахсиятҳои кордидаю таҷрибаи бойи идоракунидошта интихоб шудаанд, ки донишу малака ва маҳорати баланди касбиашон барои баланд бардоштани сатҳу сифати қонунгузорӣ шарт ва зарур аст.
Дар даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳашт ҳизби сиёсӣ, ки дар мамлакат фаъолият мекунанд, намояндагони шаш ҳизб ба Маҷлиси намояндагон интихоб шуда, ду фраксияи ҳизбӣ ва ҳамзамон гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ низ таъсис ёфт, ки он бешак, ба шаффофияти кори парламент мусоидат хоҳад кард. Айни ҳол эҳсос мешавад, ки фраксияҳои ҳизбӣ дастаҷамъона ва намояндагони ҳизбҳои ба парламент роҳёфта тариқи инфиродӣ дар муҳокимаю баррасии лоиҳаҳои қонунҳо фаъолона ширкат варзида, ҷиҳати мутобиқ омадани мазмун ва муҳтавои лоиҳаи қонунҳо ба манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ саъю кӯшиш доранд.
Аз ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки 17 марти соли ҷорӣ бо иштироки Президенти кишвар баргузор гардид, зиёда аз се моҳ сипарӣ мешавад.
Дар ин муддат, мо як қатор корҳои ташкилӣ ва ташкилӣ-ҳуқуқиро анҷом додем, ки барои самаранок оғоз намудани фаъолияти Маҷлиси намояндагон мусоидат намуд. Аз ҷумла дар чаласаи аввал Раис, муовини якум ва муовинон интихоб гардида, нуҳ кумита ва се комиссияи доимоамалкунанда таъсис ёфт. Мувофиқан, вакилон аз рӯи ихтисосашон ба кумитаҳои марбута вобаста карда шуданд.
Ҷиҳати омода намудани шароити иҷтимоӣ, корӣ ва маишии вакилони муҳтарам ба 30 нафар вакилони тозаинтихоб хонаи истиқоматии хизматӣ ҷудо гардида, ҳамаи вакилон бо утоқҳои корӣ, таҷҳизоти компютерии пайваст бо шабакаи интернет ва мошинҳои хизматӣ таъмин гардида, бо мақсади омодагии назариявӣ ҳамаи вакилони муҳтарам бо маводи аввалия ва сарчашмаҳои роҳбарикунандаи ҳуқуқӣ таъмин шуданд. Курсҳои бозомӯзии санадҳои танзимкунандаи фаъолияти вакилӣ ва забономӯзӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши вакилон таъсис дода шуд.
Яъне, бо иҷро намудани корҳои ташкилӣ — ҳуқуқӣ фаъо-лияти Парламенти касбиро ҳамчун мақоми қонунбарори давлат дар доираи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузорӣ роҳандозӣ намудем.
Мувофиқи моддаи 9-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Аз ин муқаррароти конститутсионӣ ҷойгоҳ ва мавқеи Маҷлиси намояндагон ҳамчун мақоми қонунгузор дар муайян кардан ва пешбурди сиёсати давлатӣ баръало маълум аст. Зеро фаъолияти қонунгузорӣ фаъолияти омода намудани заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳифз, ваҳдат ва рушди ҷомеа буда, тарҳрезии роҳи ояндаи инкишоф ва пешравии давлатро ташкил медиҳад.
Ҳар қадаре ки роҳи ҳуқуқии рушди давлату ҷомеа ба сӯи ормонҳои милливу мардумӣ ҳамвору суфта бошад, ба ҳамон андоза усулҳои давлатдории мо муътадил ва ором ба ҳадафҳои конститутсионӣ наздик мешавад. Ин ҳадафҳо бунёди давлати миллии комилан демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ аст, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва ҳифз мешаванд.
Дар шароити буҳронҳои молиявӣ ва роҳгумии рушди соҳибихтиёрии иддае аз давлатҳо, ки бо инқилобҳои сохтаю ранга оромии оламро вайрон кардаанд, боварию умеди халқ аз парлумони тозаинтихоб масъулияти вазнинро тақозо дорад. Аз ин рӯ, дар шароити мураккаб ва пурҳассоси ҷаҳони имрӯза, ки минтақаҳои калонро ба буҳронҳои сиёсиву молиявӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳатто фарҳангӣ кашидааст, ба зиммаи мо — вакилони Маҷлиси намояндагон масъулияти ниҳоят бузург истодааст.
Раванди қонунгузорӣ ва фаъолияти парлумони кишвар фаъолияти зинда ва эҷодкоронаест, ки он дар доираи манфиатҳои миллат ва давлат вобаста ба набзи ҷомеа ва ҷаҳон рушд менамояд. Ҳар амал ва ҳар лоиҳае, ки парлумони кишвар мавриди баррасӣ қарор медиҳад, он ҳамчун ноқили устувори пайвастҳои иҷтимоӣ бояд дар худ неруи ваҳдат, субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди манфиатҳоро тарзе ҷойгир намояд, ки дар ҳаёти ҳуқуқӣ ва низоми давлатдорӣ тавонад вазифаҳои созанда ва ҳимоятии худро иҷро намояд.
Воқеан, дар баробари ҳадафҳои стратегӣ, орзую омоли халқ ба шаклгирии заминаҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ аз таъсири равандҳои сиёсии дохилию хориҷӣ бениҳоят бузург аст.
Дар саросари ҷаҳон рақобатҳои шадиди геополитикӣ авҷ гирифта истодаанд, ки оқибати онҳо ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон низ бетаъсир нест. Чунин вазъ аз мо - вакилони Маҷлиси намояндагон талаб менамояд, ки дар фаъолияти қонунгузорӣ аҳамияти аввалиндараҷа ба таъмини суботу оромӣ ва рушди иқтидори иқтисодиву молиявии кишвар диҳем. Қонунҳое қабул намоем, ки онҳо ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ мусоидат карда, барои рушди бонизоми иқтисодӣ ва асосҳои молиявии давлат хизмат намоянд.
Аз ин масъулият Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам ҳангоми суханрониашон дар ҷаласаи нахустини парлумон таъкид намуданд: «Дар шароити вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ таъмини сулҳу суботи сиёсӣ, ободии ояндаи Ватан, пешрафти бомароми ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат, эҳтироми меъёрҳо ва муқаррароти қонунгузорӣ, ҳимояи манфиатҳои олии милливу давлатӣ аз фаъолияти бомароми мақоми қонунгузори кишвар вобастагии амиқ дорад».
Дар ин замина бояд дар назар дошта бошем, ки қонун ҳамчун танзимгари асосии ҳаёти ҷамъиятӣ дар баробари фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии рушди ҷомеа, яке аз воситаҳои муассири пешгирии вуруди унсурҳои фарҳанги бегона ва ҳаракатҳои номатлуб мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи имрӯзаи мо таҳия ва қабули қонунҳое мебошад, ки дар марҳилаи муосири рушди кишварамон зарурӣ буда, ҷавобгӯи манфиатҳои милливу фарҳангии халқи Тоҷикистон бошад.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум давоми фаъолияти зиёда аз семоҳааш 12 ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир намуда, 181 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод. Дар ин давра 11 ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, як қонуни конститутсионӣ, ду тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, се тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, ду қонуни мукаммал, 13 тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, ҳашт созишнома, як шартнома, ду конвенсия, 55 қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои гуногун қабул гардиданд.
Аз лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии пеш-ниҳодшуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 лоиҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 лоиҳа, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва қабул гардиданд, ки 12 адад ба рушди иқтисодиёт, ҳафт адад ба танзими масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳашт адад ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва ду адад ба такмили сохтори давлатӣ нигаронида шудаанд.
Ҷараёни баргузории ҷаласаҳои Шӯро ва Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар давраи ҳисоботӣ пурра дар рӯзномаи «Садои мардум» инъикос гардиданд.
Муҳтарам вакилон!
Фаъолияти 15-солаи парламенти касбӣ дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад, ки аксари қонунҳо ва кодексҳои барои низоми ҳуқуқии кишвар зарурӣ қабул шуда, то имрӯз онҳо дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши асосиро иҷро мекунанд. Аммо дар баробари ин бояд иқрор шавем, ки баъзеи онҳо бе камбудӣ низ набуданд, зеро вақт ҳамчун устоди ҳар меъ-ёр дар муносибатҳои мушаххаси ҳаётӣ онҳоро аз имтиҳони воқеият гузаронида, собит намуд, ки баъзе аз меъёрҳои мо ба манфиатҳои давлати миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии мо мувофиқ наомада, як қисмати ками дигарашон дар мухолифат ва тазод қарор доштанд. Вале аксари чунин камбудию норасоиҳо сари вақт аз ҷониби вакилони парлумон бартараф ва ислоҳ шуданд, ки албатта, хуб ва ба манфиати кор аст.
