Сиву якуми майи соли ҷорӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия интихоб намудани Нидозода Ҳусайн Болта»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»
5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ».
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Масъалаи якуми рӯзнома «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия интихоб намудани Нидозода Ҳусайн Болта» мебошад.
Чанде пеш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Исматуллозода Дилшод Абдуғафор муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ба ҷои ӯ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколати вакилии Нидозода Ҳусайн Болтаро тибқи рӯйхати пешниҳоднамудаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон тасдиқ намуда, шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.
Нидозода Ҳусайн Болта беш аз даҳ соли охир дар вазифаи роҳбари Дастгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ифои вазифа намудааст.
Ба Нидозода Ҳусайн Болта савол доред? Пас, лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия интихоб намудани Нидозода Ҳусайн Болта» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Сипас, тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», вакили интихобшуда аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Нидозода Ҳусайн Болта ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кард.
РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.
ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо мақсади мутобиқ намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кам намудани шумораи мақомоти санҷишии ҷумҳурӣ ва хориҷ намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати фаъолияти суғуртавӣ, иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ аз қонуни мазкур таҳия ва ба баррасии шумо пешниҳод шудааст.
Дар асоси ин лоиҳа, аз моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» калимаи «Сарқонун» хориҷ шуда, бо дарназардошти ҳаммонандии соҳаҳои байторӣ ва зотпарварӣ минбаъд фаъолияти санҷишии мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин соҳаҳо дар доираи фаъолияти як сохтор муттаҳид карда мешавад.
Ёдрас менамоям, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017 таҳти № 851 пешбурди назорати фаъолияти суғуртавӣ дар ҷумҳурӣ ба ваколати Бонки миллӣ гузаронида шуд. Бинобар ин, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати суғурта хориҷ карда мешавад. Назорати минбаъдаи фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи суғурта аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории бонкӣ амалӣ карда мешавад.
Ҳамчунин, ҷиҳати кам кардани сарборӣ ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва дар ин раванд маҳдуд намудани дахолати мақомоти давлатӣ ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ муқаррароти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ аз қисми 1 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» хориҷ карда мешавад. Минбаъд, батанзимдарории муносибатҳои мазкур тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба роҳ монда мешавад.
Дастгирии лоиҳаи қонуни мазкур барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои хоҷагидор ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ мусоидат менамояд.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Акрамзода Баҳодур Исмоил дода мешавад.
АКРАМЗОДА Баҳодур Исмоил:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда онро ҷонибдорӣ намуданд.
Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангимурод дода мешавад.
ҚОДИРЗОДА Саъдӣ Сангимурод:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
Ҷиҳати ба танзим даровардани муносибатҳои мазкур ва мутобиқгардонии меъёрҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» бо қонунгузории ҷорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, зарурати таҳлили меъёрҳои муқаррарнамудаи қонуни мазкур ва таҷрибаи татбиқи қонунгузории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи инҳисороти табиӣ ба миён омад, ки дар заминаи он баъзе меъёрҳои пешбининамудаи қонуни амалкунанда такмил дода шуданд. Аз ҷумла, номи қонуни мазкур дар таҳрири нав пешниҳод ва дар матни он калимаҳои «монополияи» ва «монополияҳои» ба калимаҳои «инҳисории» ва «инҳисороти» иваз карда шуданд.
Ҳамчунин, дар моддаи 4 вобаста ба баъзе калимаҳо, аз қабили «ташхиси техникӣ» ва «ташхиси молиявӣ» мафҳумҳо пешниҳод шуд.
Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 3 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мувофиқи кодекси мазкур сурат мегирад. Бо назардошти ин, дар таҷрибаи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии соҳаи зиддиинҳисорӣ мувофиқи талаботи зикргардида мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Аз ин рӯ, зарурати такмили моддаи 14 қонуни амалкунанда ба миён омада, аз сархати панҷуми модда ҷумлаи «қоидаҳои тартиби баррасии парвандаҳоро дар бораи вайронкунии қонуни мазкур» хориҷ карда шуд.
