Бисту сеюми октябри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 59 нафар вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D4310-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ»
3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»
4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ»
5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»
8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ».
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D4310-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.
Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D4310-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот», ки 25 июни соли 2019 бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурӣ ба имзо расонида шудааст, маблағи умумии он 58,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» аз се қисмат, аз ҷумла, барқарорсозии инфрасохтори обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ, рушди институтсионалии такмилдиҳӣ ва тавонмандӣ ва идоракунии маҷмӯии лоиҳа иборат мебошад. Дар доираи ин се қисм, аз ҷумла, бо оби ошомиданӣ таъмин намудани 426 маҳали аҳолинишин дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Вахш бо сохтмони 454 км шабакаи обрасонӣ, таъмини 54 маҳали аҳолинишини ноҳияи Восеъ бо оби тоза тавассути барқарорсозии зиёда аз 150 км шабакаи обтаъминкунӣ, инчунин сохтмони иншооти беҳдошти санитарӣ ва утоқҳои санитарӣ-гигиенӣ дар 150 муассисаи таълимӣ ва 50 муассисаи тандурустӣ пешбинӣ шудааст.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2019 оғоз ва соли 2025 анҷом меёбад. Бо татбиқи лоиҳа дастрасии аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла, Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Левакант, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Восеъ ба оби ошомиданӣ ва хизматрасонии обу беҳдошт таъмин гардида, низоми устувори идоракунӣ дар корхонаҳои хизматрасонии бахши таъминоти об ҷорӣ ва иқтидори онҳо таҳким дода мешавад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи грантии пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Исмоилзода Зуфар Муртазохон дода мешавад.
ИСМОИЛЗОДА Зуфар Муртазохон:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D4310-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» 25 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод шудааст.
Дар бораи моҳияти созишномаи мазкур вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти пурра доданд.
Созишнома бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 14 октябри соли 2019, №2356 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.
Татбиқи лоиҳа ба беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии обу беҳдошти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Левакант, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Восеъ) ва ҷорӣ намудани низоми устувор, инчунин, таҳкими иқтидори корхонаҳои хизматрасонии бахши таъминоти об дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа нақши муҳим мебозад.
Татбиқи лоиҳа соли 2019 оғоз ёфта, 30 июни соли 2025 ба анҷом мерасад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкардаашон созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 17 октябри соли 2019 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.
Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамояд, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Масъалаи хеле муҳим баррасӣ шуда истодааст, зеро бо амалӣ шудани ин лоиҳа 480 маҳали аҳолинишин бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин хоҳад шуд, ки аҳолии онҳо дар минтақаи Вахш ва Восеи вилояти Хатлон зиёда аз 1 миллион нафарро ташкил менамояд. Шабакаи обрасонии он ба зиёда аз 450 километр баробар хоҳад буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешсафи ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи таъмини аҳолӣ бо оби тоза аст ва пеш гирифтани татбиқи лоиҳаи мазкур шаҳодати он мебошад.
Оид ба масъалаи мавриди баррасӣ кӣ савол ё хоҳиши сухан кардан дорад? Сухан ба вакил Сафаров Зайнудин дода мешавад.
Зайнудин САФАРОВ: - Имрӯз маро эҳсоси хурсандӣ фаро гирифтааст, зеро орзуи деринаи сокинони ноҳияи Восеъ, ки ман аз ин ҳавзаи интихоботӣ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудаам, ҷомаи амал пӯшида, соҳиби оби тозаи ошомиданӣ мешаванд. Ҳарчанд ки аз байни ин ноҳия ду дарёи калон ҷорӣ аст, вале оби онро сокинони ноҳия истифода бурда наметавонанд. Зимни мулоқотҳо бо интихобкунандагон ба ин масъала таваҷҷуҳ зиёд буд. Қаноатмандам, ки муроҷиатҳои аҳолӣ бенатиҷа намонданд ва лоиҳаи мазкур рӯи кор омада, 54 деҳа бо фарогирии 152 ҳазор нафар аҳолӣ бо оби тоза таъмин мешаванд.
Хоҳишмандам, созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D4310-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ои ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.
ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» бо мақсади татбиқи «Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ барои солҳои 2016-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2016, № 755 ва ҷиҳати иҷрои банди 16 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, № 95 тасдиқ гардидаанд, тибқи тартиби муқарраршуда, барои баррасӣ пешниҳод мегардад.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ», роҳбари корхонаи давлатӣ дар асоси принсипҳои яккасардорӣ фаъолият карда, ҳамаи масъалаҳои фаъолияти корхонаро мутобиқи салоҳияташ, ки бо қонуни мазкур ва оинномаи корхона муайян мешаванд, мустақилона ҳал менамояд.
Лоиҳаи манзуршуда бо мақсади ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ дар корхонаҳои давлатӣ ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти босамар, ташкили шӯроҳои нозирон дар онҳо барои таъмини назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳбари корхона таҳия шудааст.
Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» муқаррар мегардад, ки идоракунии давлатии корхонаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдоршуда анҷом медиҳад.