Имрӯз, ки парламентаризм дар кишвар ба марҳилаи сифатан нави рушди худ ворид шуда истодааст ва парлумони нав дар ибтидои кори худ қарор дорад, ба ин нукта махсусан таъкид намуданиам, ки мақсад ва ҳадафи вакил танҳо иҷрои ҳуқуқи ташаббуси қонунугузорӣ ва қабули қонунҳо набуда, балки мусоидат кардан ба қабули қонунҳои устувор ва мутобиқ ба шароити давру замон, ки дар доираи манфиатҳои имрӯзу фардои миллат тавонад аз имтиҳони вақт бидуни тағйирпазирӣ гузашта, ба ҳукми одат ва анъанаи халқ табдил ёбад. Қонун вақте ба ҳукми одат ва анъана табдил меёбад, ки вай ба дарди мардум даво бахшад, ҷиҳати ҳалли мушкилии онҳо кумак намояд, зиндагии халқро осон созад. Маҳз чунин қонунро қонуни ҳуқуқӣ, устувор ва замонавӣ меноманд, ки онҳо дар масири таърих табиати мусбати худро аз даст надода, барои муддатҳои дур дар низоми ҳуқуқӣ хизмат менамоянд.
Барои ноил шудан ба чунин қонунҳои ҳуқуқӣ ва такмили сифати онҳо парламенти кишварро зарур аст, ки дар баробари қабули қонунҳо ба вазъи иҷрои қонунҳо, сифати амалишавии меъёрҳо, муносибати мардум бо мазмун ва талаботи онҳо бештар таваҷчуҳ намуда, дар вохӯрию суҳбатҳо бо интихобкунандагон ҷиҳати такмили низоми қонунгузорӣ ва бартараф намудани монеаю мушкилиҳои нигилизми ҳуқуқӣ диққат диҳанд. Вакилон қонунҳоеро, ки аз назари аҳамияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ мавқеи муҳим ва васеъро фарогир мебошанд, аз мониторинги ҳуқуқӣ гузаронида, бо назардошти ченакҳои муосири давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ табиати иҷро ва татбиқи онҳоро баҳогузорӣ намуда, ҷиҳати ислоҳи вазъ ва норасоиҳои қонун бо таклифу пешниҳодҳо ва ташаббуси қонунгузорӣ баромад намоянд.
Таҷрибаи солҳои қаблии парлумони касбӣ гувоҳ бар он аст, ки мо дар кори мувофиқ овардани мазмуни қонунҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба натиҷаи хуб расида, мазмуни қонунгузории кишварро то ба сатҳи стандартҳои (ченакҳои) байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон расонидем. Аммо дар масъалаи мувофиқ намудани мазмун ва муҳтавои қонунҳо ба манфиатҳои давлати миллӣ, дар ҳифзи арзишҳои ватанӣ ва ҳадафу манфиатҳои стратегии имрӯзу фардои кишварамон ҳанӯз мушкилиҳо дорем.
Бояд хуб дар назар дошта бошем, ки ҳар яки мо, қатъи назар аз он ки кадом ҳизб ва ё минтақаро муаррифӣ мекунем, лаҳзаи қабули қонун ва суханронӣ дар ин минбар танҳо ва танҳо намояндагӣ аз халқи Тоҷикистон ва аз давлати азизамон Тоҷикистон менамоем. Ин ҷо ҳама манфиатҳои гурӯҳию ҳизбӣ, минтақавию ҷуғрофӣ ба нақшаи баъдӣ меафтад ва мо ҳама мисли фарзанди Ватан аз рӯи виҷдон ҳамон нукта ва ҳамон меъёреро масъалагузорӣ менамоем, ки дар он манфиати мардуми кишвар ва давлати Тоҷикистон афзалият дорад. Танҳо дар чунин сурат мо метавонем парлумони кишварро ҳамчун мақомоти касбӣ дар рӯ ба рӯи таҳдидҳои замона дуруст муаррифӣ карда, нақши худро дар шаклгирии низоми мустақили ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр ва демократии Тоҷикистон дуруст арзёбӣ намоем. Ман боварии комил дорам, ки бо чунин неруи зеҳнӣ ва таҷрибаи кофӣ мо аз уҳдаи ин кор мебароем.
Чунин талабот зимни ба тасвиб расонидани созишномаҳо, шартномаҳо, конвенсияҳо ё ҳамроҳ шудан ба дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ бояд ба инобат гирифта шаванд. Пеш аз ҳамроҳшавӣ ба ин ё он санади ҳуқуқии байналмилалӣ бояд вазъияти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва хусусиятҳои хоси мардуми шарифи кишвар, бо дарназардошти манфиатҳои милливу таърихӣ, хуб омӯхта шуда, оқибатҳои ҳамроҳшавӣ ба он низ мавриди таҳлили амиқ қарор гирад, то ки дар ниҳояти кор уҳдадориҳои зиёди байналмилалӣ ба дӯши кишварамон бор карда нашавад.
