Муҳокимаи парлумонӣ

Бо кадом асос мақоми Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ 20 зина боло рафт?

№159 (4579) 27.12.2022

DSC_1528Бистуми декабри соли 2022 таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим оид ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Вазорати нақлиёт, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Қодири Қосим зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти мушкилоти ҷойдошта ҳадафҳои стратегии миллии мамлакатро муайян намуда буданд, ки яке аз онҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад.

- Бинобар ин, аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаҳои соҳаи нақлиёт ва роҳсозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистонро муайян намуд.

Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» рушди соҳаи нақлиёт, ки ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани самаранокии бахш ва беҳсозии сифати зиндагии аҳолӣ равона шудааст, таъмини дастрасии аҳолӣ ба нақлиёт ҳадафи асосӣ аст.

Дар заминаи амалишавии «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» як силсила шоҳроҳ, нақб, роҳҳои оҳан ва пулҳо сохта шуда, теъдоди зиёди муассисаҳои нақлиётӣ, терминалҳои мусофирбарӣ, терминалҳои боркашонӣ, хатсайрҳои мусофирбарӣ ва ширкатҳои нақлиёти байналмилалӣ фаъолият доранд.

Итминони комил дорем, ки минбаъд низ роҳҳои мошингарду оҳан, нақбу пулҳо, марказҳои логистикӣ, майдонҳои ҳавоию долонҳои нақлиётӣ ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ бун­ёду таҷдид гардида, хизматрасонии онҳо ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ мешавад, — афзуд Қодири Қосим.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло аз нақши калидӣ доштани соҳаи нақлиёт дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки дар шароити ҷойгиршавии ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 дарсади масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, истифодаи нақлиёти автомобилӣ афзалият дорад. Мутаассифона, дар даврони шӯравӣ ва солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ, аз сабаби надоштани роҳҳои доимоамалкунанда Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чор қисмат ҷудо шуда, шаш моҳ аз як минтақа ба минтақаи дигар рафтуомад ва интиқоли молу маҳсулот имкон надошт.

- Бо мақсади бартараф намудани ин мушкилот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шудан баромадан аз бунбасти нақлиётию коммуникатсиониро ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон эълон намуданд.

Дар даврони соҳиб­истиқлолӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 24 миллиард сомонӣ 59 лоиҳа амалӣ шуда, сохтмон, таҷдид ва таъмири 2400 км роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар, 3,4 км долони зиддитармавӣ, 219 км роҳи оҳан бо 5 пул ва 3 нақб самараи ин раванд аст.

Ҳоло дар соҳаи нақлиёт даҳ лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дошта, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маб­лағи 398,2 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд. Дар доираи ин иқдом таҷдиду барқарорсозии 218 км роҳ, сохтмону барқарорсозии 104 пул, соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар корҳо анҷом дода шудаанд.

Дар маҷмӯъ, бо маблағгузорӣ аз ҳамаи манбаъҳо асфалт ва шағалпӯшкунонии зиёда аз 9912 км роҳ ва таъмиру барқарорсозии 1574 пули миёнаю хурд ва дигар корҳо амалӣ гардиданд. Дар 30 соли охир нишондиҳандаҳои боркашонию мусофиркашонӣ бо ҳама намуди нақлиёт мутаносибан 3 ва 4,5 маротиба афзуд.

Барои татбиқи барномаи мазкур 2 миллиарду 308,7 миллион доллари ИМА, аз ҷумла дар давраи кӯтоҳмуҳлат 605,3 миллион доллар, миёнамуҳлат 819,7 миллион доллар ва дарозмуҳлат 883,6 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Аз ин маблағ 1 миллиарду 436,2 миллион доллар барои рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард, 78,6 миллион доллар барои рушди нақлиёти автомобилӣ, 507,1 миллион доллар барои пешрафти нақлиёти роҳи оҳан, 244,5 миллион доллар барои рушди соҳаи ­авиатсияи гражданӣ, 31,86 миллион доллар барои татбиқи барномаи таъмини бехатарии экологии нақлиёт ва 10,4 миллион доллар барои таъмини барномаи иттилоотонии соҳаи нақлиёт пешбинӣ шудааст, — зикр кард Амонулло Хайрулло.

Муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода доир ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» маълумот дод.

Бино ба гуфти ӯ, барнома 1-уми апрели соли 2011 таҳти №165 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, муҳлати амалисозии он се давраро дар бар мегирад: давраи кӯтоҳмуҳлат то соли 2015, миёнамуҳлат то соли 2020 ва дарозмуҳлат то соли 2025.