Мақомоти корхонаи давлатӣ инҳоянд: мақоми болоӣ -Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдоршуда, мақоми идоракунии корхона — шӯрои нозирон ва мақоми иҷроия — роҳбари корхонаи давлатӣ.
Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ, номгӯйи корхонаҳои давлатӣ, ки дар онҳо шӯрои нозирон таъсис дода мешаванд.
Инчунин номгӯйи корхонаҳои давлатиеро, ки дар онҳо шӯрои нозирон ва роҳбари корхонаи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ва таъин карда мешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатӣ дар мавриди моликияти ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мавриди моликияти коммуналӣ дар асоси қарорҳои дахлдори худ шӯрои нозиронро дар корхонаҳои давлатӣ таъсис медиҳанд ва низомномаи онро тасдиқ менамоянд.
Тартиби интихоби аъзои шӯрои нозирон, гузаронидани маҷлиси шӯрои нозирон, қатъи салоҳияти аъзои шӯрои нозирон тибқи низомномаи намунавии шӯрои нозирон муайян карда мешавад.
Дар баробари ин, мутобиқи лоиҳаи пешниҳодшуда шӯрои нозирон роҳбарии умумии фаъолияти корхонаи давлатиро анҷом медиҳад, ба истиснои ҳалли масъалаҳое, ки тибқи қонуни мазкур ба салоҳияти муассиси корхонаи давлатӣ ва ё мақоми ваколатдори он дохил мешаванд ё ин ки ба роҳбари корхона вогузор шудаанд.
Ба салоҳияти шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ масъалаҳои муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти корхонаи давлатӣ, тасдиқи буҷети солона, маъқул донистани аҳдҳои калоне, ки 30 фоиз ё бештари арзиши тавозунии дороии корхонаи давлатиро ташкил дода, мутобиқи маълумоти муҳосибавии он дар санаи охирини ҳисоботӣ муайян гардидаанд, тасдиқи ҳисоботи солона, ҳисоботи солонаи муҳосибавии корхонаи давлатӣ ва тасдиқи аудитории корхонаи давлатӣ, баррасӣ ва арзёбии ҳисоботи роҳбари корхонаи давлатӣ, дар мувофиқа бо муассис ё мақомоти ваколатдори он тасдиқ намудани тақсимоти фоидае, ки баъд аз интиқоли пардохти ғайриандозӣ ба буҷет дар ихтиёри корхона боқӣ мондааст ва масъалаҳои дигари пешбининамудаи қонуни мазкур ва оинномаи корхонаи давлатӣ дохил мешаванд.
Роҳбари корхонаи давлатӣ аз ҷониби муассис ё мақоми ваколатдори он таъин шуда, тибқи шартномаи меҳнатӣ ба онҳо ва шӯрои нозирон ҳисоботдиҳанда мебошад.
Ҷорӣ намудани идоракунии босамар дар корхонаҳои давлатӣ ба ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки талаботи ҷомеа ва давлатро муайян мекунанд ва таъмини рушди корхонаҳои давлатӣ мусоидат хоҳад кард. Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Бобоев Олимҷон дода мешавад.
Олимҷон БОБОЕВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонун бо мақсади дар корхонаҳои давлатӣ таъсис додани шӯроҳои нозирон ва таъмини фаъолияти онҳо, инчунин, муайян намудани ваколатҳои шӯроҳои нозирони корхонаҳои давлатӣ таҳия гардидааст.
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ», роҳбари корхонаи давлатӣ дар асоси принсипҳои яккасардорӣ фаъолият мекунад ва ҳамаи масъалаҳои фаъолияти корхонаро мутобиқи салоҳияташ, ки бо қонуни мазкур ва оинномаи корхона муайян мешаванд, мустақилона ҳал менамояд.
Бояд қайд кард, ки фаъолияти корхонаҳои давлатӣ дар асоси принсипҳои яккасардорӣ натиҷаи зарурӣ надод, аксарияти корхонаҳои давлатӣ фаъолияти худро бо зарар ҷамъбаст менамоянд. Ҳамчунин, таҷрибаи пешқадами миллӣ ва байналмилалӣ нишон медиҳад, ки ҷорӣ намудани асосҳои идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ташкили шӯроҳои нозирон дар онҳо барои таъмини назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳбари корхона, ҳифзи манфиатҳои давлат ва дар маҷмӯъ, барои рушди корхонаҳои давлатӣ мусоидат хоҳад кард.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ ва ҳамзамон, баҳри такмили он 14 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 12-тоаш пурра ва яктои дигараш қисман қабул гардид.
Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бинобар ин, аз шумо вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Оид ба ин масъала кӣ савол дорад? Сухан барои савол додан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Оё корхонаҳои давлатие, ки дар солҳои навадуми асри ХХ ва ибтидои солҳои 2000-ум хусусӣ гардонида шуда, соҳибонашон аз уҳдаи кор набаромаданд, дигарбора ба ихтиёри давлат баргардонида мешаванд?
ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд: — Раванди хусусигардонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 инҷониб дар асоси нақшаи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.