Ҳамчунин, бо мақсади аз байн бурдани мухолифат байни меъёрҳои моддаҳои 14 ва 9 қонуни амалкунанда дар сархати якуми қисми дуюми моддаи 14 пас аз калимаи «тарифҳо» калимаҳои «, ба истиснои тарифҳои неруи барқ ва гармӣ» илова карда шуд. Зеро тибқи сархати якуми қисми дуюми моддаи 14, аз тарафи мақомоти ваколатдор қарорҳои барои субъектҳои инҳисории табиии иҷроишашон ҳатмиро доир ба ҷорӣ намудан, тағйир додан ё қатъ кардани танзим, истифодаи усулҳои танзими мутобиқи қонуни мазкур пешбинишуда, аз ҷумла муқаррар кардани тарифҳо қабул менамояд, ба таври умумӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳол он ки тарифҳои неруи барқ ва гармӣ бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва тасдиқ карда мешаванд.
Инчунин, бо дарназардошти талаботи боби 30 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар матни моддаи 14 калимаҳои «амрҳои» ва «амрияҳои» ба калимаҳои «амрномаҳои» иваз карда шуданд.
Тибқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ», субъекти инҳисории табиӣ ҳуқуқ дорад, ки тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодшавандаро дар давраи амали тарифҳо бо мувофиқаи мақомоти ваколатдор барои истеъмолкунандагон паст намояд. Бояд гуфт, ки на ҳама тарифҳои молҳо (корҳо ва хизматрасониҳо)-и субъектҳои инҳисороти табиӣ бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори давлатӣ паст карда мешаванд, аз ҷумла тарифҳои неруи барқ ва гармӣ. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати мутобиқгардонии меъёрҳои пешбинигардида ба сархати дуюми қисми якуми моддаи мазкур пас аз калимаи «тарифҳо» калимаҳои «, ба истиснои тарифҳои неруи барқ ва гармӣ» илова карда шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» бо дарназардошти пешниҳоди сохторҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуд. Хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода дода мешавад.
Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти қонунгузории амалкунанда ва ба забони давлатӣ мутобиқ намудани он таҳия ва пешниҳод шудааст. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмил 5 таклифу пешниҳод манзур намуданд, ки дар мувофиқа бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳа ворид карда шуд.
24 майи соли 2017 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо баррасӣ шуда, аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардид.
Ҳамчунин таклифҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда буданд, ба лоиҳа ворид гардид.
Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангимурод дода мешавад.
ҚОДИРЗОДА Саъдӣ Сангимурод:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» бо мақсади бартараф намудани ихтилофот байни меъёрҳо, пешбинӣ намудани мафҳумҳо ҷиҳати равшану возеҳ гардонидани меъёрҳо дар қонуни амалкунанда, аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Ҳангоми таҳлил муайян гардид, ки ихтилофот байни меъёри пешбининамудаи қисми сеюми матни тоҷикӣ ва русии моддаи 20 қонуни амалкунанда вуҷуд дорад.
Дар матни тоҷикии қисми сеюми моддаи 20 омадааст, ки «Сарпарастӣ ба барномаҳои ахбор ва воқеаҳои ҷорӣ манъ аст». Аммо дар матни русӣ бошад, ибораҳои «Спонсорство информационных программ о текущих событиях запрещено» истифода гардида, гуногунфаҳмиро ба миён овардааст. Аз ин лиҳоз, дар қисми 3 моддаи 20 калимаи «ва» ба калимаҳои «оид ба» иваз карда шуд.
Инчунин, ҷиҳати возеҳ гардонидани баъзе меъёр ва калимаҳо дар мафҳумҳои асосии қонуни амалкунанда дар моддаи 2 сархати нав оид ба мафҳуми «воқеаҳои ҷорӣ» илова карда шуд, ки минбаъд ба рушди фаъолияти рекламавӣ ва татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» мусоидат хоҳад кард.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» бо дарназардошти пешниҳоди сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуд. Дар натиҷа, дар қисми дуюми моддаи 20 калимаҳои «ва тамоку истеҳсол мекунанд» ба калимаҳои «тамоку ва маҳсулоти тамоку истеҳсол мекунанд, вобаста ба реклама» иваз карда шуд.