- Барномаи мазкур ҳафт самт, аз ҷумла нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, шабакаи роҳҳои автомобилгард, боркашонии интермодалӣ (боркашонии омехта), таъмини бехатарии экологии нақлиёт, иттилоотонии соҳаи нақлиётро дар бар мегирад. Барои рушди самти нақлиёти автомобилӣ дар барнома 78,6 миллион доллар, аз ҷумла давраи кӯтоҳмуҳлат 24,2 миллион доллар, миёнамуҳлат 36,9 миллион доллар ва дарозмуҳлат 17,5 миллион доллар пешбинӣ гардида, дар умум, дар ин самт 238,3 миллион доллар аз худ карда шудааст, ки се маротиба зиёд мебошад, — афзуд Шоиста Саидмуродзода.

Нотиқ, инчунин, доир ба рушди нақлиёти роҳи оҳан, ки яке аз бандҳои барнома мебошад, маълумот дод. Маълум гардид, ки «Барномаи рушди нақлиёти роҳи оҳан» аз шаш тадбир иборат буда, ба ҳолати имрӯза як тадбир иҷро гардида, иҷрои панҷ тадбир идома дорад. Дар умум, иҷрои он 54,8 дарсадро ташкил медиҳад. Дар доираи барнома харидории локомотивҳо 41,5 дарсад ва вагонҳо 147 дарсад иҷро шудааст.

Аз оғози татбиқи «Барномаи рушди роҳи оҳан» 278,98 миллион доллари ИМА аз худ шудааст, ки 55 дарсади маблағҳои барномаро ташкил медиҳад.

Банди дигари барнома — «Барномаи рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ», аз 8 тадбир иборат буда, 3 тадбир барзиёд иҷро гардида, 2 тадбир дар марҳилаи татбиқ қарор дошта, бинобар пайдо нагардидани сарчашмаи маблағгузорӣ 3 тадбир иҷро нагардид.

Дар доираи барнома терминали мусофиркашонӣ ва боркашонии байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе бо харҷи 72,3 миллион доллар сохта шуд.

Тадбири дигаре, ки дар барнома дарҷ шудааст, харидории ҳавопаймоҳо мебошад. Вобаста ба вазъи иҷрои он солҳои 2011-2015 аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар доираи имкониятҳои молиявӣ (аз ҷумла лизинг) 8 ҳавопаймои тамғаи «Боинг», ҳавопаймои тамғаи «МА-60» ба маблағи 52,5 миллион доллар харидорӣ шуд. Ҳамчунин, ҶДММ «Сомон — Эйр» солҳои 2019-2020 чархболҳои «Airbus Н-125» (ба маб­лағи 3 миллион доллар) ва Ми-8 АМТ-ро (ба маблағи 10 миллион доллар) харид.

Дар доираи барнома, ҳамчунин, азнавсозии дастгоҳҳои аэронавигатсионӣ, сохтмони маркази танзимӣ дар фурудгоҳи Бохтар ва пайроҳаи гардиш дар фурудгоҳи Кӯлоб, сохтмони хати дуюми парвоз дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, хизматрасонӣ дар хат­сайрҳои ҳавоии дохилӣ, таҷдиди фурудгоҳҳои маҳаллӣ ва таҷдиди фурудгоҳи шаҳри Бохтар идома дорад.

Аз оғози татбиқи «Барномаи рушди авиатсияи гражданӣ» 178,3 миллион доллари ИМА аз худ карда шудааст, ки 72,9 дарсади маблағҳои пешбинишударо ташкил медиҳанд.

Дар натиҷаи татбиқи барнома ҳолати роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ хеле беҳбудӣ ёфта, дар раддабандии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи сифати роҳҳо зинаи 50-умро ишғол намуд, ки назар ба солҳои қаблӣ 20 зина боло мебошад. Таъкид гардид, ки ин дастовард самараи таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Хулоса, дар доираи «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» то 1-уми декабри соли 2022-юм 2 миллиарду 662,6 миллион доллари ИМА аз худ шудааст, ки 115,3 дар­садро ташкил мекунад, — гуфт номбурда.

Дар муҳокимаи парламентӣ вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволҳояшон аз масъулин посух гирифта, ҷиҳати беҳтар гардидани тат­биқи барномаҳои давлатӣ тавсия доданд.

Дар охир вобаста ба масъалаи баррасишуда қарори дахлдор ва тавсияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»