Моликияти давлатӣ аз тариқи музоядаю тендерҳо ба фурӯш бароварда мешавад. Корхонаҳои давлатие, ки аз тариқи тендерҳо ба фурӯш бароварда мешаванд, бастани шартномаҳои муайянро пешбинӣ менамоянд. Санҷишҳои гузаронида нишон дод, ки аксарият бандҳои дар шартномаҳо зикргардида иҷро шуданд.
Албатта, ҳастанд корхонаҳое, ки дар шароити рақобати озод фаъолият карда натавонистанд ва бо сабаби надоштани маблағу воситаҳо фаъолияти самаранок надоранд. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи корхонаҳое, ки дар вилояти Хатлон хусусӣ гардонида шудаанд, мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Ба онҳо ҷиҳати омодасозии бизнес-нақшаҳо ва стратегияи рушд корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифт, тавсияҳои дахлдор дода шуд.
Ба гурӯҳи корӣ, инчунин, намояндагони Фонди дастгирии соҳибкорӣ шомил мебошанд. Чунин мулоқоту вохӯриҳо дар ВМКБ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ низ доир мешавад.
РАИС: - Сухан барои савол додан ба вакил Абдуалимов Баҳром дода мешавад.
Баҳром АБДУАЛИМОВ: — Ташкили шӯрои нозирон шояд ба нафъи кор бошад. Вале, ба андешаи ман, ин тағйиру илова баъзе ҳуқуқҳои корхонаҳоро маҳдуд менамояд, зеро онҳо оиннома доранд ва тибқи он фаъолият менамоянд. Оё дар сурати қабули қонун ба оинномаи ин корхонаҳо тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд?
ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд: — Тибқи тағйироти пешниҳодшаванда, якбора таъсис додани шӯрои нозирон дар ҳама корхонаҳо шарт нест. Тибқи дастури Ҳукумат мақомоти марбута фаъолияти корхонаҳои давлатиро зери назорат гирифтаанд. Пешбинӣ шудааст, ки дар корхонаҳои калон чунин шӯрои нозирон дар навбати аввал таъсис дода шаванд, то ин ки фаъолияти онҳо шаффоф роҳандозӣ гарданд, самтҳои асосии рушди корхона ба тариқи коллегиалӣ муайян карда шаванд.
РАИС: - Сухан барои савол додан ба вакил Шарипов Садриддин дода мешавад.
Садриддин ШАРИПОВ: — Дар тағйироту иловаҳои пешниҳодгардида, аз ҷумла, дар бораи хароҷоти амалиётӣ ва ғайриамалиётӣ, сухан меравад. Донистан мехоҳам, ки чунин хароҷот, ки ҳар рӯз сурат мегирад, бо шӯрои нозирон бояд мувофиқа шавад?
ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд: - Тавре дар лоиҳаи қонун зикр шудааст, ба салоҳияти шӯрои нозирон тасдиқи буҷети корхона, хароҷоти амалиётию ғайриамалиётӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия вогузор аст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.
Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қисми якум) бо мақсади татбиқи «Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ барои солҳои 2016-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2016, №755, инчунин ҷиҳати иҷрои банди 16 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 №95 тасдиқ гардидаанд, дар робита ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ», тибқи тартиби муқарраргардида, пешниҳод мегардад.
Мутобиқи талаботи қонунгузорӣ, тартиби таъин ё интихоби мақомоти шахси ҳуқуқӣ тибқи қонун ва ҳуҷҷатҳои таъсисӣ муайян карда мешаванд. Бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти қисми 4 моддаи 124 Кодекси гражданӣ (қисми якум) ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» ба мақомоти корхонаи давлатӣ ҳамчун мақоми олӣ – муассис, мақоми идора – шӯрои нозирони корхонаи давлатӣ ва мақоми иҷроия-роҳбари корхонаи давлатӣ ворид карда мешаванд.
Қабул гардидани пешниҳоди мазкур ва дар ин замина ҷорӣ намудани идоракунии босамар дар корхонаҳои давлатӣ барои таъмини назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳбари корхона ва дар маҷмӯъ барои рушди корхонаҳои давлатӣ мусоидат менамояд.
Хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлуда Зайнӣ дода мешавад.
Мирзозода Мавлуда Зайнӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» бо мақсади дар корхонаҳои давлатӣ таъсис додани шӯроҳои нозирон ва таъмини фаъолияти онҳо таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар асоси принсипҳои яккасардорӣ фаъолияти корхонаҳои давлатӣ натиҷаи зарурӣ надода, аксарияти онҳо фаъолияти худро бо зарар ҷамъбаст менамоянд.
Ҳамчунин, таҷрибаи пешқадами миллӣ ва байналмилалӣ нишон медиҳад, ки ҷорӣ намудани асосҳои идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ташкили шӯроҳои нозирон дар онҳо барои таъмини назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳбари корхона, ҳифзи манфиатҳои давлат ва дар маҷмӯъ, барои рушди корхонаҳои давлатӣ мусоидат хоҳад намуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2019, №2316 барои пешниҳоди хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»-ро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз ҷониби кумитаи масъул, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, инчунин шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, дар маҷмӯъ 5 таклиф пешниҳод шуд, ки қобили қабул дониста шуданд.