Таҷрибаи солҳои пеш собит менамояд, ки дар баъзе мавридҳо ҷиҳати вусъат бахшидани муносибатҳои байналмилалӣ ва дуруст муаррифӣ кардани реҷаи сиёсати дарҳои кушод ва муносибатҳои дӯстона мо дар як муддати кӯтоҳ ба имзои созишномаю шартномаҳои байналмилалӣ, рӯ ба рӯ шуда, ҳамчун давлати воқеан сулҳхоҳу дӯстҷӯ қисмати зиёди онҳоро ба имзо расонида, баъдан ба ислоҳоти бузурги низоми ҳуқуқӣ даст зада, то нуктаҳое расидем, ки барои низоми мустақили ҳуқуқии кишвар тазоду ихтилофҳоро овард. Барои роҳ надодан ба ин ҳолатҳо хуб мешавад, ки таҷрибаи то имзои созишномаҳои байналмилалӣ омода намудани нақшаи ислоҳоти низоми ҳуқуқиро талаб карда, мувофиқ омадани пиёдашавии онро пурра дар таҷриба санҷида, сипас ба тасдиқ ва имзо ризоят диҳем. Чунин таҷриба дар аксар давлатҳои мутараққӣ дида мешавад.
Дар ин замина қолаби зоҳирӣ танҳо ягонагии низоми ҳуқуқӣ, ҳифзи табиати оилаи ҳуқуқӣ буда, ченаки ягона манфиатҳои мардуми Тоҷикистон – Ватани маҳбуби ҳамаи мо бояд баромад намояд. Ба ибораи дигар, ҳар меъёри байналмилалиро дар парлумони касбӣ аввал аз ғалбери манфиатҳои ватанӣ гузаронида, сипас, роҳ додани онро ба низоми ҳуқуқии кишвар баррасӣ кардан зарур аст. Роҳ ба сӯи арзишҳои байналмилалӣ, дастовардҳои ҳуқуқи башар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо дарназардошти ба зимма гирифтани уҳдадориҳои байналмилалӣ, аз вазифаҳои аввалиндараҷаи парлумони касбист, вале ин вазифа вақте масъулият ва неруи ҳуқуқиро касб менамояд, ки агар он ба табиати давлатдории мо латма, ба ягонагии низоми ҳуқуқиямон халал ва ба манфиатҳои имрӯзу фардои миллат зарар нарасонад.
Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!
Дар заминаи гуфтаҳои боло, мехоҳам диққати шуморо ба вазифаҳои навбатии парлумони касбӣ ҷалб намоям.
Вазифаҳои даъвати нави Маҷлиси намояндагон, қабл аз ҳама, дар он аст, ки қонуну кодексҳои қабулшуда ба талаботи замон мувофиқ кунонида шуда, қонунгузории амалкунанда аз лиҳози милликунонӣ, яъне мутобиқ гардонидани мазмуну муҳтавои ҳар меъёр ва ҳар нуктаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ба манфиатҳои халқи Тоҷикистон, давлати соҳибихтиёр ва тақдири имрӯзу фардои кишвар таҷдиди назар карда шаванд. Инчунин, вақти он расидааст, ки барои танзими дахлдори муносибатҳои ҷамъиятӣ ба хотири осонтар намудани танзими ҳуқуқии онҳо ба ҷойи маҷмӯи қонунҳои ҳамсон, ки муносибатҳои ҷамъиятии сифатан якхеларо танзим менамоянд, оид ба кодификатсия кардани онҳо масъалагузорӣ намоем.