Хоҳишмандам лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Гулнора Бобоева дода мешавад.
Гулнора БОБОЕВА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» мутобиқ ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Лоиҳаи қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар раванди истеҳсол, ҷойгирнамоӣ ва паҳнкунии реклама дар бозорҳои мол, кор ва хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бозорҳои хизматрасонии бонкӣ, суғуртавӣ ва дигар хизматрасониҳо, инчунин дар бозорҳои коғазҳои қиматнок ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарор аз 16 майи соли 2017 лоиҳаи қонуни мазкурро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.
Онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, 14 таклиф пешниҳод намуданд.
Бисту панҷуми майи соли 2017 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонун мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз таклифҳои воридшуда 9 — то пурра ва 2 — то қисман қабул гардид.
Инчунин, пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуд.
Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангимурод дода мешавад.
ҚОДИРЗОДА Саъдӣ Сангимурод:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо ҳангоми пахши барномаҳои телевизионӣ ва инъикоси воқеаҳои ҷорӣ, ки нисбат ба онҳо сарпарастӣ манъ гардидааст, аз ҷониби Хадамоти зидиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
Мувофиқи талаботи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», нисбат ба фаъолияти сарпарастӣ маҳдудият муқаррар гардида, сарпараст ҳуқуқ надорад, ки ба фаъолияти кумакгиранда дахолат намояд. Инчунин, шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку истеҳсол мекунанд, вобаста ба реклама сарпараст буда наметавонанд ва сарпарастӣ ба пахши барномаҳои ахбор ва инъикоси воқеаҳои ҷорӣ манъ аст.
Ҷиҳати пешгирии амалишавии маҳдудиятҳо ва татбиқи меъёрҳои муқарраргардидаи қонунгузорӣ дар бораи реклама, инчунин пурзӯр намудани меъёрҳои қонунгузорӣ дар ин самт, андешидани чораҳои таъсиррасон зарур мебошад. Бинобар ин, дар лоиҳаи қонуни зикргардида моддаи нав вобаста ба масъалаи мазкур дар таҳрири нав ворид гардид.
Ҳангоми баррасии қаблии лоиҳаи қонуни мазкур дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи вакилон ҷиҳати мутобиқ гардонидани меъёрҳо таклифҳо пешниҳод шуданд. Аз ҷумла, пас аз калимаҳои «сарпарастӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки машрубот ва тамоку истеҳсол мекунанд,» калимаҳои «ҳангоми паҳни реклама» илова карда шуданд, зеро қонуни амалкунанда масъалаҳои рекламаро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ба танзим медарорад.
Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро дастгирӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ дода мешавад.
МИРЗОЗОДА Мавлудахон Зайнӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ !
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1224, 16 майи соли 2017 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ гардида, ҷиҳати такмили он ҳафт таклифу пешниҳод манзур ва онҳо пурра ё қисман қабул карда шуданд.
Кумитаи масъул 24 майи соли 2017 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи қонуни зикргардидаро такмил дод.
Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ дода мешавад.
НАЗАРЗОДА Ризо Шодӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони мардумӣ ва ҳозирини арҷманд!
Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакат дар заминаи талошҳои пайваставу созанда ва собитқадамонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо пеш гирифтани сиёсати «Дарҳои кушод», Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба вижагиҳои хос, пеш аз ҳама, табиати биҳиштосо, ёдгориҳои беназири таърихиву фарҳангӣ, кӯҳҳои осмонбӯс, оромию осудагӣ, ваҳдату истиқлолияти комил, мавҷудияти роҳҳои замонавӣ ва инфрасохтори мусоид бинандаро мафтун сохта, Ҳукумати кишвар соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок эътироф намудааст.