Кумитаи масъул 6 сентябри соли равон бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронида, пас аз баррасӣ ва муҳокимаи лоиҳаи қонуни зикршуда ҷонибдорӣ ёфт.
Хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.
Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ», ки таҳияи он дар таҳрири нав дар доираи чорабиниҳои «Нақшаи стратегии рушди Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудааст, манзур мегардад.
Ёдрас менамоям, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» 18 июли соли 2008 қабул гардида, муқаррароти он бо дарназардошти ислоҳоти солҳои охир такмилталаб гардида буд. Дар ин радиф ва бо дарназардошти он ки тағйироти пешниҳодшуда беш аз 50 дарсади қонуни амалкунандаро фаро мегирад, он дар таҳрири нав таҳия гардид.
Шурӯъ аз соли 2015 ба муассисаю ташкилотҳои буҷетии ҷумҳуриявӣ ва аз 1 январи соли 2016 ба мақомоти молияи маҳаллӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки ба низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ пайваст гардида, ҳуҷҷатҳои маблағгузории худро тавассути ин низом анҷом диҳанд.
Инчунин, бо мақсади сода ва шаффоф намудани амалиёти маблағгузорӣ, аз 1 январи соли 2016 пардохти музди меҳнати муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ, идрорпулӣ ва аз 1 апрели соли 2018 пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқаи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки ба воситаи Сарраёсати хазинадории марказӣ хизматрасонӣ карда мешаванд, мустақилона, яъне, бо тарзи электронӣ, ба роҳ монда шуд.
Мақсад аз таҳияи лоиҳаи санади пешниҳодшуда таҳкими назорати раванди иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани механизми маблағгузорӣ, қабули ҳуҷҷатҳои пардохтӣ тавассути алоқаи электронӣ ва барномаҳои ҷадиди соҳавӣ, такмили тартиби таҳияи ҳисоботи дахлдори иҷрои буҷети давлатӣ, бахусус таъмини шаффофияти даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ мебошад.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз 9 боб ва 27 модда иборат буда, дар он мушаххасан ваколатҳои мақомоти хазинадорӣ, асосҳои хизматрасонии хазинавии иҷрои буҷет, иҷрои нақшаи хазинавии буҷет, бақайдгирии уҳдадориҳои шартномавии муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, низоми хизматрасонии бонкии мақомоти хазинадорӣ, муносибатҳои мақомоти хазинадорӣ бо муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайра муайян карда шуданд.
Мусаллам аст, ки ворид гардидани барнома ва технологияҳои муосир дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, аз ҷумла, дар соҳаи молия, инчунин рушди технологияҳои рақамӣ, мунтазам роҳандозӣ намудани ислоҳотро бо мақсади ҳамоҳанг намудани қонунгузории ҷумҳурӣ ба стандартҳои байналмилалӣ тақозо менамояд. Вазорати молия барои мутобиқи меъёрҳо ба роҳ мондани коргузорӣ ва анҷом додани амалиётҳои молиявӣ ва ҳамчунин, истифодаи технологияҳои муосири соҳавӣ, пайваста чораҷӯӣ менамояд.
Хоҳишмандам лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.
Ҷобирзода Тоҳир Гул:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонун бо мақсади таҳкими назорати иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани механизми маблағгузорӣ, қабули ҳуҷҷатҳои маблағгузорӣ тавассути алоқаи электронӣ, харҷномаҳо, таҳияи ҳисоботи буҷетӣ ва молиявӣ оид ба иҷрои буҷети давлатӣ, шаффофияти даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ таҳия гардидааст.
Қонуни мазкур, инчунин асосҳои ҳуқуқию ташкилии низоми хазинадорӣ ва тартиби фаъолияти мақомоти хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур ваколатҳои мақомоти хазинадорӣ, суратҳисобҳои транзитии хазинадорӣ оид ба даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ, асосҳои хизматрасонии хазинавии иҷрои буҷет, нақшаи хазинавии иҷрои буҷет, бақайдгирии уҳдадориҳои шартномавии муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, низоми хизматрасонии бонкии мақомоти хазинадорӣ, ҷойгиркунии маблағҳои озоди буҷет ҳамчун пасандоз дар ташкилотҳои қарзӣ, муносибатҳои мақомоти хазинадорӣ бо муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ, масъулият ва уҳдадориҳои гирандагони маблағҳои буҷетӣ, баҳисобгирӣ ва ҳисобот оид ба иҷрои буҷет муайян карда шудааст.
Агар қонуни амалкунанда аз 9 боб ва 23 модда иборат бошад, лоиҳаи қонуни мазкур, ки ҳоло пешниҳод гардидааст, аз 9 боб ва 27 модда иборат мебошад. Сарфи назар аз он ки лоиҳаи нави қонун аз рӯи миқдори моддаҳо 4 -то афзуд, лекин дар дохили лоиҳа тағйирот хеле зиёд мебошад.
Лоиҳаи қонун аз тамоми истифодабарандагони маблағҳои буҷети давлатӣ барои самаранок истифода бурдани маблағҳо масъулияти баландро талаб менамояд.
Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон барои такмили он 34 таклиф пешниҳод карданд, ки аз онҳо 24 — тоаш пурра ва якто қисман қабул гардид.
Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ба лоиҳаи қонун якчанд таклифу эрод пешниҳод гардид, Кумита бо иштироки намояндагони субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва мақоми ваколатдор онҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ба лоиҳа ворид намуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Кӣ савол дорад? Сухан барои савол додан ба вакил Мавзуна Шамсиддинзода дода мешавад.
Мавзуна Шамсиддинзода: - Дар моддаи 45 — уми қонун, ки дар бораи буҷети ҷамоатҳо сухан меравад, муқаррароти он чӣ гуна татбиқ мешавад?
Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор:- Мо дар якчанд шаҳру ноҳияҳо буҷетикунонии ҷамоатҳоро тариқи пилотӣ роҳандозӣ намудем. Дар сурати муваффақона сурат гирифтани ин кор қарори дахлдор қабул мешавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда шуда, пас аз он яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.
ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо мақсади такмили низоми андозсупории истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ таҳия гардидааст, пешниҳод мегардад.
Тартиби андозсупории истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, №426 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои бонуси обунавӣ, меъёрҳои бонуси кашфи тиҷоратӣ, бастани қарордодҳои истифодаи қаъри замин ва Тартиби гузаронидани экспертизаи ҳатмии андози қарордодҳои истифодаи қаъри замин» танзим шудааст.
Ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи пешниҳодгардида ҷалби бештари сармояи ватанию хориҷӣ ба соҳаи коркарди маъдан бо роҳи пешбинӣ намудани сабукиҳои иловагӣ ба истихроҷкунандагони сарватҳои зеризаминӣ вобаста ба пардохт намудани андози бонуси обунавӣ ва аз пардохти бонуси обунавӣ озод намудани корҳои омӯзишӣ — геологӣ тавассути ворид намудани тағйироти зарурӣ ба моддаи дахлдори (225) Кодекси андоз иборат мебошад. Бо ин мақсад, тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда, муҳлати пардохти бонуси обунавӣ барои маъданҳои фоиданоки маъмул ва маъданҳои фоиданок ба истиснои субъектҳое, ки дар соҳаи истихроҷи ангишт фаъолият менамоянд, бо чунин тарз:
- сӣ фоизи маблағи муқарраршудаи бонуси обунавӣ аз санаи гирифтани иҷозатнома дар давоми 30 рӯзи тақвим ва 70 фоизи маблағи боқимонда аз санаи оғози корҳои истихроҷӣ дар давоми як сол аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи давраи ҳисоботӣ;
- барои истихроҷи ангишт пардохти бонуси обунавӣ вобаста ба андозаи бонуси обунавии ҳисобшуда аз 1 то 10 сол, аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ, муқаррар шудааст.
Инчунин, бо мақсади танзими уҳдадориҳои андозии истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, дар лоиҳа муқаррарот оид ба татбиқ гардидани тағйиру иловаҳо нисбат ба субъектҳое, ки то қабули ин санад иҷозатнома оид ба ҳуқуқи истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ доштанд ва барои фаъолияти онҳо маблағи бонуси обунавӣ ҳисоб карда шудааст, пешбинӣ гардидааст (қисми 2 моддаи 2 лоиҳа).
Қабул ва татбиқи тағйироти пешниҳодшуда имкон фароҳам меоварад, ки корҳои омӯзишӣ – геологӣ барои муайян ва саҳеҳ намудани сарватҳои зеризаминии бо ҷалби сармояи дохилию ватанӣ анҷомдодашуда, инчунин, сармояи ҷалбшаванда барои беҳтар намудани иқтидори корхонаҳои соҳа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот равона карда шавад. Инчунин, ин тадбир барои танзими уҳдадориҳои андозии истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ ва тадриҷан зиёд гардидани даромадҳои андозӣ мусоидат менамояд.
Бинобар ин, аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.
Толибхон АЗИМЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи қонуни мавриди назар аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мехоҳам диққати шуморо ба якчанд нуктае ҷалб намоям, ки мазмуни лоиҳаи қонунро пурра менамоянд. Чунончӣ, лоиҳа асосан ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қисми 1 моддаи 220, таҳрири нави қисми 1 моддаи 223, хориҷ кардани қисми 2 ҳамин модда, дар 4 қисм пешбинӣ намудани моддаи 225 ва дар таҳрири нав пешниҳод намудани қисмҳои 1 ва 2 — ро бо сархатҳои дахлдори ҳамин модда пешбинӣ менамояд.
Барои боз ҳам фаҳмо шудани мазмуни қонун ва додани имтиёзу сабукӣ, тибқи лоиҳаи зикршуда, якчанд ҷанбаро ёдрас менамоям.
Якум, пурра озод намудани иҷозат барои омӯзиши геологӣ, ки машғул гаштан ба он мақсади ба даст овардани фоидаро надошта, танҳо кофтукову кашф дар назар дошта мешавад.