Аз ин назар, кодификатсия намудани соҳаҳои қонунгузории интихобот, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва экология метавонад дар назария ва амалияи ҳуқуқии кишвар як қадами бузурге ба пеш бошад, зеро низоми ҳуқуқии мо, ки решапайванди оилаи ҳуқуқии романию олмонист, тавассути кодификатсия ба низом даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин оилаи ҳуқуқӣ афзалиятҳои назарию амалии худро дорост. Масалан, қабули кодекси интихоботӣ, маориф ё экология ва аз қабили ин санадҳои кодификатсияшуда метавонад санади ягонаи мураттабгаштаро дар фазои ҳуқуқии кишвар рӯи кор оварад, ки бешак, истифодаи самараноки онҳоро аз ҷониби шаҳрвандон осон намуда, баҳри рушди қонунии муносибатҳои ҷамъиятӣ кумак хоҳад кард.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз пешорӯи мақоми қонунгузори ҳар давлати ҳуқуқбунёд истодааст, ин баланд бардоштани сатҳ ва сифати қонунҳо ва ба оммаи мардум наздик гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳост. Дар ин самт, фикр мекунам, талаботеро, ки таҷрибаи қонунгузории ҷаҳонӣ дар масири таърих рӯи кор овардааст, ҳанӯз ҳам аҳамияти худро гум накарда ва он бояд ба реҷаи фаъолияти ҳар вакил табдил ёбад. Аз ҷумла роҷеъ ба масъалаи он ки матни қонун бояд мухтасар ва одӣ бошад; ифодаи ирода бояд бидуни тобишҳо сода, равшан ва фаҳмо сурат гирад; қонун тарзе навишта шавад, ки аз ҷониби инсонҳои гуногун яксон фаҳмида шавад; дар навиштани қонун аз истифодаи истилоҳоти номафҳум худдорӣ бояд кард; қонун бояд ба масъалаҳои ҷузъӣ дахолат накунад, ҳадафи вай масъалаҳои умумиятдошта аст, ки доираи васеи мардумро фаро мегиранд; беҳтар аст, ки истисно ва маҳдуднамоиро истифода набарем, агар чунин зарурият набошад, зеро истисно аз қонун худ истиснои қонун аст; бидуни асосҳои кофӣ ба қонун тағйирот ворид нашавад ва монанди инҳо.
Ҳамзамон пеши роҳи аз ҳад зиёд қабул кардани қонун ё қабули якчанд қонун оид ба масъалаҳои ҳамсон бояд гирифта шуда, сифати қонунҳои мушаххас беҳтар карда шаванд, то ин ки мардум дар мавриди зарурӣ ба ин ё он қонуни дахлдор муроҷиат намуда, роҳи ҳалли ҳуқуқии мушкили худро аз шумораи ҳар чӣ камтари қонунҳо дарёбанд.
Нуктаи дигари муҳим дар ин самт забони қонунгузорӣ мебошад. Бояд таъкид намоям, ки қонунҳо, пеш аз ҳама, барои оммаи мардум қабул карда мешаванд. Аз ин рӯ, ба масъалаи оммафаҳм гардонидани забони қонунгузорӣ ва ҳамгун намудани истилоҳоте, ки дар қонунҳои соҳаҳои гунонун истифода мешаванд, бояд аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд дар мадди аввал бошад. Масъалаи ташхиси забонии қонун бояд такмил ёфта, фаъолияти шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашр бамаротиб такмил дода шуда, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷиҳати табдил додани шуъбаи мазкур ба Раёсати «Забон, тарҷума, таҳрир ва нашр» дар оянда чораандешӣ намояд, зеро ҳар меъёр, ҳар санад, қабл аз он ки муносибати муайянро ба рукни қонун дарорад, худ бояд дар рукни қонуни забон шакл гирад. Забони қонун ба забони мардум ва забони илми ҳуқуқ пайвасти ногусастанӣ дошта, сатҳ ва сифати он омили муҳими таъсиррасонандаи забони миллат ва давлат аст.
Инчунин, масъалаи якмаъно будани мазмуни қонун дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ низ мушкилоти қонунгузории имрӯза ба шумор меравад. Дар ин самт хадамоти дахлдори Маҷлиси намояндагон бояд фаъолиятро ба таври зарурӣ ба роҳ монда, истифодаи истилоҳоти ягонаро дар матнҳои тоҷикӣ ва русии қонунҳо таъмин намояд. Мутахассисони варзида ва таҷрибадорро бояд дар ин самт ба кор ҷалб намоем.
Ҳамзамон ҷалб намудани мутахассисони варзида ва таҷрибадор ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон низ ба роҳ монда шавад.
Равшан намудани мазмуни меъёрии қонунҳо, шарҳ додани талаботи қонун, фаъолият дар самти тафсири қонунҳо ва ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор низ аз самтҳои муҳими фаъолияти парлумони нав маҳсуб мешаванд, ки бояд ҷоннок карда шаванд. Шуъбаҳои дахлдор ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагон назар ва дидгоҳи худро нисбат ба маънидодкунии соҳавии қонунҳо такмил бахшида, садди роҳи худсарона, нодуруст ва ғаразнок муаррифӣ намудани талаботи қонунҳоро аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор гиранд. Ин фаъолият дар аксар кишварҳо ҷузъи механизми амалишавии қонунҳо ба ҳисоб рафта, боиси осонтар гардидани амалишавии онҳо мегардад. Чунки дар аксарият маврид, бинобар ногузир будани истифодаи истилоҳоти касбии соҳавӣ, эҳтимолияти нафаҳмидани онҳо аз ҷониби мардуми одиро ба вуҷуд меорад.