Иқдоми пешгирифтаи гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» қобили дастгирӣ мебошад. Пешбинӣ мешавад, ки саҳми соҳаи сайёҳӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то соли 2020 ба 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоиз расонида шуда, то соли 2020 бояд зиёда аз 1 миллион сайёҳ ба кишвари мо ояд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 30 санади меъёрӣ – ҳуқуқӣ ва танзимкунандаи соҳа қабул гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» ва Консепсияи миллии рушди сайёҳӣ барои солҳои 2009 — 2019 баёнгари он мебошанд.
Тартиби нави ба расмият даровардани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ яке аз тадбирҳои таконбахш барои ҷалби туристони хориҷӣ ба кишвар арзёбӣ мегардад.
Бояд таъкид намуд, ки рӯйхати мамлакатҳое, ки барои гирифтани раводид тариқи содакардашуда дар се фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон иҷозат доранд, аз 68 адади тартиби пештар амалкунанда ба 78 адад расидааст. Ҳамчунин, бо 10 давлати дунё тартиби бе раводид амал менамояд. Аз моҳи июни соли 2016 тартиби электронии раводиди Тоҷикистон баҳри таъмини ташрифоти бештари сайёҳон ба кишвар оғоз гардид. Ин омил ба он мусоидат намуд, ки ҷуғрофияи ташрифоти сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ васеъ гашта, аз 59 давлат дар соли 2015 ба 109 кишвар дар соли 2016 расад. Ҷалби сайёҳон ба кишвар зиёд шуда, дар се соли охир ду маротиба афзоиш ёфт.
Баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» ба таъсиси сохтори нави сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад.
Ҳамчунин, дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар воридоти таҷҳизоту масолеҳи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз аз фоида озод карда мешаванд, ки ба рушди сайёҳии дохилӣ таъсири мусбат мерасонад.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ»- ро ҷонибдорӣ намуда, барои иқдоми саривақтӣ ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода дода мешавад.
МИРАЛИЁН Қиёмиддин Абдусалимзода:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Лутфия Раҷабова, Маҷидзода Ҷурахон Зоир, Ҷамшед Саидов, Мусалам Қодирова ва Миралиён Қиёмиддин таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Он дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст. Аз ҷумла, зарурати инкишофи ин бахши муҳими иқтисоди миллиро Президенти мамлакат зимни Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 апрели соли 2013) чунин иброз намуданд: «Барои боз ҳам афзоиш додани сармоягузориҳои хориҷӣ рушди соҳаи туризм омили муҳим ба шумор меравад, зеро Тоҷикистон имкониятҳои бузургеро доро мебошад, ки аз мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои мусоиду нодири тиббиву муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ ва дигар дороиҳое, ки табиат барои мо додааст, бармеоянд. Омӯзиши таҷрибаи давлатҳои дигар нишон медиҳад, ки рушди туризм ҳамчун яке аз сарчашмаҳои даромади аҳолӣ, ғанигардонии Буҷети давлатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ саҳми назаррас мегузорад».
Дар ҷаҳон баъди нафт ва маҳсулоти доруворӣ даромад аз сайёҳӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд ва он 30 фоизи содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Соли 2015 дар ҷаҳон ташрифи байналмилалии сайёҳон 4,6 фоиз афзоиш ёфта, ба 1,2 млрд. расид ва даромади умумии он ба 1,5 трлн. доллар баробар гардид, ки ҳудудан 10 фоизи ММД — и ҷаҳониро ташкил медиҳад. Зимнан, дар сатҳи ҷаҳонӣ 9 фоиз (аз 11 ҷой 1)-и ҷойҳои корӣ ба ин соҳа рост меояд. Ҳамчунин, ҳар сол дар ҷаҳон наздики 5 млрд. ташрифи сайёҳӣ ба ҳисоб гирифта мешавад, ки 83 фоизи он (4 млрд. ташриф) ба сайёҳии дохилӣ рост меояд.
