Ҳаждаҳуми ноябри соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи ҷаласаи навбатиро, ки аз масъалаҳои зерин иборат буд, тасдиқ карданд:
1.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017 — 2018»
2.Дар бораи лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016- 2018
3.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»
4.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
5.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ».
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ мекунем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017- 2018» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Абдусалом Карим дода мешавад.
ҚУРБОНИЁН Абдусалом Карим: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018» дар асоси афзалиятҳои аз ҷониби Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқарраргардида, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вохӯриҳо бо аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ бармеоянд, таҳия гардида, дар он рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.
Дар он, пеш аз ҳама, самтҳои стратегияҳои миллӣ, Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018, барномаҳои афзалиятноки соҳавие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст, инчунин дархостҳои шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба инобат гирифта шудааст.
Бинобар ин, дар давраи миёнамуҳлат сиёсати буҷет, пеш аз ҳама, барои пешгирӣ намудани хавфи ноустувории бозори молиявии ҷаҳонӣ ба иқтиcодиёти кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини муътадилии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ тавассути васеъ намудани заминаи андозбандӣ, давом додани ислоҳот дар бахшҳои идоракунии молияи давлатӣ, нигоҳ доштани устувории бозори молиявӣ барои ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ, дар дараҷаи муайян нигоҳ доштани хароҷоти хизматрасонии қарзҳои беруна, таъмини амнияти миллӣ ва бехатарии кишвар равона мегардад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018» дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014, рақами 143-ф таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Буҷети давлатӣ барои соли 2016 дар шакли қонун пешниҳод карда шудааст. Нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018 бошад, назоратӣ буда, вобаста ба тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт, мутобиқи талаботи моддаи 36-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ» дар соли оянда аниқ карда шуда, ба онҳо тағйироти зарурӣ ворид карда мешавад.
Ҳамчунин дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ба истиснои имтиёзҳои андозие, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» пешбинӣ шуда буданд, иловатан иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ оид ба сохтмони панҷ муассисаи таҳсилоти умумӣ, сохтмон ва азнавтаъмиркунии 20 километр роҳи автомобилгард дар ноҳияи Данғара, ки аз ҷониби намояндагии ширкати саҳомии дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой тариқи эҳсонкорӣ амалӣ карда мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда шуда, воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиёни асосии сохтмони иншооти мазкур тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
Инчунин иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосӣ оид ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз пардохти андозҳо аз арзиши иловашуда, аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.
Ҳамчунин воридоти ангишт аз беруни ҷумҳурӣ ба миқдори 7200 тонна барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеию ҳуқуқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
Дар робита ба ин, ҳаҷми умумии қисми даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад ба маблағи 18,3 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ зиёдтар аз 3,0 млрд.сомониро ташкил медиҳад.
Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ ҳамаи захираҳои молиявии давлатӣ, аз ҷумла маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ 3,4 млрд. сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 938,2 млн. сомонӣ, даромади ҷории Буҷети давлатӣ 13,6 млрд. сомонӣ ва грантҳо барои дастгирии Буҷети давлатӣ 348,0 млн.сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.
Ҳиссаи ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба 31,7 фоиз ва даромади ҷории он бошад, ба 24,1 фоиз баробар гардид.
Бояд зикр кард, ки ҳангоми банақшагирии даромади буҷет бо мақсади пешгирӣ намудани хавфи фискалӣ ва таъсири омилҳои берунӣ ба даромадҳои дохилӣ аҳамияти муҳим дода шуд. Афзоиши Буҷети давлатӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби даромадҳои ҷории буҷети давлатӣ ба маблағи 1056,0 млн.сомонӣ, ҷалби грантҳо ва қарзҳо — 1567,0 млн.сомонӣ, маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ — 156,6 млн. сомонӣ, грантҳо барои дастгирии буҷет — 248,0 млн.сомонӣ ба вуҷуд меояд.
Тавре зикр гардид, ҳангоми банақшагирии даромади буҷет таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти миллӣ ба инобат гирифта, бо мақсади пешгирӣ намудани хавфи фискалӣ ва таъсири омилҳои берунӣ ба даромадҳои дохилӣ аҳамияти муҳим дода шуд. Аз ин лиҳоз, нишондиҳандаҳои даромади буҷет аз ҳисоби андозҳо ва даромадҳои дохилӣ дар ҳаҷми умумии буҷет 1,3 банди фоиз зиёд гардида, аз ҳисоби андозҳои воридотӣ 1,3 банди фоиз кам карда шуд.
Вобаста ба ин, афзоиши даромади Буҷети давлатӣ нисбати соли ҷорӣ аз ҳисоби фаъолияти иқтисодии беруна, яъне андозҳои гумрукӣ 4,2 фоиз ё 182,2 млн.сомонӣ ва даромадҳои андозию пардохтҳои дохилӣ 10,2 фоиз ё 873,8 млн.сомониро ташкил додааст. Бо вуҷуди он ки вазни хоси мусоидати молиявӣ (субвенсия) дар соли 2016 нисбати даромади буҷетҳои маҳаллӣ 0,2 банди фоиз кам шуда бошад ҳам, ҳаҷми пардохти он ба буҷетҳои маҳаллӣ нисбат ба соли 2015 ба маблағи 67,6 млн. сомонӣ зиёд гардида, 876,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Дар соли 2016 ҳиссагузорӣ аз буҷетҳои маҳаллӣ ба Буҷети ҷумҳуриявӣ 1,1 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи соли ҷорӣ 299,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад. (Аз ҷумла афзоиши он дар вилояти Суғд – 57,5 млн. сомонӣ, шаҳри Душанбе – 215,8 млн. сомонӣ, шаҳри Ваҳдат – 4,2 млн. сомонӣ, шаҳри Роғун – 20,9 млн. сомонӣ, ноҳияи Рӯдакӣ -716,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.)
Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2016 дар доираи нишондиҳандаҳои даромад бо дарназардошти касри буҷет ба 0,5 фоизи ММД баробар гардида, нисбат ба соли ҷорӣ ба маблағи 3,1 млрд.сомонӣ афзоиш меёбад, ки ин ба 32,2 фоизи ММД баробар мебошад.
Дар доираи барномаи стратегии давлат дар лоиҳаи буҷет ҷиҳати маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шуда, ба ин мақсад 8,3 млрд. сомонӣ бо афзоиши 586,8 млн. сомонӣ равона мегардад. Аз ҷумла ба соҳаҳои маориф 3,1 млрд. сомонӣ бо афзоиши 227,6 млн. сомонӣ, тандурустӣ 1,3 млрд. сомонӣ бо афзоиши 59,4 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа 3,1 млрд. сомонӣ бо афзоиши 211,0 млн. сомонӣ, фарҳанг ва варзиш — 825,3 млн.сомонӣ бо афзоиши 88,8 млн. сомонӣ ва илм 76,6 млн.сомонӣ бо афзоиши 3,6 млн. сомонӣ равона карда мешавад.
Барои маблағгузории афзалиятҳои соҳаҳои реалии иқтисодиёт, аз ҷумла сохтмон ва барқарорсозии иншооти энергетикӣ, роҳҳои автомобилгард, дастгирии соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ ва инфраструктураи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмони дигар иншооти муҳими давлатӣ дар лоиҳаи буҷет 6,2 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла барои комплекси сӯзишворӣ ва энергетикӣ 4,1 млрд. сомонӣ бо афзоиши 2,1 млрд. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 864,5 млн. сомонӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ 430,2 млн. сомонӣ бо афзоиши 104,5 млн. сомонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ 661,8 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна дар буҷет барои Фонди дастгирии соҳибкорӣ 120,0 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Барои фаъолияти сиёсати берунии ҷумҳурӣ, нигоҳдории мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, таъмини бехатарӣ ва мудофиаи кишвар ва ҳиссаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар лоиҳаҳои инвеститсионӣ маблағҳои зарурӣ бо афзоиш пешбинӣ гардидаанд.
Дар давраи миёнамуҳлат барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани қарзҳои берунию дохилӣ дар соли 2016 барои хизматрасонии онҳо 1301,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои пардохти қарзҳои асосии берунӣ 853,6 млн. сомонӣ ва пардохти фоизҳо аз рӯи онҳо 270,3 млн. сомонӣ, инчунин хизматрасониҳои қарзи дохилӣ 177,6 млн. сомонӣ зарур мебошад.
Бо дарназардошти маҳдуд будани имконияти ҷалби қарз ва грантҳо аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва инчунин маблағҳои депозити Буҷети ҷумҳуриявӣ, дар лоиҳаи Буҷети давлатии соли 2016 барои хизматрасонии қарзи беруна 758,7 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосӣ 409,8 млн. сомонӣ ва фоизи қарзи асосии беруна 270,3 млн. сомонӣ ва қарзҳои дохилӣ 78,6 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар баробари ин, пардохти як қисми қарзи асосии берунӣ ба маблағи 443,8 млн. сомонӣ берун аз тавозуни буҷет пешниҳод гардидааст.
Умуман, ҷалби қарзҳои берунӣ бо кафолати давлатӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шудааст ва минбаъд қарзҳои берунӣ танҳо барои татбиқи барномаҳое, ки аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд, ҷалб карда мешавад.
Дар баробари ин, бо мақсади таъмини устувории молияи давлатӣ дар соли оянда касри буҷетро нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба андозаи 0,5 фоиз пешниҳод намудем. Касри васеи Буҷети давлатӣ бошад, дар соли 2016 ба 791,4 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои пардохти хароҷоти ҷории буҷет 288,6 млн. сомонӣ, барои қарзи асосии беруна 443,8 млн. сомонӣ ва барои қарзи дохилӣ 59,0 млн. сомонӣ муқаррар гардидааст, ки андозаи он ба 1,4 фоизи ММД баробар мегардад. Пӯшонидани онро бояд аз ҳисоби хусусигардонии моликияти давлатӣ, даромад аз фурӯши векселҳои хазинадорӣ, қарз ва грантҳои барномавӣ аз институтҳои байналмилалии молиявӣ ва аз рӯи созишномаи зерқарзӣ, депозити Буҷети ҷумҳуриявӣ, иҷрои барзиёдии даромад ва дигар манбаъҳо таъмин намоем.
Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Омилҳои имрӯзаи ноустувории системаи молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки оид ба пешгирӣ намудани таъсири онҳо ба иқтисодиёти кишварамон чораҳои зарурӣ андешем.
Бинобар ин, даромад ва хароҷоти лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018 аз рӯи фаъолияти имрӯзаи воқеии иқтисодиёт, таъмини рушди афзалиятҳои аввалиндараҷа ва имкониятҳои молиявӣ баҳогузорӣ ва таҳия гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо гарчанде мураккаб бошад ҳам, иҷрошаванда мебошанд.
Умуман, аз рӯи дархостҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳаҷми хароҷоти Буҷети давлатӣ қариб ба андозаи 30,0 млрд. сомонӣ баробар мегардид, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи воқеии буҷети пешниҳодшуда қариб 2,0 баробар зиёд буда, қонеъ гардонидани он дар як соли буҷетӣ мушкил мебошад. Вале дар солҳои оянда онҳо марҳила ба марҳила, вобаста аз афзалиятнокиашон, амалӣ хоҳанд гардид.
Дар раванди баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017 — 2018 дар кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор дархосту таклифҳои шумо оид ба зиёд намудани даромади буҷет, зиёд намудани хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ва кишоварзӣ, пешбинӣ намудани хароҷот барои таъмири муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои тиббӣ, роҳҳои маҳаллӣ ва иншооти коммуналӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, мукаммал ва оммафаҳм намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017 – 2018 пешниҳод гардиданд. Бояд зикр кард, ки ҳамаи таклифу дархостҳои шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон беғаразона буда, пеш аз ҳама, ба рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, беҳдошти сатҳи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани зиндагии аҳолӣ равона шудаанд. Қисме аз ин пешниҳодҳо дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017 – 2018 ба инобат гирифта шудаанд.
Ба ғайр аз ин, оид ба ворид намудани тағйирот ба моддаҳои алоҳидаи қонун таклифҳо пешниҳод гардиданд ва онҳо дар кумитаҳо ва ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд ва ворид кардан ё накардани ин тағйирот аз тарафи аъзои гурӯҳи корӣ ва намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ шарҳу эзоҳ дода шуд.
Қисми дигари пешниҳодоти шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон ҳангоми таҳия ва қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017 – 2018 ва дар рафти иҷрои буҷет ба инобат гирифта, оид ба амалӣ намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Дар охир мехостам зикр намоям, ки ҳамкории мо бо шумо дар раванди таҳия ва иҷрои Буҷети давлатӣ сол то сол устувору пурсамар гардида истодааст ва боварӣ дорам, ки дар оянда низ мо ин ҳамкориро боз ҳам вусъат мебахшем.
Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи шумо барои ҳамкории муфид изҳори миннатдорӣ намуда, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи пешниҳодшудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018-ро дастгирӣ ва қабул намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.
Шариф РАҲИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015 №323 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Бо мақсади баррасии ҳамаҷонибаи лоиҳа тартиб ва муҳлати муҳокимаи он дар кумитаҳо муқаррар шуд ва гурӯҳи мутахассисон аз намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари дахлдор сафарбар гардиданд.
Ҳамаи кумитаҳо бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори Ҳукумат лоиҳаро баррасӣ намуда, хулосаҳои худро ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия пешниҳод намуданд. Инчунин бо мақсади таъмини иҷрои талаботи моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаҳои худро оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» пешниҳод намуд, ки онҳо дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Санаи 11 ноябр бо иштироки вакилон ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи қонун баррасӣ шуд ва вазирону намояндагони дигари субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба саволҳои вакилон ҷавоб доданд.
Дар раванди муҳокимаи васеъ ва ҳамаҷонибаи лоиҳаи қонун вакилон фаъолона иштирок намуда, ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд. Инчунин оид ба беҳтар намудани раванди ташаккули буҷет ва таъмини истифодаи самараноки маблағҳои он пешниҳодҳо намуданд, ки қисман ба инобат гирифта шуданд ва қисман ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети навбатӣ ба инобат гирифта хоҳанд шуд.
Бояд зикр намуд, ки Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 ба нишондиҳандаҳои мак-роиқтисодӣ, аз ҷумла Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ бо афзоиши воқеӣ ба андозаи 7,0 фоиз ва маблағи 57,7 млрд. сомонӣ, меъёри таваррум дар сатҳи 7,0 фоиз ва қурби миёнасолонаи пули миллӣ нисбат ба як доллари ИМА 6,96 сомонӣ асос меёбад.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар Буҷети давлатӣ ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла: даромадҳои ҷорӣ, грантҳо ва қарзҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва қарзҳои дигари давлатӣ, инчунин маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба инобат гирифта шудаанд.
Ҳаҷми умумии даромади буҷет дар соли 2016-ум 18305,9 млн. сомониро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли 2015- ум 19,8 фоиз ё 3027,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ бошад, 18594,4 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли ҷорӣ 3052,0 млн. сомонӣ зиёд аст.
Сарфи назар аз мушкилиҳои мавҷудаи ташаккули он, дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шудааст. Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ дар соли 2016- ум 8328,1 млн. сомонӣ буда, нисбат ба соли ҷорӣ 581,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соли 2016 касри буҷети ҷорӣ нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 0,5 фоиз ё 288,6 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки пӯшонидани он аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷамъиятӣ ба маблағи 25,0 млн. сомонӣ, даромад аз фурӯши векселҳои хазинадорӣ 90,0 млн. сомонӣ, қарз аз Фонди АвруОсиёии стабилизатсия ва рушд 139,2 млн. сомонӣ, иҷрои барзиёдии нақшаи даромади буҷет, ҷалби маблағҳои қарзию грантии барномавӣ ва депозитҳои ҷумҳуриявӣ ба маблағи 34,4 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Албатта, вобаста ба вазъи бамиёномада дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва хусусан вазъи ногувори иқтисодиёти кишварҳои шарики тиҷоратии кишварамон ташаккули буҷет ва таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ каме мушкил мешавад. Масалан, агар мо ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ бо баҳодиҳии асъорӣ назар кунем, он соли 2016 нисбати соли ҷорӣ кам мешавад. Ин дар навбати худ, ба нишондиҳандаҳои дигари макроиқтисодӣ, ба монанди ММД ба ҳар сари аҳолӣ ва ҳиссаи қарзи берунии давлат дар ММД, ки бо асъори хориҷӣ баҳогузорӣ мешаванд, таъсири манфӣ мерасонад. Масалан, ҳиссаи қарзи берунӣ дар ММД аз 19,6 фоизи имсола то 27 фоиз афзоиш меёбад.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки кӯшиш ба харҷ диҳем то нишондиҳандаҳои буҷети соли 2016 босифат ва барзиёд иҷро гарданду рушди иқтисодиёти кишвар ва маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ таъмин гардад. Дар шароити вазнини иқтисодӣ таъмини истифодаи самараноктари маблағҳои буҷетӣ вазифаи дигарест, ки дар назди сохторҳои дахлдор ва мо — вакилон истодааст ва бояд аз уҳдаи иҷрои он бароем.
Баррасии хулосаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 нишон дод, ки аз ҷониби Палатаи ҳисоби ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои зиёде оид ба бартараф намудани камбудиҳо дар иҷрои буҷети соли 2014 ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст ва иҷрои онҳо бояд дар асоси нақшаи муайян таъмин карда шавад. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки оид ба ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда дар иҷрои Буҷети давлатии соли 2014 ва тавсияҳо ба лоиҳаи Буҷети давлатии соли 2016 то муҳокимаи парламентии навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбороти муфассал пешниҳод намояд.
Лоиҳаи қонунро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон даҳ таклиф пешниҳод намуданд. Аз таклифу дархостҳои пешниҳодшуда 6-тоаш қабул, 1-тоаш қисман қабул ва 3-тоаш қабул нашуд.
Дар охир ба ҳамаи шумо барои иштироки фаъолонаатон дар баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017- 2018 ташаккур мегӯем ва бовар дорам, ки онро ҷонибдорӣ менамоед.
Баъди шунидани маърӯзаҳои вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Абдусалом Карим ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи паҳлуҳои гуногуни лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017 — 2018» саволҳои зиёд манзур намуданд. Аз ҷумла Хайринисо Юсуфӣ — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, Абдуҳалим Ғаффоров – вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, Ҳилолбӣ Қурбонзода — вакил аз ҳавзаи интихоботии Данғара № 36, Олимҷон Сафаров– вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, Лутфия Раҷабова — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, Мирзодавлат Сабурзода– вакил аз ҳавзаи интихоботии Қумсангир №33, Мусаллам Қодирова– вакил аз ҳавзаи интихоботии Шаҳринав №6, Гулбаҳор Ашурова — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, Мавзуна Шарофиддинова– вакил аз ҳавзаи интихоботии Исфара №20, Амрихудои Дамдор – вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ дар бораи табобати ройгони беморони қанд, берун рафтани маблағҳои соҳибкорони тоҷик, дастгирии табақаҳои камбизоат ва кумак ба онҳо, имконияти воқеии Буҷети давлатӣ дар соли 2016 барои зиёд кардани музди маош, нафақа ва идрорпулиҳо, афзалиятҳои соҳаи тандурустӣ, сабабҳои кам шудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ҷудо кардани маблағҳо барои соҳилмустаҳкамкунӣ, обёрӣ кардани заминҳои нав, мувофиқи мақсад омода кардани мутахассисон дар гурӯҳҳои буҷетии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва таъмини онҳо бо ҷойи кор, ба нақша гирифтани талабот ба мутахассисон барои ихтисосҳои зарурӣ, манбаъҳои пурра кардани Буҷети давлатӣ бе зиёд кардани номгӯйи андозҳо, кам кардани воридоти автомашинаҳои қаблан истифодашуда, имкони ҷудо кардани маблағ аз Буҷети давлатӣ барои бунёди сардхонаҳо, озод кардани корхонаҳои алоҳида тариқи қабули тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи Буҷети давлатӣ оид ба пардохти баъзе намуди андозҳо, оид ба назорати истифодаи маблағҳои сарикасӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, сабабҳои коҳиш ёфтани ҷудо кардани маблағҳои инвеститсионӣ ба соҳаи тандурустӣ, сабаби иҷро нагардидани муқаррароти моддаи 45-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», ки мутобиқи он буҷетҳои шаҳрак ва деҳот бояд таври алоҳида қабул гарданд, омилҳои асосии зиёд шудани бақияпулиҳои андоз ва мутобиқи қонунгузорӣ муфлис эълон кардани корхонаҳои ба ин вазъ дучоромада саволҳо матраҳ карданд.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Абдусалом Карим, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Назризода Саидраҳмон, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Олимов, муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода ба саволҳои гузоштаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳои муфассал дода, як қатор масъалаҳоро шарҳу эзоҳ доданд.
РАИС: - Акнун ба муҳокимаи масъалаи мазкур шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев дода мешавад.
Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Ҳамаи мо хуб огоҳ ҳастем, ки дар замони соҳибистиқлолии давлатамон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки сол то сол вазъиятро ба эътидол оварда, аз соли 2000 ба рушди тадриҷии иқтисоди миллӣ оғоз намояд. Дар муддати кӯтоҳтарин, дар заминаи сиёсати дурандешона ва дурусти Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вартаи нестшавӣ ва фурӯ рафтани иқтисодиёт пурра баромад. Имрӯз мо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017- 2018-ро мавриди баррасӣ қарор дода истодаем, ки тибқи он ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад ба маблағи 18,3 миллиард сомонӣ ё 31, 7 фоизи ММД пешбинӣ гардидааст.
Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2016 низ ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиёт диққати махсус дода шудааст, яъне ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ дар соли 2016 нисбати соли 2015-ум 581,4 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад.
Дар Буҷети давлатӣ барои раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ дар соли 2016 маблағҳои зиёд аз ҳисоби лоиҳаҳои муштараки сармоягузорию грантӣ барои сохтмон, таҷдид ва таъмири роҳҳои хусусияти байналмилалидоштаи кишвар равона гардидаанд.
Барои рушди Комплекси агросаноатӣ низ нисбат ба соли ҷорӣ 104, 5 млн. сомонӣ зиёдтар маблағ пешбинӣ шудааст ва ин хеле хуб ҳаст, зеро айни ҳол зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишвар дар ин соҳа шуғл меварзанд.
Албатта, ҳамаи мо хуб медонем, ки таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017 -2018 кори осон нест, аз мутахассисони соҳа заҳмати зиёдро талаб менамояд. Ҳангоми таҳияи буҷети солона пешбинӣ намудан, ба истилоҳ ояндабинии буҷет бояд хеле дақиқ бошад. Лекин ин ҳам кори душвор аст ва барои ин давоми сол лозим меояд, ки ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳои зиёде ворид карда шаванд.
Иҷрои Буҷети давлатӣ ҳамасола зери назари Раиси Маҷлиси намояндагон ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар муҳлатҳои муайян оид ба масъалаи мазкур муҳокимаҳои парламентӣ гузаронида, аз ҷониби вакилон тавсияҳо пешниҳод карда мешаванд.
Вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!
Сарфи назар аз ҳама душвориҳои иқтисодии арсаи ҷаҳонӣ, геополитикӣ ва дохилӣ иқтисоди миллӣ рушд меёбад. Агар ба таърихи инкишофи Буҷети давлатӣ назар афканем, соли 2000-ум он 250 млн. сомониро ташкил медод. Ҳаҷми даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2016 бошад, нисбат ба соли 2000-ум 73 баробар зиёд мебошад. Ҳамаи ин танҳо рақамҳои холӣ набуда, шаҳодати паст шудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд шудани сатҳи накуаҳволии мардумро дар мамлакат нишон медиҳанд.
Шукронаи онро бояд кард, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Инро бори дигар офатҳои табиии рухдода дар манотиқи кӯҳистони кишвар исбот намуданд. Бо супориши Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳтарин осебдидагон бо хонаҳои замонавии дорои тамоми асбобу анҷоми рӯзгор, ҳатто компютер ва риштаву сӯзан пурра таъмин карда шуданд.Дар ноҳияи Шуғнон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагон, муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ба 82 хонавода, дар ноҳияи Мурғоб аз тарафи муовини Сарвазири мамлакат, муҳтарам Азим Иброҳим ба 12 хонавода ва дар ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон ва Ишкошим низ калидҳои хонаҳои навсохт супорида шуданд.
Як рӯз пеш бо супориши Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳолии ВМКБ, ки аз офатҳои табиӣ зарар дида буданд, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон даҳ намуди ниҳолҳои мевадиҳандаро ба миқдори 1200 бех барои бунёди боғҳо дар заминҳои наздиҳавлигиашон ройгон дастрас намуд.
Ҳамзамон Роҳбари давлат сиёсати иҷтимоӣ ва адолатпар-варонаро роҳандозӣ намудаанд, ки дар қисми 8 моддаи 5 -уми лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» омадааст:
«Дар соли 2016 воридоти ангишт аз беруни ҷумҳурӣ ба миқдори 7200 тонна барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеию ҳуқуқии ноҳияи Мурғоби ВМКБ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд».
Бо истифода аз фурсати муносиб, аз ин минбари баланд мехоҳам бо дархости интихобкунандагонам — сокинони ВМКБ барои кумакҳои ҳаматарафаи Давлат ва Ҳукумат ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ бори дигар ба Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аъзои Ҳукумат, аз ҷумла ба муовини Сарвазир муҳтарам Азим Иброҳим, ки бо супориши Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали ҳодиса то супоридани калиди хонаҳо ситодро роҳбарӣ мекарданд, инчунин ба тамоми мардуми ҷумҳурӣ сипосгузории мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро изҳор намоям. Бояд зикр кард, ки вакилони Маҷлиси намояндагон низ аз ин иқдоми нек дар канор набуданд.
Боварии комил дорам, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017 -2018 барои боз ҳам қавитар шудани иқтисодиёти мамлакат, беҳтар шудани некуаҳволии мардум мусоидат менамояд.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот дода мешавад.
Латифзода Рустам Барот: — Муҳтарам Раис, вакилон ва ҳозирини гиромиқадр!
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018»-ро пурра ҷонибдор аст ва аз вакилони гиромиқадр низ даъват дорем, ки барои қабули он овоз диҳанд.
Дастгирии соҳаи кишоварзӣ ба назари мо бисёр муҳим мебошад ва зимни таҳияи буҷети солҳои оянда бояд ба назар гирифта шавад.
Таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии расидан ба рушди устувори иқтисоди мамлакат муайян шудааст. Возеҳу равшан аст, ки он асосан ба соҳаи кишоварзӣ ва ташкилоту корхонаҳои комплекси агросаноатӣ вобаста аст.
Дар ҳаҷми ММД соҳаи кишоварзӣ ҳамасола 22-23 фоизро ташкил медиҳад. Наздик ба 74 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва бевосита ба пешбурди кишоварзӣ алоқамандии зич доранд. Аз ин лиҳоз, дастгирии соҳа, ки моҳияти бузурги ҳам иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ дорад, дар Буҷети давлатӣ бояд мақоми хоса дошта бошад.
Имрӯз таъмини молиявии иҷрои барномаҳои давлатии соҳа, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гаштаанд, кофӣ нест. Барои панҷ барномаи давлатии ниҳоят муҳими соҳа, ки соли 2016 низ идома меёбанд ва бояд иҷро шаванд, ҳамагӣ дар буҷет 1,2 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Мутаассифона, ин маблағҳо тахминан 5 млн. сомонӣ пешбинӣ нагардиданд, ки татбиқи барномаҳоро дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд мушкил мегардонад.
Масъалаи дигар ин дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар буҷети соли оянда маблағҳои барои Агентӣ ҷудошуда назар ба соли 2015 кам пешбинӣ шудаанд.
Зимни муҳокимаи васеи лоиҳаи қонун дар сатҳи Кумита зикр гардид, ки Агентӣ як қисми хароҷоти худро аз ҳисоби пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ бояд пӯшонад. Лекин вазъи пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ ба ҳамаи мо маълум аст. Соли гузашта ин пардохтҳо 44 фоизро ташкил доданд. Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ бошад, 32 фоиз. Албатта, ин сабабҳои объективӣ ва субъективии худро дорад ва онҳо бояд ҳалли худро ёбанд.
Вакилони муҳтарам хуб медонанд, ки нисфи заминҳои обии кишвар тавассути пойгоҳҳои обкашӣ бо об таъмин карда мешаванд. Барои як метри мукааб об тавассути насос дар баъзе ҳолатҳо то 0,7 кв/соат неруи барқ сарф мешавад. Имрӯз нархи як метри мукааб об 1,77 ва 1 кв/соат неруи барқ бо дарназардошти субсидия, 2,2 дирам мебошад. Яъне, пардохтҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ҳатто барои пӯшонидани неруи барқ басанда нест.
Маоши кормандони пойгоҳҳои обкашӣ низ паст мебошад. Аз ин сабаб аз кор рафтани мутахассисони соҳа, ки таҷҳизоти нодир ва мураккабро хизматрасонӣ мекунанд, мушоҳида мешавад. Дар соҳа масъалаҳои ҳалталаб зиёданд. Пойгоҳҳои обкашӣ ва хатҳои обёрӣ бояд мунтазам азнавсозӣ ва таъмиру барқарор карда шаванд.
Мо бояд ҳамасола заминҳои навро аз худ намоем, зеро имрӯз ҷумҳурӣ аз ҷиҳати таъмини замини обӣ ба ҳар сари аҳолӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи охир мебошад. Мушкилоти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ низ аз масъалаҳои мубрам мебошад, ки ҳалли фаврии худро тақозо доранд.
Дар буҷети соли 2016 андозбандии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (андози ягона) якҷоя бо андозбандии соҳибкории хурд, агар хато накунам, 92 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Шояд солҳои оянда муваққатан ё пурра ҳамчун тадбири ҳавасмандкунӣ ва дастгирӣ барои хоҷагиҳои деҳқонӣ андози мазкур аз байн бардошта шавад. Ин маблағ барои буҷет он қадар зиёд нест ва онро метавон аз ҳисоби дигар манбаъҳо пӯшонид. Лекин озод кардан аз ин андоз ҳамчун дастгирии давлатии кишоварзон омили ҷиддӣ шуда метавонад.
Бояд зикр намоем, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ мунтазам тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар баробари ин, бо дарназардошти мавқеи хос доштан дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз вазорату идораҳои дахлдор, ки бо сиёсати пулию молиявӣ сарукор доранд, хоҳишмандем, ки зимни таҳияи буҷет барои солҳои оянда ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
РАИС: — Сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳиддиниён Пӯлод Муҳиддин дода мешавад.
МУҲИДДИНИЁН Пӯлод Муҳиддин: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, то андозае мутавозун буда, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, даромади буҷет аз рӯи манбаъҳои даромад ва хароҷоти он дар ҳақиқат имрӯзҳо маҳдуд будани имкониятҳои молиявии Буҷети давлатиро нишон медиҳад. Ин ҳолат водор кардааст, ки ҳаҷми хароҷоти Буҷети давлатӣ дар баъзе соҳаҳо дар муддати кӯтоҳмуддат назар ба талабот камтар пешбинӣ карда шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи мураккаби зери таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар бавуҷудомадаро хуб дарк намуда, пеш аз ҳама, диққати аввалро дар лоиҳаи буҷети пешниҳодгардида ба афзалиятҳои муҳими стратегияи давлатидошта равона намудааст.
Дастгирии асосии Буҷети давлатӣ ба комплекси сӯзишворию энергетикӣ равона гардидааст ва бо амалӣ намудани барномаи рушди ин соҳа дар ояндаи миёнамуҳлат тараққиёти устувори иқтисодии ҷумҳурӣ таъмин гардида, манбаъҳои нави даромади Буҷети давлатӣ пайдо хоҳанд шуд. Ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ ҳадди ниҳоии хароҷоти соли 2016 дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ, ки имрӯз заминаи асосии рушди иқтисодиёт мебошад, 4069 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбати соли 2015-ум 104,2 фоизро ташкил медиҳад.
Баробари ин, ҷиҳати дигари хуби лоиҳаи буҷети пешниҳодгардида афзоиши нишондиҳандаҳои хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва варзиш мебошад. Мо бояд дарк намоем, ки имконияти имрӯзаи сарчашма ё манбаи даромади Буҷети давлатиамон бо дарназардошти ноустувории вазъи сиёсию иқтисодии кишварҳои асосии тиҷоратиамон ба инобат гирифта шудааст.
Буҷете, ки мо қабул менамоем, яксола бошад ҳам, дар лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида дар мавриди барзиёд иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷот тағйирот ворид намояд.
Бовари комил дорем, ки дар солҳои оянда бомуваффақият татбиқ гардидани як қатор созишномаву лоиҳаҳои инвеститсионии пешбинишуда ба рушди саноат ва инфрасохтори ҷумҳурӣ ва андешидани тадбирҳо, пеш аз ҳама, дар самти беҳгардонии муҳити соҳибкории хурду миёна, муҳайё намудани шароити муосири сармоягузорӣ, таъмини рақобати солим миёни истеҳсолкунандагони дохилӣ ва ғайра ба рушди устувори Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) мусоидат хоҳад намуд.
Аз ин хотир, аз вакилони муҳтарам хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018-ро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳанд.
РАИС: — Оид ба ҳамин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода дода мешавад.
МИРАЛИЁН Қиёмиддин Абдусалимзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!
Сараввал барои таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017 -2018, ки бо заҳмати зиёд ба даст омадааст, изҳори сипос менамоям.
Маблағи пешбинишуда барои соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва варзиш, ки соҳаҳои афзалиятноки кишвар мебошанд, 4,3 млрд. сомонӣ, ки баробар ба 21,9 фоизи Буҷети давлатӣ ва ё 7,1 фоизи ММД мебошад ва ҳамасола афзоиш дорад, боиси қаноатмандист. Танҳо маблағгузории соҳаи маориф дар панҷ соли охир аз 1,1 млрд. сомонӣ ба 3,1 млрд. сомонӣ расонида шудааст, ки ин афзоишёбӣ мутаносибан 182 фоизро ташкил медиҳад, яъне ҳудуди ду баробар зиёд гардидааст.
Дар ин соҳаҳо ва дигар соҳаҳои татбиқи Буҷети давлатӣ масъалаи муҳим сатҳу сифат ва рақобатпазирии хизматрасонӣ мебошад, ки атрофи он таваҷҷуҳи ҳозиринро мехостам ҷалб намоям. Мехоҳам хотирнишон созам, ки ҷомеаи мо иқтисоди бозоргониро пеша кардааст ва тамоми муносибатҳо бояд хусусияти рақобатпазирӣ ва сифатнокӣ дошта бошад.
Яке аз усулҳои муносиб дар роҳи ташкил ва афзоишдиҳии Буҷети давлатӣ ин сарфа ва амалисозии самараноки он ба ҳисоб меравад, ки дар навбати худ, ин нишондиҳандаҳо бо фароҳам овардани шароити рақобатнок ва ҷалби ҳар чӣ бештари субъектҳои татбиқкунанда имконпазир мебошад.
Татбиқи Буҷети давлатӣ бо усулҳои рақобатпазирӣ, ҳамзамон имкон медиҳад, ки воҳидҳои корӣ дар хизмати давлатӣ бомаром истифода гарданд ва онҳо бо шароити хуби корӣ, аз ҷумла моҳонаи муносиб таъмин карда шаванд.
Дар ин росто, айни замон дар кишвар механизми хариди мол, кор ва хизматрасонӣ амал мекунад, ки ду қисмати он, яъне хариди мол ва кор, рисолати худро иҷро карда истодаанд ва дар натиҷа субъектҳои онҳо, аз қабили ҷамъиятҳои саҳомӣ афзоиш доранд (аз 12107 адад дар соли 2010 ба 32201 адад дар соли 2015 зиёд гардидаанд).
Аммо қисмати сеюм — хизматрасонӣ таври зарурӣ татбиқи худро наёфта истодааст, зеро теъдоди субъектҳои он, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз 2800 адади соли 2013 ба 2392 адад кам гардидаанд. Ин дар ҳолест, ки теъдоди субъектҳои молрасон ва иҷрои кор нисбат ба хизматрасон даҳ маротиба зиёд мебошад ва афзоиш дорад.
Дар сурати ба роҳ мондани шароити рақобатпазирии хизматрасонӣ, аз ҷумла хариди давлатии хизматрасонӣ ва фармоиши иҷтимоии давлатӣ метавон самаранокии Буҷети давлатиро таъмин намуд, теъдоди субъектҳои дахлдорро, ки аз институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат мебошанд, зиёд гардонид, маблағҳои зиёди иловагиро аз ҳисоби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ, бахусус фондҳои байналмилалӣ ҷалб намуд, ҷойҳои кории иловагӣ фароҳам намуд, вақти корро сарфа ва сарбории хизматчиёни давлатиро сабук гардонид.
Яъне, дар умум истифодаи бомароми низоми хариди давлатии хизматрасонӣ худ манбаи муътамад дар ташкили Буҷети давлатӣ ба ҳисоб меравад.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Исмонов Саидҷаъфар Исмонович дода мешавад.
Саидҷаъфар ИСМОНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Чун дар гузориши раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017 -2018 муфассал шарҳ ва модда ба модда тавзеҳ дода шуд, дар бораи ҷузъиёти он бештар аз ин афзудан намехоҳам.
Маълум аст, ки лоиҳаи қонун аз ҷониби сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ хеле ҷиддӣ ва ҳамаҷониба, бо дарназардошти вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза ва имкониятҳои иқтисодии кишвар, тарҳрезӣ гардидааст. Лозим ба зикр аст, ки ҳар сол аҳолии кишвар қариб 2,5 фоиз зиёд мешавад, хоҷагии халқи ҷумҳурӣ рушд меёбад ва талаботи иҷтимоии мардум низ зиёд мешавад. Аз ин рӯ, буҷети соли 2016 аз буҷети соли 2015-ум 3,5 миллиард сомонӣ зиёдтар мебошад. Вале омилҳои берунаи ҷаҳони имрӯза метавонад ба иҷрои Буҷети давлатӣ таъсири манфӣ расонанд. Ин омилҳо метавонанд ба нархи маҳсулот, гардиши муомилоти моли дохилӣ ва дар ниҳоят, ба андозсупорандагон низ таъсир расонанд, зеро Тоҷикистон низ як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Вале дар ҳар вазъияту ҳолат, ба андешаи мо, Ҳукумат бояд уҳдадориҳои иҷтимоие, ки дар назди мардум дорад, иҷро намуда, оромиву суботро таъмин намояд. Аз ин лиҳоз, дар баррасии лоиҳаи қонуни мазкур мо якчанд пешниҳодҳо намудем, ки бояд манбаъҳои нав оид ба қисми даромади буҷет дарёфт карда шаванд. Аз қабили фурӯш, истеҳсол ва коркарди нӯшокиҳои спиртӣ, тамоку, сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ё монополияи давлатӣ карда шаванд ва ё андозбандӣ бамаротиб баланд бардошта шавад, зеро имрӯз қисми даромади Буҷети ҷумҳурӣ ниёз ба чунин даромадҳо дорад. Дар ҳолати ба кор даромадани ин механизм андозбандӣ дар тамоми соҳаи хоҷагии халқ ва инчунин боҷи гумрукӣ бамаротиб паст карда шавад, то ин ки тоҷирон зиёдтар фоида ба даст биёранд ва тиҷораташонро васеъ кунанд. Дар ин ҳолат ҷойҳои кории нав пайдо шуда, сафи андозсупорандагон низ зиёд мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон ба наздикӣ қароре қабул кард, ки минбаъд шахсони воқеӣ, ки аз хориҷи кишвар маблағу сармоя ба ҷумҳурӣ ворид мекунанд, сарчашмаи онҳоро метавонанд дар декларатсия нишон надиҳанд.
Ба андешаи ман, агар имкониятҳои иқтисодии дохилии кишвар самаранок истифода ва интизоми молиявӣ хуб ба роҳ монда шавад, Буҷети давлатӣ барзиёд иҷро мегардад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017 — 2018-ро дастгирӣ менамояд ва аз вакилони гиромӣ хоҳиш дорем, ки ба ҷонибдории он овоз диҳанд.
РАИС: — Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сироҷов Шарофидин дода мешавад.
Шарофидин СИРОҶОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018» аз рӯи ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, бо дарназардошти даромадҳои ҷорӣ, грантҳо, қарзҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ, қарзҳои дигари давлатӣ ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ташаккул ёфтааст.
Дар таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ аз рӯи афзоиши реалӣ ба андозаи 7,0 фоиз ба маблағи 57,7 млрд. сомонӣ, индекси дефлятори Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 6,1 фоиз ва меъёри таваррум 7,0 фоиз муайян карда шудааст.
Сиёсати Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоию иқтисодии Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани афзалиятҳои муҳими стратегии давлат, аз ҷумла барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар равона мегардад.
Самтҳои асосии даромади Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, дар асоси Кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки воридоти андозӣ ва ғайриандозиро ба танзим медароранд, муайян гардидаанд. Бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ, низоми андозбандӣ баҳри бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ, таъмини шаффофияти андозбандӣ, оммафаҳм ва сода намудани тартиби пардохти андозҳо, баҳисобгирии пурраи манбаъҳои андозбандӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои рӯйпӯшкунии андозҳо ва дар ин замина зиёд намудани даромади буҷет равона гардидааст.
Сиёсати хароҷоти Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, бо мақсади рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати некуаҳволии мардум, таъмини бхатарии давлат ва амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сифати таълим, ҳифзи саломатии аҳолӣ, баланд бардоштани хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт, нақлиёт, энергетика ва хоҷагии қишлоқ, ислоҳоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, мақомоти идораи давлатӣ ва ғайра равона карда мешавад.
Сиёсати иҷтимоии Буҷети давлатӣ асосан барои таъмини пурраи уҳдадориҳои давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани музди меҳнати кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа, пардохти идрорпулӣ, ҷубронпулӣ, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаю ташкилотҳо равона карда мешавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018 дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон мавриди муҳокима қарор дода шуд ва аъзои Кумита онро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.
Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Холиқов Ҳокимҷон Ҳикматуллоевич дода мешавад.
Холиқов Ҳокимҷон Ҳикматуллоевич:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018» дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, пешниҳодҳо оид ба такмили қонуни мазкур ба кумитаи масъул ирсол гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ дар соли 2016 ба 8333,5 млн. сомонӣ баробар буда, афзоиши он нисбат ба соли ҷорӣ 586,8 млн. сомонӣ (7,6 фоиз), яъне 44,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Дар Буҷети давлатӣ барои соли 2016 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 3098,0 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2015 ба маблағи 211,0 млн. сомонӣ ё 7,3 фоиз афзоиш ёфта, 16,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ва 5,4 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад.
Дар Буҷети давлатӣ барои соли 2016 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи тандурустӣ 1263,9 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба соли 2015-ум 59,4 млн. сомонӣ ё 4,9 фоиз афзоиш ёфта, 6,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ва 2,2 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад.
Дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии давлат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва тандурустӣ диққати махсус дода шудааст.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018-ро пурра ҷонибдорӣ намуда, аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қудратов Рустам Раҳматович дода мешавад.
ҚУДРАТОВ Рустам Раҳматович: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018-ро мавриди баррасӣ қарор дода, чунин мешуморад:
Сиёсати пешниҳоднамудаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоию иқтисодии Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани афзалиятҳои муҳими стратегии давлатӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт равона гардидааст.
Самтҳои асосии даромади Буҷети давлатӣ, ки дар асоси Кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки воридоти андозӣ ва ғайриандозиро ба танзим медароранд, муайян гардидаанд, қобили дастгирӣ мебошад.
Сиёсати иҷтимоии Буҷети давлатӣ дар соли 2016 асосан барои таъмини пурраи уҳдадориҳои давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани музди меҳнати кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа, пардохти идрорпулӣ, ҷубронпулӣ, кумакпулии иҷтимоӣ ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаю ташкилотҳо равона карда мешавад, ки он барои баланд бардоштани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд.
Дар таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла ММД аз рӯи афзоиши реалӣ ба андозаи 7,0 фоиз ба маблағи 57,7 млрд. сомонӣ, индекси дефлятори ММД – 6,1 фоиз, меъёри таваррум – 7,0 фоиз ва қурби миёнаи солонаи пули миллӣ нисбат ба 1 доллари ИМА 7,96 сомонӣ муайян карда шудааст, ки қобили дастгирӣ аст.
Бояд зикр намуд, ки дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шудааст, яъне, ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2016 ба 8328,1 млн. сомонӣ баробар буда, афзоиши он нисбат ба соли ҷорӣ 581,4 млн. сомонӣ ташкил медиҳад.
Ҷоизи зикр аст, ки асосноккунии касри буҷет дар ҳаҷми 288,6 млн. сомонӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он аз ҳисоби барзиёдии нақшаи даромади буҷет дар лоиҳа пурра асоснок шудаанд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018-ро ҷонибдорӣ менамояд.
РАИС: — Сухан оид ба масъалаи мавриди баррасӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.
Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Ба ҳама маълум аст, ки лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2016 дар вазъияте таҳия ва пешниҳод гардидааст, ки шиддатнокии таъсири буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, дигар омилҳои номатлуби хориҷи кишвар ба вазъи иқтисодии мамлакатамон паст нагардидааст ва эҳтимолияти давомнокии он дар ояндаи наздик то ҳол аз байн нарафтааст. Бояд зикр намуд, ки дар ин вазъият, сарфи назар аз мушкилиҳои ҷойдошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо кӯшиш доранд таъсири ин омилҳо камтар гардида, вазъияти иқтисодӣ муътадил нигоҳ дошта шавад.
Муҳокимаи лоиҳаи Буҷети давлатӣ назар ба солҳои пеш фарқ дошт ва баррасии он бо иштироки васеи намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор дар ҳар як кумита таври алоҳида ва баъдан дар ҷаласаи кумитаи масъул бо иштироки васеи намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ имконият дод, ки мо тавонем фикру андеша, саволу таклифҳои худро пешниҳод намоем.
Пеш аз ҳама, ҷолиб он аст, ки Буҷети давлатӣ мисли пештара моҳияти иҷтимоии худро гум накардааст ва имрӯз қариб 45 фоизи қисми хароҷоти он барои ин соҳа пешбинӣ шудааст. Боварии комил дорем, ки зиёд намудани ҳаҷми музди маоши кормандони соҳаи буҷет ва нафақапулӣ дар соли оянда амалӣ карда мешавад. Боиси дастгирист, ки манбаъҳои асосии даромади Буҷети давлатӣ дар соли 2016 на аз ҳисоби зиёд намудани намудҳои андоз ва афзоиш ёфтани ҳаҷми андозҳои мавҷуда пешбинӣ шудаанд. Вале пешбиниҳои лоиҳаи қонун моро водор месозанд, ки тамоми имкониятҳоро баҳри иҷрои он истифода барем.
Яке аз сарчашмаҳои асосии зиёд намудани қисми даромади буҷет ин истифода бурдани механизми тариқи Буҷети давлатӣ дастгирӣ намудани истеҳсолкунандагони ватанӣ мебошад. Имрӯз мо онро бо ду роҳ амалӣ карда метавонем. Бо роҳи аз тарафи вазорату кумитаҳои давлатӣ (ҳамагӣ нуҳ вазорату кумита) ҷойгир намудани фармоиши давлатӣ барои хариди молҳои саноатии ватанӣ, ҳамчунин ҳангоми амалӣ намудани расмиёти хариди мол, кор ва хизматрасонӣ аз тарафи ташкилотҳои буҷетӣ. Мутаассифона ба ин кор аҳамияти зарурӣ дода намешавад.
Хеле хуб мефаҳмем, ки масъалаи мазкур паҳлуҳои гуногун дорад. Рақобатпазирии молҳои ватанӣ, сифат ва арзиши онҳо аз ҳамон омилҳост. Дар ин маврид шояд як муддат мо зиён ҳам кашем. Вале он минбаъд имконият медиҳад истеҳсолкунандагони ватанӣ дастгирӣ ёбанд, пурқувват гарданд ва буҷетро ғанитар гардонанд. Шояд вақти он расидааст, ки хариди он молҳоро аз хориҷи кишвар, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ харидорӣ мешаванду вале дар Тоҷикистон истеҳсоли онҳо ба роҳ монда шудааст ва онҳо талаботи дохилиро қонеъ мегардонанд, расман манъ намоем. Иловатан шояд бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодӣ ва ҳимояи бозори дохилӣ, албатта, бо ба инобат гирифтани уҳдадориҳои байналмилалии давлатамон баъзе маҳдудиятҳоро ба муҳлати муайян тариқи қонун ҷорӣ намоем. Дар ин кор таҷрибаи дигар мамлакатҳо ба ҳамагон маълум аст ва он нишон дод, ки чунин амал дар сурати самаранок амалӣ кардан ба пешрафти саноати ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Ба ҳар ҳол, вазъияте, ки ҳиссаи саноат дар сохтори Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ сол аз сол кам шуда истодааст, бояд бартараф карда шавад.
Боиси тааҷҷуб аст, ки таваҷҷуҳ ба яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии мамлакат – пахтакорӣ солҳои охир кам шуда истодааст. Ҳол он ки аксарияти корхонаҳои саноатӣ маҳз бо коркарди он машғуланд. Дар соли оянда истеҳсоли пахта 33,3 ҳазор тонна ва дурнамои андоз аз фурӯши нахи пахта ба маблағи 29,5 млн. сомонӣ кам пешбинӣ шудааст. Маълум аст, ки пахта нисбат ба дигар зироатҳо бештар манфиатовар аст. Дар натиҷаи коркарди он то либоси тайёр қудрати иқтисодиаш то 12 -15 маротиба афзуда, даромад ба Буҷети давлатӣ 4-5 маротиба меафзояд. Аз хотир набарорем, ки дар мамлакат корхонаҳои нассоҷӣ бисёранд ва харидорони ин маҳсулот аз хориҷи кишвар кам нестанд. Аз ин лиҳоз, дар ин самт вазорату идораҳои дахлдор бояд чораҳо андешанд.
Мо бояд аз чораҳои зиёд кардани имтиёзҳои андозӣ даст кашида, рӯ ба кам кардани он оварем. То ҳол мо ба он ноил нагаштаем. Дар ин хусус фикру ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад. Дар ҳақиқат, баъзеи ин имтиёзҳо заруранд ва дар баъзе ҳолатҳо қисме аз онҳо самаранок ҳам ҳастанд. Вале худ як қазоват кунед: танҳо соли гузашта маблағи умумии имтиёзҳои пешниҳодшуда 3,6 млрд. сомониро ташкил дода, соли ҷорӣ он ба 4 млрд. сомонӣ мерасад. Имрӯз тариқи қонунҳо 240 номгӯйи имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд. Аз тарафи дигар, пешниҳодҳое ҳастанд, ки дар сурати ҷорӣ кардани чунин имтиёзҳо, пеш аз ҳама, бояд бартарияти бархӯрдории соҳаҳои истеҳсолкунанда ба эътибор гирифта шаванд на субъектҳои алоҳида. Дар ин маврид хуб мешуд, ҳангоми таҳияи буҷети соли 2017 иҷрои корҳои сохтмонӣ ва воридоти молу масолеҳ барои сохтмони корхонаҳои саноатие, ки ба коркарди ашёи хоми дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда машғуланд ва барои на камтар аз 1000 нафар коргарон пешбинӣ шудаанд, аз андозҳо аз арзиши иловашуда, аз фоида ва боҷи гумрукӣ озод шуда, механизми амалӣ шудани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намояд. Ин имконият медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шавад.
Вақти он расидааст, ки мо бояд барои пурзӯр кардани интизоми буҷетӣ тибқи қонун чораҳо андешем, алалхусус барои мақсаднок, самаранок истифода набурдан, сари вақт пардохт накардан, рӯйпӯш намудани андозҳо. Таҷриба нишон медиҳад, ки меъёрҳои амалкунанда ва механизмҳои мубориза зидди ин амалҳои номатлуб самаранок нестанд. Дар зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ тавре натиҷаҳои санҷиши Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон доданд, зарари молиявӣ дар ҳаҷми зиёда аз 307 млн. сомонӣ ошкор карда шуд. Аз тарафи дигар, бақияпулиҳои андоз сол аз сол зиёд шуда, (737млн. сомонӣ) имрӯз зиёда аз 25 фоизи андозсупорандагон дар қайди мақомот нестанд.
Бе пурзӯр кардани талабот дар ин ҷода мо ба натиҷаҳои назаррас нахоҳем расид.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018»-ро дастгирӣ менамоем ва аз шумо эҳтиромона хоҳишмандем менамоем, ки онро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафаров Бахтовар Амиралиевич дода мешавад.
САФАРОВ Бахтовар Амиралиевич: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Паҳлуҳои алоҳидаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» аз ҷониби вакилон ва шахсони масъул таври муфассал таҳлил шуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси нишондиҳандаҳои воқеӣ омода шудааст. Боиси фараҳмандист, ки ҳаҷми Буҷети давлатӣ сол то сол зиёд мешавад. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 18594,4 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ММД 32,2 фоизро ташкил медиҳад ва нисбат ба соли 2015-ум 3052,0 млн. сомонӣ ё қариб 20 фоиз зиёд мебошад.
Сарфи назар аз вазъияти мураккаби молиявии давлатҳои шарик ва умуман вазъияти бавуҷудомада, тамоюли иҷтимоӣ ва сиёсати иҷтимоии Буҷети давлатӣ барои соли 2016 нигоҳ дошта шудааст, ки ин имконият медиҳад уҳдадориҳои иҷтимоии давлат таври дахлдор иҷро гардад ва дар маҷмӯъ, сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар беҳтар гардад.
Мехостам ба мақомоти масъули давлатӣ, ки барои таъмини қисми даромади буҷет масъулияти бештар доранд, махсусан мақомоти андоз ва мақомоти гумрук тавсия диҳам, ки оид ба баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва молиявии андозсупорандагон, шахсоне, ки ба воридоти молу ашё машғуланд, масъулоне, ки ба барасмиётдарории гумрукӣ машғуланд, диққати ҷиддӣ диҳанд. Чунки аз фарҳанги ҳуқуқиву молиявии андозсупорандагон ва шахсоне, ки ба ворид кардани молу ашё машғуланд, иҷрои саривақтии қисми даромади Буҷети давлатӣ вобастагӣ дорад.
Аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018-ро дастгирӣ намоянд.
РАИС: — Таклиф ба миён омад, ки баромадҳо қатъ карда шаванд. Ҳоло лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018» мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда, пас аз он яклухт қабул карда мешавад.
Лоиҳаи қонун модда ба модда ба овоз монда, пас аз он яклухт қабул карда шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018» тасдиқ шуд.
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатии рӯзнома – Дар бораи лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016- 2018 оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Абдусалом Карим дода мешавад.
ҚУРБОНИЁН Абдусалом Карим: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар интегратсияи иқтисодиёти ҷаҳонӣ қарор дошта, дар робита ба ин дар ҷумҳурӣ ислоҳоти молиявию иқтисодӣ татбиқ гардида истодааст. Дар ин самт идоракунии самараноки қарзи давлатӣ хеле муҳим буда, он дар доираи «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» амалӣ мегардад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани қарзи берунаи ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ андешида, имрӯз ҷалби қарзҳо, пеш аз ҳама, барои таъмини афзалиятҳои муҳими иқтисодӣ, ки онҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, аз ҷумла раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мегарданд.
Дар натиҷаи чорабиниҳои андешидашуда қарзи беруна нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) сол то сол паст гардида, аз 108,2 фоизи соли 2000 ба 22,7 фоиз дар соли 2014 ва ба ҳолати ҳозира бошад, ба 19,5 фоизи ММД расид.
Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2018 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» таҳия гардида, ба баррасии шумо — муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст. Мақсади асосии Барнома баланд бардоштани самаранокии идора ва назорат дар самти ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Барномаи мазкур 48 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 49 созишномаҳои қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад. Азхудкунии маблағи умумии қарзҳои амалкунанда аз рӯи Барномаи пешниҳодгардида ба ҳолати 1 январи соли 2015 –ум 242,53 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар давраи миёнамуҳлат азхудкунии маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 864,58 млн. доллари ИМА пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла:
Азхудкунии маблағҳо:
то охири соли 2015 – 194,42 млн. доллари ИМА;
дар соли 2016 – 294,09 млн. доллари ИМА;
дар соли 2017 – 271,43 млн. доллари ИМА;
дар соли 2018 – 104,64 млн. доллари ИМА пешбинӣ гардидааст.
Ба Барнома қарздиҳандаҳои зерин дохил карда шудаанд:
- Бонки Умумиҷаҳонӣ – 17 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 16 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор доранд;
- Бонки Осиёии Рушд – чор созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо се созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор доранд. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин бонк 39,38 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад;
- Бонки Исломии Рушд – 17 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо даҳ созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин бонк 20,48 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад;
- Хазинаи Саъудии Рушд – ду созишномаи қарзии амалкунанда, ки ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин хазина 10,34 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад;
- Хазинаи Қувайтии Рушд – чор созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо ду созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин хазина 18,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад;
- Хазинаи Абудабӣ – як созишномаи қарзии амалкунанда, ки ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин хазина 7,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад;
- Хазинаи созмони давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) – ду созишномаи қарзии амалкунанда, ки ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин хазина 13,42 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад;
- Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – 32 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо 14 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин бонк 13,64 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад;
- Бонки Содироту Воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой – 11 созишномаи қарзӣ, ки аз онҳо ду созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда аз ин бонк 94,78 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад;
- Ҷумҳурии Франсия – як созишномаи қарзии амалкунанда буда, ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда 24,18 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад;
- Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ – се созишномаи қарзии амалкунанда, ки маблағи умумиаш 99,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад;
- Фонди зиддибуҳронии ИИАО – як созишномаи қарзӣ ба маблағи умумии 30,0 млн. доллари ИМА мавриди баррасӣ қарор дорад.
- Хазинаи сармоягузории иқлим – як созишномаи қарзии амалкунанда, ки маблағи умумиаш 10,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки бо беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои асосии кишвар ба монанди паст гардидани қарзи давлатӣ нисбат ба ММД (19,5 фоиз) ва сатҳи камбизоатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ранги сабз гузаронида шуда, ҷалби маблағҳои грантӣ аз ташкилотҳои байналмилалӣ мушкил гардидааст. Бинобар ин, моро лозим аст, ки ҳамасола барномаи мазкурро такмил дода, назорати самаранокии истифодаи маблағҳои қарзиро дар самтҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар дуруст ба роҳ монем.
Барнома аз рӯи тақсимоти соҳаҳои иқтисодиёт тариқи зерин таҳия шудааст:
- Бахши кишоварзӣ ва обёрӣ нуҳ лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки барои барқарорсозӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, таҷдиди системаи ирригатсионӣ, обёрии заминҳо ва рушди соҳаи пахтакорӣ равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 18,87 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ба 7,8 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда баробар мебошад;
- Бахши тандурустӣ панҷ лоиҳаи қарзии ба нақшагирифташударо дар бар мегирад, ки асосан ба рушди ибтидоӣ ва қисми заминавии соҳаи тандурустӣ равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағҳои ба нақшагирифташуда дар ин бахш 31,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад;
- Бахши маориф панҷ лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки барои дастгирии рушди бахши маориф, сохтмон ва таҷдиди мактабҳо равона шудааст. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 0,23 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ба 0,1 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда баробар мебошад;
- Бахши энергетика ва саноат, ки яке аз бахшҳои афзалиятноки кишвар ба ҳисоб меравад, 21 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад ва барои барқароркунии инфрасохтори дохилӣ ва дастгирии рушди тиҷорати байналмилалии захираҳои энергетикӣ равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 33,69 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ба 13,9 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда баробар мебошад;
- Бахши нақлиёт ва коммуникатсия 24 лоиҳаи қарзиро дар бар гирифта, барои таҷдид ва рушди низоми нақлиёти кишвар равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 181,42 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ба 47,8 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда баробар мебошад;
- Бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ 25 лоиҳаи қарзиро дар бар мегирад, ки барои барқарорсозии системаи обрасонӣ ва идораи партовҳои сахти маишӣ равона шудаанд. Ҳаҷми умумии маблағи азхудшуда дар ин бахш 8,31 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ба 3,4 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда баробар мебошад;
- Бахши ҳокимият ва идоракунии давлатӣ бошад, панҷ лоиҳаи қарзиро ба маблағи 81,0 млн. доллари ИМА барои дастгирии хароҷоти иҷтимоии буҷетӣ ва мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ ба нақша гирифтааст;
- Бахше, ки ба дигар бахшҳои иқтисодиёти кишвар дохил намешавад, се лоиҳаи қарзиро ба маблағи 70,00 млн. доллари ИМА барои ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ дар бар мегирад ва ҳоло мавриди баррасӣ қарор доранд.
Ҳамаи қарзҳои дар Барнома дарҷгардида имтиёзнок буда, барои давраи дарозмуддат аз 20 то 40 сол дода мешаванд. Меъёри фоизҳо аз 0,15 фоиз то 2,0 фоизи солонаро ташкил дода, давраҳои имтиёзнокӣ аз рӯи баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 5 то 20 солро дар бар мегиранд ва ҳамаи онҳо дорои зиёда аз 35 фоиз элементи грантӣ мебошанд.
Боварии комил дорем, ки татбиқ намудани Барномаи мазкур ба вусъат бахшидани рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишварамон ва расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мусоидат хоҳад намуд.
Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои дар Барномаи мазкур пешниҳодгардида ба рушди минбаъдаи иқтисодиёт мусоидат намуда, дар баробари ин имконияти зиёд намудани даромадҳои буҷетиро фароҳам меорад.
Дар охир барои ҳамкорӣ ва дастгирии доимиатон изҳори миннатдорӣ намуда, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2018- ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Салимзода Комил дода мешавад.
Комил САЛИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Барномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ва Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 — 2017 таҳия шудааст
Дар доираи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 ҷиҳати татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ 99.4 млн. доллари ИМА маблағҳои қарзӣ ҷалб гардиданд. Инчунин давоми соли 2014 — ум 14 созишномаи қарзӣ ба маблағи 350,41 млн. доллари ИМА, 1370,1 млн. юан ва 70,0 млн. евро ба имзо расонида шудааст.
Мақсади асосии Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2018 ин баланд бардоштани самаранокии назорати раванди ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ надодан ба андӯхти беназорати қарзи беруна мебошад.
Барномаи мазкур 48 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 49 созишномаҳои қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад. Азхудкунии маблағи умумии қарзҳо аз рӯи Барномаи пешниҳодгардида ба ҳолати 1 январи соли 2015 242,53 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Азхудкунии маблағҳо дар соли 2015 дар ҳаҷми 194,42 млн. доллари ИМА, дар соли 2016 — 294,09 млн. доллари ИМА, дар соли 2017 — 271,43 млн. доллари ИМА ва дар соли 2018 — 104,64 млн. доллари ИМА дар назар дошта шудааст. Ҳамаи қарзҳои зикршуда имтиёзнок буда, барои давраи дарозмуддат аз 15 то 40 сол дода мешаванд. Меъёри фоизҳо бошад, аз 0,15 то 2,0 фоизи солонаро ташкил дода, давраҳои имтиёзнок аз рӯи баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 5 то 20 солро дар бар мегирад.
Лоиҳаи Барномаро ҳама кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон панҷ таклиф пешниҳод намуданд, ки ҳамаи онҳо қабул гардиданд. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоем, ки Барномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои тасдиқи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Абдусалом Карим дода мешавад.
ҚУРБОНИЁН Абдусалом Карим: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст. Бояд зикр намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» аз соли 1994 мавриди амал қарор дошта, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй намебошад. Аз ин рӯ, лоиҳаи пешниҳодгардида бо мақсади ба танзим даровардани тартиб ва таъини нафақа ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳия гардидааст.
Агар аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои пардохти нафақаи сохторҳои қудратӣ дар соли 2005 — ум 8,8 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда бошад, дар соли 2010 ин нишондиҳанда ба 66,4 млн. сомонӣ ва дар соли 2015 ба 159,5 млн. сомонӣ баробар гардидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2005-ум 18 маротиба ва нисбати соли 2010-ум 2,4 маротиба афзоиш ёфтааст. Ба ҳисоби миёна афзоиши маблағгузорӣ дар як сол 15 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Аз як тараф зиёд гардидани маблағгузории нафақаи сохторҳои қудратӣ ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ (аз ҳисоби зиёд шудани андозаи музди меҳнат ва нафақа) вобаста бошад, аз тарафи дигар, ин сол аз сол зиёд шудани шумораи нафақагирони сохторҳои қудратӣ мебошад. Ба ҳолати имрӯза шумораи умумии онҳо зиёда аз 20 (бист) ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Айни замон, мувофиқи қонунгузории амалкунанда, хизматчиёни ҳарбӣ ҳангоми доштани 20 сол собиқаи хизматӣ, ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пайдо мекунанд. Ба хизматчиёни ҳарбӣ як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла таври имтиёзнок ҳисоб намудани собиқаи хизматии хизматчиёни ҳарбӣ татбиқ шудааст, ки як моҳи тақвимии хизмати онҳо 1,5 моҳ ё ду моҳи собиқаи хизматӣ ҳисоб карда мешавад. Аз ин ҳисоб, шумораи хизматчиёни ҳарбие, ки дар синни 38-40-солагӣ аллакай нафақагир мебошанд, хеле зиёданд. Ҳол он ки дар замони осоишта онҳо қобилияти кориро барои 5-10 соли дигарро доро мебошанд.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод менамояд, ки нафақа ба хизматчиёни ҳарбӣ ҳангоми доштани 25 сол собиқаи хизматӣ таъин ва пардохт карда шавад. Яъне, минбаъд хизматчиёни ҳарбӣ панҷ сол зиёдтар хизмат мекунанд.
Тибқи қонуни амалкунанда, ба хизматчии ҳарбӣ ҳангоми доштани 20 сол собиқаи хизматӣ ба андозаи 50 фоизи музди меҳнати он нафақа таъин карда мешавад ва барои ҳар соли иловагии хизмат се фоиз илова карда мешавад, вале на зиёда аз 80 фоизи музди меҳнат. Дар сурати ба муҳлати панҷ сол зиёд хизмат намудани хизматчии ҳарбӣ ба ӯ мутаносибан 65 фоизи музди меҳнат нафақа таъин карда мешавад ва барои ҳар як соли иловагӣ се фоиз илова мешавад то андозаи ниҳоии 80 фоизи музди меҳнат. Яъне, ислоҳоти мазкур андозаи нафақаи хизматчиёни ҳарбиро кам намекунад.
Ҳамчунин баъд аз қабули лоиҳаи қонун ба собиқаи умумии хизматии хизматчиёни ҳарбӣ собиқаи ғайринизомии онҳо ҳисоб карда намешавад.
Бо дарназардошти он ки аз музди меҳнати судяҳо ва кормандони прокуратура андоз ситонида мешавад ва ба фонди суғуртаи иҷтимоӣ андозҳои иҷтимоӣ пардохт мегарданд, дар лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод карда мешавад, ки ба судяҳо ва кормандони Прокуратураи генералӣ (ба истиснои судяҳои Суди ҳарбӣ ва Прокуратураи ҳарбӣ) нафақаи шаҳрвандӣ таъин карда шавад.
Ҳамчунин пешниҳод мегардад ба кормандоне, ки дар ташкилотҳои худмаблағгузори ҳарбикунонидашуда фаъолият менамоянд ва музди меҳнати онҳо аз ҳисоби ин ташкилотҳо пардохт карда мешавад, дар баробари дигар шаҳрвандон нафақа таъин карда шавад (Айни замон зиёда аз 2500 нафар аз Хадамоти давлатии «Муҳофиза» аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ нафақа мегиранд, ки дар як сол ба ҳисоби миёна 15 млн. сомониро дар маҷмӯъ ташкил медиҳад).
Лоиҳаи қонуни мазкур бо тамоми вазорату идораҳои низомии ҷумҳурӣ мувофиқа шуда, таклифу пешниҳодҳои онҳо пурра ба инобат гирифта шудааст. Аз ин рӯ, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мувофиқашуда (яъне, варианти басозишомада) пешниҳод карда шудааст.
Дар маҷмӯъ, қабули лоиҳаҳои пешниҳодгардида чунин натиҷаҳоро ба даст меорад:
- афзоиш ёфтани шумораи нафақагирони сохторҳои қудратиро пешгирӣ менамояд, ки ин сарбории Буҷети давлатиро кам мекунад;
- боиси нигоҳдории иқтидори кадрӣ ва кам намудани ҷойҳои кории холии сохторҳои қудратӣ мегардад;
- маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки аз ин ҳисоб сарфа мешавад, барои зиёд намудани маоши хизматчиёни ҳарбӣ равона карда мешавад.
РАИС: — Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович дода мешавад.
Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2015 № 232 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади мутобиқ намудан ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин ба танзим даровардани тартиб ва таъини нафақа ба хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 таклиф пешниҳод гардид, ки панҷ пешниҳод қабул, панҷ таклиф қисман қабул шуд ва панҷ пешниҳоди дигар қабул нагардид.
Тазаккур бояд дод, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015 №277 ҷиҳати такмил додан ба Кумита пас гардонида шуда буд. Кумита таклифу пешниҳод ва эродҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаҳои дахлдор ба лоиҳаи қонуни номбурда манзур шуда буданд, якҷо бо субъекти ҳуқуқэҷодкунанда мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода, лоиҳаи такмилдодашудаи қонуни мазкурро бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо барои баррасӣ пешниҳод менамояд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо — вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ба овоз монда, қонун қабул гардид.
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабул гардидани қонуни мазкур тасдиқ шуд.
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ дода мешавад.
АБДУЛЛОЗОДА Иброҳим Ғоибназарӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Маҳкамов, Лоиқзода Қ. Х. ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Абдуллозода бо мақсади такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ, интизоми давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар радифи татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 таҳия ва пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2015 №180 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ 48 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 23 таклиф қабул, 19 таклиф қисман қабул гардид ва шаш таклифи дигар қабул нашуд.
Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 29 октябри соли ҷорӣ иштирокчиёни он таклифҳои пешниҳодгардидаро муҳокима намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо ва эродҳои шумо, муҳтарам Раис, дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода, ҳамзамон бо мақоми ваколатдор мувофиқа карда шуд.
Аз ҷумла лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ карда, матни русии лоиҳа бо матни тоҷикӣ мувофиқ гардонида шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ буда, аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода дода мешавад.
МИРАЛИЁН Қиёмиддин Абдусалимзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Л. Н. Раҷабова, Н. И. Оқилзода ва Қ. А. Миралиён бо мақсади тақвият бахшидани меъёрҳои марбут ба танзими фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, методию амалӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти волонтёрӣ таҳия гардидааст.
Ин иқдом бо дарназардошти зарурати дар ҷараёни фаъолияти волонтёрӣ бавуқӯъомада пеш гирифта шуд ва он имкон медиҳад, ки:
• тамоми фаъолияти волонтёрии шаҳрвандон дар дохил ва хориҷи кишвар ба расмият дароварда шуда, ҳамоҳанг сохта шавад;
• ба волонтёр ҳамчун шахси фаъоли ҷамъиятӣ мақоми ҳуқуқӣ дода шуда, ҳуқуқҳои ӯ дар чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ ҳимоя карда шавад;
• фаъолияти волонтёрӣ дар доираи тавсияҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва таҷрибаи амалии кишварҳои пешрафта, инчунин дар самти муқовимат ба падидаҳои номатлуб, ба монанди экстремизм ва терроризм тақвият ёбад;
• барои ҳавасмандсозии шаҳрвандон ҷиҳати машғул гардидан ба фаъолияти волонтёрӣ шароит фароҳам гардад;
• саҳми бевоситаи волонтёрон ва ё самаранокии фаъолияти волонтёрӣ дар беҳдошти вазъи иҷтимоӣ — иқтисодии ҷомеа таъмин карда шавад.
Дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур усулҳои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, баррасии масъала бо гурӯҳҳои дахлдор ва омӯзиши таҷрибаи пешрафта дар шаклҳои гуногун истифода гардиданд.
Аз ҷумла:
1. Қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалии марбут ба фаъолияти волонтёрӣ, ҳамчунин таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар робита ба аҳамиятнокӣ ва манфиатнокии фаъолияти волонтёрӣ ба ҷомеа ва давлат мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуданд;
2. Бо дарназардошти муқоисаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ба имконот ва шароити иҷтимоию иқтисодии кишвар, бо намояндагони масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳои машваратӣ баргузор гардиданд.
Пас аз ин қадамҳо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» омода гардида, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2015, №134 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ирсол карда шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо ва эродҳо, 12 октябри соли 2015 дар маҷлиси васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба лоиҳаи қонун 58 таклифу пешниҳод манзур гардид. Пас аз баррасӣ 34 пешниҳод қабул, 18 пешниҳод қисман қабул гардида, шаш пешниҳод қабул нашуд.
Ҳамчунин лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқи таклифу эродҳои шумо, муҳтарам Раис ва аъзои Шӯро, ки зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2015 иброз гардида буд, такмил дода шуд.
Аз ҷумла мутобиқи сархати дуюми қисми 7 муайян карда шуд, ки дар ҷумҳурӣ вобаста ба танзим ва ҳамоҳангсозии соҳаҳои иттилоот, технологияи иттилоотӣ ва фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» (соли 2001), «Дар бораи иттилоот» (соли 2002), «Дар бораи ҳифзи иттилоот» (соли 2002) ва «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 1996) амал мекунанд.
Ҳамин тариқ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» бо чунин тағйиру иловаҳо омода гардид.
Дар моддаҳои 1, 7, 8, 10 ва 11 барои таври мутамарказ ҳамоҳанг сохтани фаъолияти волонтёрӣ, ки дар шароити Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардад, якчанд қисму сархатҳо илова карда, ба якчанд қисму сархатҳои дигар тағйирот ворид шуд (аз ҷумла ваколатҳо ва уҳдадориҳо вобаста ба таҳия, тасдиқ ва татбиқи Қоидаҳои бақайдгирии шахсони хоҳишманд барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян кардани мақоми ҳуқуқии волонтёр ва ғайра).
Дар моддаи 3 дар ҳамбастагӣ ба таҷрибаи байналмилалӣ ва таҳкими заминаҳои қонунгузорӣ масъалаҳои марбут ба мақоми ҳуқуқии волонтёр ва иштироки волонтёр дар барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ илова карда шуд.
Дар моддаи 6 меъёри марбут ба таъмини бехатарии фаъолияти волонтёр ҳангоми кор ва хизматрасонӣ илова гардид.
Дар моддаи 7, бо дарназардошти муваффақиятҳои кишварҳои дорои таҷрибаи амалӣ ва тавсияҳои ниҳоди байналмилалӣ якчанд масъалаҳои таҳкимбахшандаи механизми ҳавасмандсозӣ ва имконоти ҳуқуқӣ барои волонтёрон илова карда шуданд, аз ҷумла бепул истифода бурдан аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ, ғайр аз таксӣ.
Дар моддаи 11, бо дарназардошти тавсияҳо ва таҷрибаи байналмилалӣ, масъалаи таъсиси Шӯрои миллӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ илова гардид, ки он имкон медиҳад механизмҳои устувори татбиқи ин фаъолият баррасӣ гардида, дар сатҳи намояндагони масъули соҳаҳои гуногун, бахусус ҷомеаи шаҳрвандӣ, қарорҳои дахлдор қабул карда шаванд.
Дар моддаи 14 механизми мусоидаткунанда ба рушди фаъолияти волонтёрӣ дар маҳалҳо, аз ҷумла таъсиси марказҳо ва фондҳои волонтёрӣ илова гардид.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, дар доираи маблағҳои муайяне, ки ҳамасола дар Буҷети давлатӣ пешбинӣ карда мешаванд, амалӣ мегардад. Дар баробари ин, татбиқи босамари муқаррароти қонун метавонад ба манфиатҳои зиёди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа боис гардад. Бинобар ин, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби шумо — вакилони арҷманд дастгирӣ ёбад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонуни мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