Мо бояд фаъолияти худро дар парлумони кишвар ҳамчун мақоми намояндагӣ, қонунбарор ва мардумӣ бо масъулият дар назди дирӯз, имрӯз ва фардои халқ роҳандозӣ намуда, бо фарҳанги волои қонунэҷодкунӣ баҳри бартараф намудани мухолифат миёни санадҳои қонунгузорӣ, такроршавии меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ваколатҳои худ самаранок истифода намуда, фазои ҳуқуқии кишварро ғанӣ гардонида, роҳи рушди ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиро бо неруи қонунҳо ҳамвор, сода ва мутобиқ ба манфиатҳои давлати соҳибихтиёр ва демократии Тоҷикистон мувофиқ намоем.
Бо ин мақсад зарур мешуморам, ки ҳамкориро бо муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо бо мақсади анҷом додани экспертизаи лоиҳаи қонунҳо ба таври васеъ ба роҳ монда, аз имкониятҳои зеҳнии ин марказҳои илмӣ баҳри беҳтар кардани сифати қонунҳо васеъ истифода бурда шавад.
Бояд гуфт, ки дар ин самт аллакай дар даъвати амалкунандаи Маҷлиси намояндагон таҷрибаи хуби ҳамкорӣ миёни кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва муассисаҳои илмӣ оғоз шудааст. Аз ҷумла миёни кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (факултети ҳуқуқшиносӣ), Донишкадаи идоракунии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои умедбахш оғоз шудааст, ки албатта, таъсири мусбат ба раванди қонунгузориро дорост. Бояд бо дигар муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо, ки фаъолияти онҳо барои беҳтар намудани сифати санадҳои қонунгузорӣ мусоидат карда метавонанд, ба роҳ монда шавад.
Ҳамкорӣ бо субъектони ташаббуси қонунгузорӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати лоиҳаи қонунҳо ба манфиати кор аст. Яке аз субъектони фаъоли ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ дар бахши қонунгузорӣ бо Ҳукумат бояд боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Дар ин замина ҳамкории кумитаҳо ва вакилони масъул, ки ба лоиҳаи қонун аз ҷониби кумитаҳо вобаста шудаанд, ҷоннок карда, фаъолият ва вазифаҳои онҳо ҷиҳати баррасии комили лоиҳаҳо такмил дода шавад. Ҳанӯз аз давраи пешниҳод шудани лоиҳа бо намояндаи сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъули лоиҳа мебошад, аз ҷониби вакилон бояд ҳамкорӣ сурат гирифта, мақсад ва ҳадафи лоиҳаи пешниҳодшуда ҳамаҷониба баррасӣ шуда, расмиёти ҳуқуқӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ пурра риоя гардад. Маълумот ва иттилооти заруриро ҳангоми зарурат талаб карда гирад ва сари вақт ба воситаҳои ахбори омма ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ахбор дода тавонанд.
Ба техникаи қонунэҷодкунӣ ва расмиёти омода намудани лоиҳаи қонунҳо дар бораи Буҷети давлатӣ аҳамияти бештар дода, манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум вобаста ба шароит, оқибатҳои даврони гузариш ва асари буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ ҳатман ба инобат гирифта шавад. Чунки бе маълумот ва иттилооти дақиқ роҷеъ ба самтҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, инчунин бе таҳлили дахлдори мақоми иқтисодии кишвар дар ин муносибатҳо, пешгӯии зарурии равандҳои буҷетӣ ва ба нақша гирифтани буҷет ба соли оянда бениҳоят мушкил аст. Мақом, нақш ва қимати пули миллӣ вобаста ба асъори хориҷӣ ҳатман ба инобат гирифта шавад. Ба таҳиягарони лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2016», зарур аст, ки ба ояндабинии (прогнози) иқтисодиёт ва рушди давлат такя намуда, лоиҳаи мазкурро тавре таҳия намоянд, ки ҳангоми мавриди амал қарор гирифтани он дар давоми сол ба қонун ҳар чӣ камтар тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. Ҳамзамон назорати парлумонӣ оид ба иҷрои дахлдори буҷет бояд ба таври лозимӣ ба роҳ монда шавад.