Бо дарназардошти ин афзалият, барои батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии дохилӣ, шаклҳои хоси қонунгузорӣ ба роҳ монда шудаанд. Масалан, дар Ирландия Қонун «Дар бораи сайёҳии миллӣ» (2003), Ҷопон – Қонун «Дар бораи заминаҳо барои дастгирии сайёҳии миллӣ» (соли 2006), Хитой – Қонун «Дар бораи сайёҳии шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой» (соли 2013) ва дар ИМА – Қонун «Дар бораи сайёҳии маҳаллии америкоӣ» (соли 2015) татбиқ мегарданд.
Ҳамин тавр, бо мақсади батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, тартибот дар бозори сайёҳӣ, ҳифзи ҳуқуқ, манфиатҳои сайёҳон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, баланд бардоштани маърифат ва маданияти сайёҳии ҷомеа, мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳсозии вазъи иҷтимоии шаҳрвандон баҳри таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» тасмим гирифта шуд.
Барои таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур дар назди муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони вазорату идораҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ таъсис дода, тадбирҳои муайян андешида шуданд. Аз ҷумла, таҷрибаҳои қонунгузории кишварҳои пешрафта дар самти рушди сайёҳии дохилӣ мавриди таҳлилу омӯзиши амиқ қарор дода шуда, бо мақсади таҳлил ва арзёбӣ намудани вазъият 7 — 8 апрели соли 2016 сафари гурӯҳи корӣ ба шаҳри Панҷакент доир гардид. 24 сентябри соли 2016 бо иштироки васеи субъектҳо дар шаҳри Душанбе мулоқот оид ба баррасии лоиҳаи такмилёфтаи қонуни мазкур баргузор гардид. Ҳамчунин, ҳамоишҳо аз тариқи ВАО ва суҳбату мулоқот бо субъектҳои хизматрасонӣ низ доир шуданд, ки ҳадафрасии лоиҳаи қонунро таҳким бахшиданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2016, №893 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Аз ҷониби онҳо ба лоиҳаи қонуни мазкур 186 таклиф пешниҳод гардида, пас аз баррасӣ 137 таклиф пурра ва 21- тои он қисман қабул гардид.
Аҳамияти лоиҳаи қонуни мазкур аз он иборат аст, ки дар доираи он беш аз 30 навоварӣ ва механизми муосири баназмдароварандаи муносибатҳо ва таҳкимбахши иқтисодиёт муқаррар гардидаанд. Аз ҷумла, ташаккулёбии низоми сайёҳии дохилӣ, болоравии фарҳанги сайёҳии шаҳрвандон, устувории иқтидори амалии кишвар оид ба қабули сайёҳони хориҷӣ, ташкили инфрасохтори муосири хизматрасонии сайёҳӣ, муқаррар гардидани намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва хизматрасониҳои муносиб, аз байн бурдани низоми иҷозатномадиҳӣ ба
сайёҳии дохилӣ, ба роҳ мондани тарзи содаи баҳисобгирии он, ташаккули намудҳои нави хизматрасонии сайёҳӣ, ба монанди сайёҳии кишоварзӣ, хонаист, нақлиётӣ, фароҳам гардидани шароити мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ дар ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, ташкили намудҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра. Ин имкониятҳо дар навбати худ ба рушди устувори иқтисодиёти кишвар боис гардида, дар ибтидо ба таъсис ёфтани даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва дар сурати татбиқи босамар ба ташкил гардидани ҷойи хеле зиёди кор мусоидат менамоянд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» аз дебоча, 11 боб ва 65 модда иборат мебошад.
Боби 1 лоиҳаи қонуни мазкур аз 5 модда иборат буда, мафҳумҳои асосӣ, қонунгузорӣ, сиёсати давлатӣ ва принсипҳои асосиро дар соҳаи сайёҳии дохилӣ фаро мегирад.
Низоми сайёҳии дохилӣ бо дарназардошти стратегия ва барномаҳои давлатии ба рушди соҳа мусоидаткунанда, талабот оид ба амалӣ намудани сайёҳии дохилӣ, танзими низоми хизматрасонии сайёҳӣ, шакли фаъолияти субъектҳои хизматрасонӣ ва намудҳои сайёҳии дохилӣ дар боби 2, ки фарогири 7 модда мебошад, оварда шудаанд.
