Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода сездаҳуми октябри соли равон дар майдони ҳавоии шаҳри Анқара бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Туркия ва Тоҷикистон Аҳмед Узер мулоқот намуд.
Дар он ба зарурати афзоиши тамосҳо, сафари ҳайатҳои парлумонӣ ба кишварҳои ҳамдигар ва табодули таҷриба дар ин самт таъкид карда шуд. Ҷонибҳо ҳамкории байнипарлумониро ба сифати омили муҳими густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Туркия арзёбӣ карданд. Ҳамчунин, доир ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сипас, ҳайати парлумонии Тоҷикистон аз оромгоҳи аввалин Президенти Ҷумҳурии Туркия Мустафо Кемал Отатурк дидан намуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи асосгузори давлати муосири Туркия гулчанбар гузоштанд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу вохӯрӣ намуд.
Зимни он масъалаҳои ҳамкории кишварҳо, хусусан робитаҳои байнипарлумонӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр шуд, ки дар муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Туркия фазои мусоиди эътимод, заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва василаҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд фароҳам аст.
- Механизми муҳими ҳамкорӣ байни кишварҳо Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ мебошад, ки нишасти нахустини он сентябри соли 2000 доир гардида, то ба ҳол даҳ ҷаласаи он баргузор шудааст, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Ӯ, ҳамчунин, иброз дошт, ки парлумони Тоҷикистон омода аст, ки ҷиҳати густариши бештари муносибатҳо ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси бузурги миллии Ҷумҳурии Туркия пояҳои қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро таҳким бахшад.
- Мо ба омӯзиши таҷрибаи кишвари бародар дар раванди рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Туркия низ манфиатдорем. Мусаллам аст, ки дар ин раванд тамосҳои мунтазами сатҳи оливу баланд, аз ҷумла дар ҷодаи робитаҳои байнипарлумонӣ, аҳамияти хоса доранд, — зикр кард Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд: — Мо ба идомаи таъсиси корхонаҳои муштарак бо ҷониби Туркия дар соҳаҳои коркарди пахта, алюминий, чарм, маъдан, аз ҷумла тилло ва нуқра, бофти қолин ва гилеми дастӣ, бо дарназардошти таҷрибаи бойи кишвари бародар, ба мақсади истеҳсоли маҳсулоти тайёр манфиатдорем. Аз ин рӯ, дар асоси таҷрибаи муваффақи ҳамкории дуҷониба байни ҳар ду кишвар бояд минбаъд ҳам ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн кӯшиш ба харҷ диҳем.
Зикр гардид, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо
Маҷлиси бузурги миллии Ҷумҳурии Туркия фаъолият дорад.
13 октябри соли 2021 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия Мустафо Шентоп мулоқот намуд, ки зимни он масъалаи тақвияти ҳамкории байнипарлумонии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
- Итминони комил дорам, ки ин сафар ба равобити Тоҷикистону Туркия ва рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ такони ҷиддӣ бахшида, фазои нав боз хоҳад кард, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзуд: — Мо аз рушди робитаҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши парлумонҳоро дар пешбурди муносибатҳои бисёрҷониба ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор баланд арзёбӣ менамоем.
Зикр гардид, ки дар асоси Созишнома оид ба ҳамкории парлумонӣ миёни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси бузурги миллии Ҷумҳурии Туркия аз соли 1998 Гурӯҳи дӯстии парлумонӣ таъсис ёфтааст ва изҳори боварӣ карда шуд, ки он бо талошҳои муштарак ҳамкории мутақобилан судмандро ба сатҳи сифатан нав мебарорад.
Дар мулоқот, ҳамчунин, таъкид гардид, ки барои густариши муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркия имкониятҳои зиёд мавҷуданд ва истифодаи дурусти онҳо метавонад ҳамкории кишварҳоро ба сатҳи нави шарикии иқтисодӣ боло барад.
Дар охир Маҳмадтоир Зокирзода барои даъват ва меҳмоннавозии гарму самимӣ миннатдорӣ баён карда, Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркияро ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба Тоҷикистон даъват намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон мулоқот намуд.
Зимни он маҷмӯи васеи масоили вобаста ба рушди муносиботи ҳар ду кишвар баррасӣ шуда, зикр гардид, ки равобити Тоҷикистону Туркия бар асоси сиёсати дӯстона ва ҳусни ният, муштаракоти фарҳангӣ ва таърихӣ, ки омилҳои созанда ва муассири таҳким ва густариши пайвандҳои ҳар ду кишвар мебошанд, бунёд ёфтааст.
Маҳмадтоир Зокирзода гуфт, ки соли оянда аз барқарории робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркияр 30 сол пур мешавад. Тоҷикистон Туркияро ҳамчун шарики боэътимод медонад ва омода аст дар хусуси таҷлили 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ, ки фурсати муносиб барои тақвияти ҳамкориҳо мебошад, саъй кунад. Раиси Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, иброз намуд, ки ҳоло заминаи ҳуқуқии муносибати байни кишварҳоро тақрибан 70 санади ҳамкорӣ ташкил дода, дар баррасии ҷонибҳо ҳоло пешнависи 24 санади дигар қарор дорад.
Қайд гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд бо кишвари бародари Ҷумҳурии Туркия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду ҷониб муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад.
- Аз рушди робитаҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши парлумонҳоро дар пешбурди муносибатҳои бисёрҷониба ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор баланд арзёбӣ менамоям. Итминони комил дорам, ки гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба сатҳи сифатан нав мебардоранд, — иброз дошт Маҳмадтоир Зокирзода.
Зимни мулоқот масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо низ баррасӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати парлумонии кишвар 12 октябри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба Ҷумҳурии Туркия сафар кард.
Ҷумҳурии Туркия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики афзалиятнок ба ҳисоб рафта, ҳамкорӣ байни кишварҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, энергетика, саноат, маориф, фарҳанг самарабахш идома дорад. Робитаҳои доимии ҳар ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва форумҳо, хусусан дар доираи ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳид низ мусбат арзёбӣ мегарданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон