27 майи соли ҷорӣ 40 нафар ҷавондухтар, ки «Аввалин мактаби сайёри ҷавондухтари роҳбар» — и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудаанд, аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карданд. Онҳо, тибқи нақша, бо китобхона, осорхона ва толори ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва толорҳои таърихии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Зимни мулоқот бо ҷавондухтарон раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Насиба Содиқӣ, Сумангул Тағойзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода иброз доштанд, ки андешаҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то ҳол ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.
Зикр шуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва рӯҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшида, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.
Дар интиҳо вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволҳои сершумори ҷавондухтарон посух гуфтанд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»