Салоҳият ва ваколати мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар боби 3 бо 5 модда муқаррар гардидаанд.
Боби 4 аз 13 модда иборат буда, дастгирии давлатиро оид ба рушди сайёҳии дохилӣ пешбинӣ менамояд.
Ташкили хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ дар боби 5, ки фарогири 13 модда мебошад, инъикос шудааст. Аз ҷумла, ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои маҷмӯи хизматрасонӣ, ташкили гӯшаҳои иттилоотӣ, хизматрасонии машваратию иттилоотӣ, меҳмоннавозӣ, хизматҳои хонагӣ (хонаист), роҳбаладӣ, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ ва ғайра муқаррар шудаанд.
Боби 6 механизми ҳавасмандгардонии рушди сайёҳии дохилиро муайян менамояд. Дар он муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба ташкили минтақаҳои сайёҳӣ, баҳисобгирии мустақими субъектҳо, дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ташкили саёҳати хонаист, имтиёзҳо вобаста ба ташкили хизматҳои сарироҳӣ, тозагӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти сайёҳӣ ва ғайра муқаррар гардидаанд.
Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон ҳангоми саёҳат дар боби 7, ки аз 2 модда иборат аст, ба танзим дароварда шудааст.
Боби 8 аз 5 модда иборат буда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, тартиби бастани шартнома оид ба амалисозии хизматрасонии сайёҳӣ ва тартиботи дигарро оид ба танзими ҳуқуқии ин соҳа муқаррар менамояд.
Бехатарии саёҳати шаҳрвандон дар боби 9, ки аз 3 модда иборат аст, оварда шудааст. Дар ин моддаҳо масъулияти шаҳрвандон оид ба риояи талаботи бехатарӣ ҳангоми саёҳат муайян шудааст.
Боби 10 ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла иштироки сармоягузорони хориҷиро дар ташкили инфрасохтори сайёҳӣ фаро мегирад.
Боби 11 муқаррароти хотимавиро дар бар гирифтааст.
Боиси зикр аст, ки лоиҳаи қонун бо дарназардошти таклифу эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров такмил дода шуд. Ҳамчунин, ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои ҳуқуқ ва тарҷумаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатии соҳа ва аъзои гурӯҳи корӣ барои саҳми муносиб дар таҳия ва такмили лоиҳаи қонуни мазкур миннатдорӣ баён менамоем.
Хоҳишмандам лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.
Назирӣ Гулбаҳор Назир:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи қонуни баррасишаванда, ки аз ҷониби гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, боиси дастгирӣ мебошад.
Меъёрҳои лоиҳаи қонун паҳлуҳои гуногуни муносибатҳои ҷамъиятӣ, махсусан муносибатҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ, ки на танҳо манфиатҳои давлат, ташкилоту идора, инчунин соҳибкорон ва дигар субъектҳои муносибати меҳнатиро фаро гирифтааст, барои фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ, самаранокии хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона гардидааст.
Лоиҳаи қонун ба дастгирии давлатии рушди сайёҳии дохилӣ ва ташкили хизматрасонӣ нигаронида шуда, тибқи он марказҳои маҷмӯии хизматрасонии сайёҳӣ дар шакли шахси ҳуқуқӣ ташкил ёфта, ба хизматрасониҳои гуногун машғул мегарданд.
Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии шаҳрвандон дар мамлакат минтақаҳои рушди сайёҳӣ ташкил мешаванд, ки ин масъалаҳо дар бобҳои 4, 5 ва 6-уми лоиҳаи қонун мушаххас дарҷ гардидааст.
Тибқи таҳлилҳои пешакӣ, туризми дохилӣ имкониятҳои молиявиро фароҳам меорад ва лоиҳаи қонуни мазкур заминаи ҳуқуқии зерини онро ташкил медиҳад:
- имконоти инфрасохтори туризмро такмил дода, маблағи зиёдеро аз ҳисоби ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба иқтисодиёт ворид месозад;
- ҷиҳати ташкил ва рушди хизматрасонии сайёҳӣ соҳибкоронро ба соҳа ҷалб менамояд:
- истеҳсолкунандагони маҳсулот ва маснуоти халқӣ, аз қабили наққошон, чӯбтарошон, сангтарошон, рассомон, дӯзандагон ва ғайраро фаъол мегардонад;
- субъектҳои соҳибкорӣ зиёд ва ба ин васила ҷойҳои иловагии корӣ фароҳам шуда, воридоти андоз зиёд мегардад.
Қобили зикр аст, ки 21 апрели соли равон вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки тибқи он барои дастгирии давлатии соҳаи сайёҳӣ аз 1 январи соли 2017 воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод гардида, даромад аз фаъолияти субъектҳои соҳа ба муҳлати 5 сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ аз андоз аз фоида озод гардиданд.
Аз ин рӯ, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҳаёт Одинаев дода мешавад.
Ҳаёт ОДИНАЕВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Тоҷикистон сарзаминест камзамин, лекин аз лиҳози миқёс ва гуногунии сарватҳои табиӣ, кӯҳу пиряхҳои осмонбӯс, дарёҳои шӯху сероб, манзараҳои зебою нотакрор, кӯлҳои нодиру шаффоф ва мавзеъҳои рекреатсионӣ, объектҳои мероси фарҳангию таърихӣ ва мардуми меҳмоннавоз дар ҷаҳон беназир аст. Зарур ва ногузор аст, ки неъматҳои бебаҳо барои таъмини эҳтиёҷоти сокинони кишвар оқилона истифода шуда, ба сарчашмаи муҳими ғанигардонии буҷетҳои маҳаллӣ ва давлатӣ табдил ёбанд.
Сайёҳии дохилӣ яке аз шаклҳои муҳимтарини истифодаи оқилонаю самараноки унсурҳои табиӣ-экологӣ ва объектҳои мероси таърихию фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад. Афзалиятҳои сайёҳии дохилӣ имрӯз, пеш аз ҳама, дар он зоҳир меёбад, ки нисбат ба сайёҳии берунӣ арзон буда, аз хариди чиптаҳо, раводид ва ғайра орӣ буда, аз лиҳози бехатарӣ низ барои сайёҳон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ созгор аст. Аз ин рӯ, ҳама гуна давлат ҳавасманд аст, ки шаҳрвандонаш истироҳати худро бештар дар дохили кишвар гузаронанд. Ин омил танҳо ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мусоидат менамояд, ҷойҳои нави корӣ фароҳам мешавад, ҳамчунин даромади бештар ба буҷети кишвар ворид сохта, содиршавии маблағҳои зиёдро ба беруни кишвар монеъ гашта, гардиши онҳоро дар дохили кишвар вусъати тоза мебахшад
Илова бар ин, рушди сайёҳии дохилӣ туфайли истифодаи оқилонаю самараноки захираҳои маҳаллии сайёҳӣ, равнақи индустрия ва инфрасохтори сайёҳӣ ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» сареҳ ва комил таҳия шуда, имкон медиҳад, ки масоили соҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба танзим шавад.
Бо қабули лоиҳаи қонуни мазкур таҳия ва татбиқи барномаҳои махсуси давлатии рушди минтақаҳои сайёҳӣ, рекреатсионӣ, табобатию профилактикӣ, ҳифзи объектҳои мероси фарҳангию таърихӣ вусъати тоза пайдо хоҳад кард.
Соли 2010 дар сохтори факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи тахассусии иқтисодиёт ва идоракунии сайёҳӣ таъсис шуд. Инчунин, дар Шӯрои диссертатсионие, ки дар ДМТ амал менамояд, рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Ташаккулёбӣ ва рушди кластери миллии сайёҳӣ» ва рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Мушкилоти рушди сайёҳии кӯҳӣ — экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шуда, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ идома дорад.
Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоянд.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Абдуҳалим Ғаффоров дода мешавад.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!