Самти дигари муҳими фаъолият ин баргузор намудани муҳокимаҳои парламентӣ оид ба масъалаҳои муҳими фаъолияти Маҷлиси намояндагон мебошад. Зарур аст, ки оид ба лоиҳаҳои қонунҳое, ки муҳокимаи васеъро талаб мекунанд, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои тасдиқ пешниҳод шудаанд, ахбори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои барномаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ахбори Бонки миллии Тоҷикистон оид ба истифодабарии қарзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаи иҷрои Буҷети давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар муҳокимаҳои парламентӣ, ҷамъиятӣ ва мониторинги қонунгузорӣ гузаронида шавад.
Инчунин, ташкил ва баргузор намудани конференсияҳо, ҷамъомадҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳо ва иштирок дар кори онҳо низ ба фаъолияти қонунгузории вакилон манфиатбахш хоҳад буд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, ки тавассути он мардум аз кори ҳамарӯзаи мо огоҳ мешаванд ва он боиси баланд гардидани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ мегардад, ин кор бо воситаҳои ахбори омма мебошад. Дар ин самт ҳамкории мо бояд боз ҳам густурдатар бошад. Дар ин замина, яке аз паҳлуҳои муҳим ин дар сатҳи хубтар ташкил намудани барномаҳои телевизионӣ, ки ба шарҳи мазмуну муҳтавои қонунгузорӣ равона шудаанд, мебошанд. Дар шакл, мазмун ва муҳтавои сифатан нав ташкил кардани барномаи телевизионии «Соати парлумонӣ» ва дигар барномаҳои телевизиониву радиоӣ низ бояд ҷоннок карда шаванд.
Муҳтарам вакилон, ҳозирини гиромӣ!
Дар замони муосир, ки асри технологияи иттилоотиву иртиботӣ унвон шудааст, бе сомонаи интернетии воқеан фаъол дар сатҳи зарурӣ инъикос намудани фаъолияти ин ё он мақомот ғайриимкон аст. Тавре шумо медонед, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои сомонаи интернетии худ мебошад. Ин сомона ҷараёни баргузории ҳамаи ҷаласаҳои кумитаҳо, комиссияҳо, иҷлосияҳо, саркумитаҳо, мулоқотҳои роҳбарияти Маҷлиси намояндагон, муовинони онҳо, раисони кумита ва комиссияҳо, дигар вакилонро бо намояндагони воломақоми кишвар ва созмонҳои хориҷӣ инъикос менамояд. Метавон гуфт, ки сомонаи интернетии Маҷлиси намояндагон манбаи асосии иттилоъ барои воситаҳои ахбори омма мебошад.
Дар заминаи боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти сомонаи интернетӣ пешниҳод менамоям, ки ҳамкории вакилони Маҷлиси намояндагон бо шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон тақвият дода шавад. Вакилоне, ки муаллифи қонунҳо ва ё ҳаммуаллифанд, баъд аз қабули қонуни таҳиянамудаашон дар иҷлосияҳо шарҳи ҳамаҷонибаи онҳоро тавассути сомонаи интернетии Маҷлиси намояндагон ба роҳ монанд. Барои амалӣ гардидани ин пешниҳод шуъбаи матбуоти Маҷлиси нмояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар сомонаи интернетӣ рубрикаи «Тафсири қонун» — ро роҳандозӣ намуда, барои ҷой додани шарҳи вакилон дар он мусоидат кунад. Аз тарафи дигар, вакилони Маҷлиси намояндагон дар иҷрои ин кор бояд ташаббуси бештар нишон диҳанд.
Дар шароити таъсири рӯзафзуни падидаҳои номатлуб ба мафкураи ҷавонон ва умуман, аҳолӣ ба таври дахлдор ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва дар рӯҳияи эҳтиром ба қонунҳо тарбия намудан яке аз воситаҳои асосӣ ва самараноки пешгирии чунин падидаҳо ва унсури таркибии сиёсати ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҷоннок намудани фаъолияти вакилонро дар ин самт дар арафаи вохӯрӣ бо интихобкунандагон зарур шуморида, ба мақсад мувофиқ медонам, ки аз ҳисоби вакилон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, дар моҳи сентябр роҷеъ ба дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, шукргузорӣ аз неъматҳои соҳибихтиёрӣ ва эҳтимолияти равандҳои ислоҳоти қонунгузорӣ ва конститутсионӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа дар ҳама шаҳру ноҳияҳо вохӯриҳо ташкил карда, диққати асосӣ ба баланд бардоштани худшиносии миллии ҷавонон ва муҳаббат ба Ватан дода шавад.
Функсияи намояндагии вакилон яке аз самтҳои асосии фаъолияти вакилон ба шумор меравад. Дар муддати на чандон тӯлонии сипаригашта аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон 158 муроҷиати хаттӣ ва 240 муроҷиати шифоҳӣ баррасӣ шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муроҷиатҳо асосан оид ба масъалаҳои марбут ба тандурустӣ, меҳнат ва вобаста ба фаъолияти мақомоти хифзи ҳуқуқ зиёд аст.
Дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ва байнипарлумонӣ низ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла 32 гурӯҳи дӯстӣ бо 32 давлати бо мо дӯст ва бародар таъсис дода шуд, ки ин, албатта, ҳадди ниҳоӣ набуда, кор дар ин самт идома дорад. Бояд гуфт, ки фақат таъсис додани гурӯҳи дӯстӣ ин ҳанӯз ба роҳ мондани муносибати мутақобилан муфид нест. Дар ин самт бояд оид ба воқеан ба роҳ мондани муносибати байнипарлумонӣ роҳбарони гурӯҳҳо корҳои дахлдорро ба анҷом расонида, муносибат ва робитаро барқарор намоянд.
Баҳри баланд бардоштани дараҷаи касбияти вакилон машғулиятҳои омӯзишӣ ташкил карда, дар онҳо аз ҷониби вакилони ботаҷриба оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти парламент ва вакилӣ маълумот пешниҳод карда шуд.
Ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи динии кишвар, шароити амниятии ҷомеа ва дарки дурусти раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва пулӣ ба Маҷлиси намояндагон масъулини соҳаи дин, амният ва бонкии кишвар даъват шуда, бо вакилон вохӯрӣ гузарониданд. Дар вохӯриҳо пас аз шунидани маълумотномаи масъулин вакилон ба саволҳои худ ҷавоб гирифта, назари худро нисбат ба равандҳои воқеии ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар муайян намуданд.
Айни ҳол курсҳои забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони англисӣ, барои вакилони Маҷлиси намояндагон низ пурра ҳалли худро ёфта, баъд аз таътил омӯзгорони соҳибтаҷрибаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ҳамкории худро бо Парлумон оғоз хоҳанд кард.
Тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, парлумонҳои хориҷӣ, институтҳои молиявии ҷаҳонӣ яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти байнипарламентӣ буда, дар мулоқотҳо бо намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва институтҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Бо мақсади рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва такмили сиёсати дӯстонаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ Раиси Маҷлиси намояндагон сафирони чор давлати хориҷӣ, намояндагони ду ташкилоти байнамилалӣ ва Сарвазири кишвари ҳамсоя — Қирғизистонро қабул намуда, ҷиҳати такмил ва тақвияти риштаҳои дӯстӣ мулоқотҳо анҷом дод.
Дар давраи ҳисоботӣ муовинони Раис ва вакилони парлумон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байнипарлумонӣ ва байналмилалӣ ҳашт маротиба ба кишварҳои хориҷӣ сафар намуда, ду маротиба вохӯрии Гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориро дар Душанбе ташкил карда, парлумон машварати сайёри ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои аъзои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро дар шаҳри Душанбе баргузор намуд.
Аъзои Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштироки фаъолона дошта, дар бахшҳои гуногуни он маърӯзаҳо намуданд.
Ҳозирини гиромӣ!
Чӣ тавре ки маълум аст, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, халқи Тоҷикистон дар маҷмӯъ дар марҳилаи кунунии рушди кишвари азизамон ин ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти амнияти озуқаворӣ мебошад. Дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои олии стратегии кишвар қонунҳо воситаи асосӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, фаъолият ва нақши Маҷлиси намояндагон дар таҳияи заминаҳои ҳуқуқии самтҳои номбурда низ бояд назаррас бошад.
Ҳамзамон бояд таъкид намоям, ки мо — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаи асосиамон таҳия ва қабули қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бояд намунаи олии риояи бечуну чарои қонунҳо, поквиҷдонӣ ва садоқат ба Ватану миллат бошем ва дар сафи пеши мубориза бо ҳама гуна кирдорҳои ғайриқонунӣ қарор дошта бошем.
Дар фарҷоми сухан ба ҳар яки шумо — вакилони гиромиқадр тансиҳатӣ, дили беғам, хотири ҷамъ ва истироҳати бофароғатро орзу намуда, умед дорам, ки пас аз истироҳат бо қувваю неруи зеҳнии нав баргашта, дар таҳия ва устувор намудани пояҳои ҳуқуқии давлат, ҳамвор ва суфта намудани роҳи қонунии рушди инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоии халқ, таъмини заминаҳои ҳуқуқии субот, амният, тантанаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гул-гулшукуфии Ватани азизамон саҳми босазои худамонро гузорем.
Хонаободу пирӯз бошед! Ташаккур ба диққататон.