Дувум, имтиёзҳои пешниҳодгардида мазмуни дарҳол дар муҳлатҳои муқарраршуда пардохт намудани маблағҳоро барои истихроҷ дар бар нагирифта, балки давраҳои муайянро фарогир мебошад.
Сеюм, фоизҳои пардохти бонуси обунавӣ дар аввал мисли пештара вазнин – 50 фоизи маблағи муқарраршуда дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ то додани иҷозатнома ва бозпардохти ҳамин қадар маблағ ва муҳлат баъди он набуда, балки 30 фоиз аз санаи гирифтани иҷозатнома ва 70 фоизи дигар баъди гирифтани иҷозатнома дар назар дошта мешавад.
Чорум, ин меъёри тааллуқдори истихроҷи ангишт буда, он ҳам аввал дар давоми як сол барои ҳар моҳи ҳисоботӣ ба маблағи муайяни нишондиҳанда барои ҳисобҳо, солҳои минбаъда, аз ҷумла, барои 2, 4, 6 ва 10 соли фаъолият пешбинӣ мешавад.
Панҷум ва аз ҳама муҳим он аст, ки маҳдудият барои муҳлату маблағи пардохт низ пешбинӣ намегардад ва имконият фароҳам оварда мешавад, ки чунин субъектон тавонанд бонуси обунавиро якбора пардохт намоянд.
Саволе ба миён омаданаш мумкин аст, ки аз ҷорӣ намудани чунин меъёрҳои сабукидиҳанда соҳаи мазкур ва ё буҷети давлатӣ зарар мебинад ё не? Аз ҷорӣ намудани ин имтиёзу сабукиҳо соҳа ва буҷети давлатӣ зарар намебинад, чунки тартиби ҳалли масъала мисли пештара боқӣ мемонад.
Муқаррароти қисми 3 моддаи 1 ҳамин қонун нисбат ба он субъектҳое, ки то мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур дорои иҷозатнома оид ба ҳуқуқи истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ мебошанд ва дар асоси қарордоди истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ нисбати фаъолияти онҳо, тибқи тартиби муқарраргардида, маблағи бонусҳои обунавӣ ҳисоб карда мешуданд, низ татбиқ мегардад.
Лоиҳаи қонуни мавриди баррасиро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо хулосаҳои худ ҷонибдорӣ намуданд. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни зикргардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Сӯҳроб дода мешавад.
Сӯҳроб САФАРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
23 октябри соли 2017 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №954 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143» ба сохтори мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Аз ин рӯ, зарурат ба миён омад, ки вобаста ба сохтори нав дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Агентӣ, аз ҷумла, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид шаванд.
Бо ин мақсад, барои мутобиқгардонии меъёрҳои қонун ба талаботи моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», татбиқи сиёсати миллии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» вобаста ба имплементатсияи (татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар сатҳи дохилидавлатӣ) муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон эътирофгардида ва уҳдадориҳои дигари байналмилалӣ оварда шудааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷдиди назар карда, баъзе меъёрҳо такмил дода шуданд. Инчунин, вобаста ба талабот ба қонун меъёрҳои нав низ ворид карда шуд.
Дар маҷмӯъ, аз 32 тағйироту иловае, ки ба лоиҳа пешниҳод карда шудааст, 22-то ҷиҳати мутобиқгардонии истилоҳот вобаста ба самти фаъолият ва тағйироти сохтор буда, боқимонда, аз қабили «Муқаддима», қисми 4 моддаи 6, ҷумлаи дуюми қисми 5 ва қисми 6 моддаи 11, сархати нуздаҳуми моддаи 19, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 26, моддаҳои 261 ва 321 илова карда шудаанд. Аз ҷумла, бо дарназардошти он ки дар қонуни амалкунанда «Муқаддима» вуҷуд надошт, ҷиҳати мутобиқгардонӣ бо техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ дар лоиҳа «Муқаддима» — и қонун илова шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар қисми 2 моддаи 6 ва дар моддаи 36 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қайд карда мешавад, ки: «Ҳар як Давлати иштирокчӣ мутобиқи принсипҳои асосии низоми ҳуқуқии худ мавҷуд будани мақомот ё шахсонеро, ки барои мубориза бар зидди коррупсия тавассути чораҳои ҳифзи ҳуқуқ махсус гардонида шудаанд, таъмин менамояд. Ба чунин мақомот ё шахсони тибқи принсипҳои асосии низоми ҳуқуқии Давлатҳои иштирокчӣ мустақилияти зарурӣ фароҳам оварда шавад, то онҳо тавонанд функсияҳои худро самаранок ва бе таъсири номатлуб иҷро намоянд».
Дар ин замина, бо мақсади татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар сатҳи дохилидавлатӣ, ҷиҳати васеъ намудан ва идома додани такмили функсияҳои мақомоти махсусгардонидашудаи зиддикоррупсионӣ дар марҳилаи пешгирии коррупсия, банди 17- уми Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» мақомоти дахлдорро вазифадор намудааст, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» — ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Аз ин рӯ, дар лоиҳа қисми 4 моддаи 6 илова карда шуд, ки мутобиқи он дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии корманди Агентӣ, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳоро истифода мебарад, танҳо дар вақти дастгир намудани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят, дар дигар мавридҳо бошад, танҳо вобаста ба парвандаи ҷиноятии оғозгардида нисбат ба корманди Агентӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд.
Мақомоти Агентӣ дорои муҳр ва нишони фарқкунанда мебошад, ки аз давраи таъсисёбӣ онҳо истифода мешаванд. Вале меъёри доро будани ин нишонаҳо дар қонуни мазкур ва ё низомномаи Агентӣ ворид карда нашудааст.
Бинобар ин, дар лоиҳа пешниҳод гардид, ки дар қисми 5 моддаи 11 ҷумлаи дуюм дар таҳрири зерин илова карда шавад: Агентӣ дорои муҳр ва нишони фарқкунанда мебошад.
Яке аз усулҳои самаранок ва натиҷабахши муқовимат ба коррупсия ин пешгирии коррупсия мебошад ва масъалаи пешгирӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Агентӣ маҳсуб меёбад. Ҷиҳати пешгирии коррупсия Агентӣ бояд маҷаллаи худро дошта бошад ва барои додани заминаи ҳуқуқӣ ба ин ташаббус ва бо қонун мустаҳкам намудани ин ҳолат дар лоиҳа пешниҳод карда шуд, ки дар сархати 19 моддаи 19 пас аз калимаҳои «аз ҷумла» калимаҳои «маҷалла ва» илова карда шавад.
Ҳамзамон дар қонуни мазкур муҳлати ваколати сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳо ва шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсатҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои минтақавӣ пешбинӣ нагардидааст. Бо мақсади муайян намудани муҳлати ваколатҳо пешниҳод гардид, ки ба қонуни мазкур моддаи 261, ки ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунандаро дар мақомоти Агентӣ муайян мекунад, илова мешавад.
Инчунин, бо мақсади пурра кардани қонун дар лоиҳа вобаста ба пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии кормандони мақомоти Агентӣ моддаи 321 илова карда шуд, ки моддаи мазкур кормандони мақомоти Агентиро, ба истиснои хизматчиёни гражданӣ, водор месозад, ки дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломия пешниҳод намоянд.
Дар умум, лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёрҳои қонуни амалкунанда бо сохтори нав, пурра кардани меъёрҳо, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз талаботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия бармеояд ва баҳри самаранок пеш бурдани фаъолияти мақомоти Агентӣ таҳия шудааст. Хоҳишмандем онро дастгирӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович дода мешавад.
Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади мутобиқгардонии он ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, инчунин мукаммалгардонии вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дахолат накардан ба фаъолияти кормандон, дақиқ кардани сохтор, бо ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани сардорони сарраёсатҳо ва раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсатҳои минтақавӣ, аз ҷумла, ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунандаи Агентии номбурда, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Дар бораи мазмун ва моҳияти лоиҳаи қонуни номбурда муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Сӯҳроб маълумоти муфассал доданд, ки такрори онро лозим намешуморам.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 13 таклиф пешниҳод гардид, ки дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шуд. Хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» оғоз мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзода Нарзулло Саймиддин дода мешавад.
МАЛИКЗОДА Нарзулло Саймиддин:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2019, №22/3-143 ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоиди соҳибкорӣ ва барои субъектҳои хоҷагидор ройгон анҷом додани бақайдгирии давлатӣ, аз ҷониби Кумитаи андоз таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуд.
Тибқи муқаррароти қисми 5 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии ташкилотҳои тиҷоратӣ ба андозаи 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (дар соли 2019 — ум 1375 сомонӣ), барои ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (дар соли 2019 — ум 385 сомонӣ), барои шахсони воқеӣ дар асоси шаҳодатнома ё патент фаъолияткунанда мутаносибан ба андозаи 2 нишондиҳанда (110 сомонӣ) ва як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (55 сомонӣ) ва барои додани нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии субъект пешбинӣ шудааст, боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
Тибқи муқаррароти банди 5) қисми 5 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», ташкилотҳои тиҷоратӣ ҳангоми бақайдгирии давлатии барҳамдиҳӣ ва ё қатъи фаъолияти худ ба андозаи 12,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (дар соли 2019 — ум 687, 5 сомонӣ), ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба андозаи 3,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (192,5 сомонӣ), шахсони воқеии тибқи шаҳодатнома ё патент фаъолияткунанда мутаносибан ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (55 сомонӣ) ва ба андозаи 0,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (27,5 сомонӣ) боҷи давлатӣ пардохт менамоянд.
Тибқи лоиҳаи қонун, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 4,5 ва 6 қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ» пешбинӣ гардида, талабот оид ба пардохти боҷи давлатӣ барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии (барҳамдиҳии, қатъи фаъолияти) ташкилотҳои тиҷоратӣ, ғайритиҷоратӣ, шахсони воқеии тибқи патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда ва додани нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ бекор карда шудааст. Яъне, ҳангоми қабул гардидани қонуни мазкур, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои бақайдгирии давлатӣ ва барҳамдиҳии фаъолият аз пардохти боҷи давлатӣ озод мегарданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур, пеш аз ҳама, хароҷоти соҳибкоронро ҳангоми оғози фаъолияти соҳибкорӣ ва барҳамдиҳии фаъолияти онҳо кам ва вақти онҳоро сарфа намуда, ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалии «Пешбурди соҳибкорӣ» аз рӯи нишондиҳандаи «Бақайдгирии корхона» мусоидат менамояд. Зеро, тибқи методологияи муайяннамудаи Бонки ҷаҳонӣ, ҳангоми омода намудани ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» мавқеи ҳар як кишвар нисбат ба натиҷаи беҳтарин аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳо ё худ индикаторҳо, аз ҷумла, нишондиҳандаи «Бақайдгирии корхона», муайян карда мешавад.
Дар навбати худ, ҳар як индикатор, аз ҷумла, индикатори «Бақайдгирии корхона», тавассути зериндикаторҳо баҳогузорӣ гардида, тибқи методология, яке аз зериндикаторҳои «Бақайдгирии корхона» хароҷот барои анҷом додани расмиёти бақайдгирии давлатии субъекти соҳибкорӣ нисбат ба даромади миллӣ ба як нафар аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, дар сурати кам намудани андозаи боҷи давлатӣ барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии ташкилотҳои тиҷоратӣ мутаносибан хароҷоти онҳо ҳангоми бақайдгирии давлатӣ кам мегардад ва иқдоми мазкур барои баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалии «Пешбурди соҳибкорӣ» аз рӯи нишондиҳандаи «Бақайдгирии соҳибкорӣ» бевосита мусоидат менамояд.
Аз шумо хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.
Сафаралӣ Раҷабов:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Тавре зикр шуд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоиди соҳибкорӣ ва барои субъектҳои хоҷагидор ройгон анҷом додани амалҳои бақайдгирии давлатӣ таҳия гардидааст.
Муҳим он аст, ки қабули қонуни мазкур ба баланд бардоштани рейтинги байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ «Пешбурди соҳибкорӣ» аз рӯи нишондиҳандаи «Бақайдгирии корхона» мусоидат менамояд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни зикргардидаро ҷонибдорӣ намед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: - Ба баррасии масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзода Нарзулло Саймиддин дод мешавад.
МАЛИКЗОДА Нарзулло Саймиддин:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2019, №22/3 — 143 ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоиди соҳибкорӣ ва барои субъектҳои хоҷагидор ройгон дастрас намудани маълумотҳо аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ таҳия гардидааст ва бо лоиҳаи қаблан муҳокимашуда ва қабулгардидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ҳамбастагӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар қисми 2 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» муқаррар шудааст, ки барои нигоҳдории Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ва пешниҳод намудани иқтибос аз феҳристи мазкур ё додани маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани маълумот дар бораи субъектҳо ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ пардохт карда мешавад (дар соли 2019 — ум 110 сомонӣ).
Бо мақсади кам намудани хароҷоти соҳибкорон ҳангоми анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ, барҳамдиҳии фаъолият ва сарфа намудани вақти онҳо дар лоиҳаи қонун пешбинӣ шудааст, ки иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатӣ ва маълумотнома дар бораи дар феҳристи мазкур мавҷуд набудани маълумот дар бораи ҳар як субъект ройгон дода мешавад. Вобаста ба ин, дар лоиҳа ворид намудани тағйиру иловаҳо ба якчанд моддаҳои қонун пешбинӣ гардида, талабот оид ба пешниҳоди пардохтнома (квитансия) ҳангоми анҷом додани амалҳои бақайдгирии давлатӣ бекор карда шудааст, ки дар натиҷа номгӯйи ҳуҷҷатҳои барои анҷом додани амалҳои бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшаванда як адад кам мегардад.
Ҳамин тариқ, ройгон пешбинӣ намудани амали мазкур ва вобаста ба ин кам гардидани шумораи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои баланд бардоштани рейтинги байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ «Пешбурди соҳибкорӣ» аз рӯи нишондиҳандаи «Бақайдгирии корхона» мусоидат менамояд.
Аз шумо хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.
НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Тавре зикр шуд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Тағйироти мазкур бо мақсади дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва кам намудани хароҷот ҳангоми бақайдгирӣ ва қать гаштани фаъолияти онҳо пешбинӣ гардида, вобаста ба ин, дар лоиҳа ворид намудани тағйирҳо ба моддаҳои 6, 11, 20, 22, 25, 27, 29, 32 ва 33 пешбинӣ шуда, талабот оид ба пешниҳоди пардохтнома (квитансия) ҳангоми бақайдгирӣ, азнавташкилдиҳӣ ва анҷом додани амалҳои бақайдгирии давлатӣ, бекор карда шудааст, ки дар натиҷа номгӯйи ҳуҷҷатҳои барои анҷом додани амалҳои бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшаванда як адад кам мегардад.
Қисми 6 моддаи 33 дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар таҳрири зерин ифода карда шуд: «Аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумот дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ иқтибос дода мешавад».
Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд.
Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» — ро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.
Неъматулло СОЛЕҲОВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