Муҳимияти лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» аз он иборат аст, ки он асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоиро дар соҳаи сайёҳии дохилӣ муайян намуда, барои рушди соҳаи мазкур шароити мусоид фароҳам меорад.
Мехоҳам таъкид намоям, ки беш аз 70 фоизи мардум оид ба минтақаҳои сайёҳие, ки дар кишвар мавҷуданд, тасаввуроти хуб надоранд. Дастгирии лоиҳаи қонуни мазкур таконе ба омӯхтани кишвар мегардад.
Аҳамияти дигари лоиҳа аз он иборат аст, ки дар роҳҳои ба мавзеъҳои сайёҳӣ равоншуда субъектҳои хизматрасонӣ таъсис меёбанд, теъдоди зиёди сокинони маҳал бо шуғл таъмин мегарданд. Хизматрасониҳои сарироҳӣ, мағозаҳои фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ, хадамоти табобатӣ низ аз ҳамин ҷумла хоҳанд буд.
Қабули қонун имкон медиҳад, ки гурӯҳҳои хурди ташкили сайру саёҳат ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ҷой доранд, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид шаванд.
Дар лоиҳа хеле хуб таъкид шудааст, ки ба роҳбаладӣ шахсоне ҷалб мешаванд, ки забони давлатиро хуб медонанд.
Дар он, ҳамчунин мақом, вазифа ва уҳдадориҳои маркази миллии рушди сайёҳӣ нишон дода шудааст ва кори он бояд хеле хуб ба роҳ монда шавад, зеро аз фаъолияти ин ниҳод инкишофи минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ вобастагии калон дорад.
Хоҳишмандам барои дастгирии лоиҳаи қонун овоз диҳед.
РАИС: — Сухан роҷеъ ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Рӯзадор Муҳаббатшо дода мешавад.
Рӯзадор Муҳаббатшо:
- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ва захираҳои табиӣ яке аз кишварҳои нодири минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Дар мамлакат захираҳои бузурги табиӣ вуҷуд доранд, ки бо коркард ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо сатҳу сифати зиндагии мардум тадриҷан боло рафта, барои фаъолияти қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонон, шароити мусоид фароҳам меояд.
Тоҷикистон, ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ, имкониятҳои мавҷударо мавриди истифода қарор дода, барои пайдо намудани мақоми сазовор дар минтақа ва ҷаҳон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Яке аз ин имкониятҳо рушди сайёҳӣ дар мамлакат мебошад. Хурсандиовар аст, ки бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи ин самти муҳим заминаҳои ҳуқуқӣ рӯи кор омадаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои рушди соҳаи сайёҳ таъкид менамоянд. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат зарур аст, ки дар мамлакат қонун оид ба рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ вуҷуд дошта бошад. Гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси хуб нишон дода, лоиҳаи қонуни мукаммалро оид ба сайёҳии дохилӣ таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд.
Қонуни мазкур афзалиятҳои зиёд дошта, ба шаҳрвандон барои ташкил ва вусъати минбаъдаи сайёҳӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар имконият медиҳад. Ҳарчанд пештар баъзе санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ барои танзими сайёҳӣ дар кишвар амал мекарданд, аммо барои тавсеаи масъалаи мазкур имконият фароҳам набуд.
Баъди қабул гардидан қонуни мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳиму мукаммал дар ин самт хизмат хоҳад кард. Лоиҳаи қонун аз лиҳози мантиқ ва пайдарҳамӣ хеле хуб таҳия гардида, як боб боби дигарро пурра менамояд. Аз лиҳози забонӣ низ лоиҳаи қонун нуқсон надорад.
Итминони комил дорем, ки тавассути сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисоди миллӣ бештар рушд ёфта, барои рушди сайёҳӣ дар кишвар, ки яке аз самтҳои муҳими ғанӣ гардонидани буҷети мамлакат мебошад, шароити хуб фароҳам меояд.
Хоҳиш менамоям, ки барои қабули он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун модда ба модда, боб ба боб ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст кард.
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