Ба озмуни «Маърифати экологӣ»

Бо табиат муносибати дуруст намоем

№115 (4535) 14.09.2022

НачДар ҷаҳони муосир боло гирифтани суръати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, ифлоскунии манбаъҳои оби нӯшокӣ, несткунии бешазор, истихроҷи аз ҳад зиёди газҳои зараровар, ки ба заҳролудшавии ҳаво меоранд, обшавии пиряхҳо ва ғайра боиси ташвиши зиёд дар сайёра гардидааст.

Муҳаққиқи барҷаста Сенеко гуфтааст: «Тафаккур аз инсон чӣ таманно дорад? — Кори бисёр саҳле-зиндагии муносибе бо табиат». Бояд табиатро ҳифз кунем ва аз сарватҳои он тибқи қонунгузории кишвар оқилона истифода намоем. Бояд зикр кард, ки асоси сарсабзии муҳити зист ва инкишофи олами зинда марбут ба об мебошад. Миллати тоҷик аз қадим обро қадр мекард, онро сарвати бебаҳои табиат ва муъҷизаи олам дониста, арҷ мегузошт. Чунончи, Асадии Тусӣ гуфтааст,

Зи ҷӯйе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,

Нашояд фикандан дар ӯ сангу хок.

Таи 31 соли соҳибистиқлолӣ, ки кишвари азизамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ободкориҳо ва ба даст овардани музаффариятҳои нав ба нави меҳнатӣ дар ҳама соҳа қадамҳои устувор мегузорад, мавзӯи об ва истифодаи пурсамари он аҳамияти хоса касб намуда, ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2003 «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт», солҳои 2018-2028 «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» ва ғайра гувоҳи гуфтаҳои болоянд. Пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе маркази баргузории симпозиуму чорабиниҳои дигари байналмилаливу ҷумҳуриявӣ вобаста ба ин масъалаи муҳим гардидааст.

Ҳоло мавзӯи обу ободонӣ, тоза нигоҳ доштани об, истифодаи босамари он бо рушду нумӯи Тоҷикистон иртиботи қавӣ гирифта, обу чашма, рӯду наҳрҳо бо маъниҳои Ватан ва кишвар омехта гардидааст. Аҳли илму адаби тоҷик ҷиҳати баланд бардоштани маърифату фарҳанги экологии сокинони кишвар ҷаҳду талош варзида, кушодани каналҳо, овардани об ба даштҳои бекорхобида, сохтмони неругоҳҳо, афзудани маҳсулот, бунёди боғотро ба риштаи тас­вир мекашанд. Дар воситаҳои ахбори омма низ ин мавзӯъ ба таври васеъ инъикос мегардад. Маданияти истифодабарии об аз ҷониби сокинони кишвар батадриҷ боло рафтааст.

Ҳарчанд аҳолии сайёра дар ҳолати рушд қарор дошта бошад ҳам, инсоният наметавонад ­худро бо оби нӯшокӣ пурра таъмин намояд. Ҳамин аст, ки ҳифзи захираҳои об ва истифодаи оқилонаи онҳо солҳои охир барои наҷоти аҳли башар аҳамияти хоса пайдо кардааст.

Масъалаи поку тоза нигоҳ доштани оби ошомиданӣ аз ҳар оилаву хонадон оғоз гардида, ҳар фарди ҷомеа онро бояд дуруст дарк намоянд. Танзими об аз нигоҳдорӣ, тозагиву бехатарии чашмаву обанборҳо, аз ҷумла партовҳои коммуналӣ ва саноатӣ, ифлосшавии обанборҳо ҳангоми селу обхезӣ ва ғайра масъулияти бештарро аз насли инсон талаб менамояд.

 Бояд дасти ҳам гирифта, захираҳои обро ҳифз ва истифодаи самараноки онро ҷорӣ намоем, то ин ки дар оянда сатҳи таъминот ва дастрасӣ ба оби тоза ва ташкили зиндагӣ аз рӯи меъёрҳои санитарӣ баланд бардошта шавад.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон